Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мегӯянд ҳар нафар, агар амали носазое карду виҷдони пок дошт, ҳатман виҷдон ӯро азият медиҳад.

Дар замони шӯравӣ агар шахсе назди дигарон ҳақ будани худро собит кардан мехост, қасам мехӯрд, ки «ба виҷдони коммунистиам қасам..., ё ба виҷдони комсомолиам қасам... ва ё ба виҷдони инсониам қасам...

Ҳоло, ки коммунисту комсомол, ҷойгоҳи худро комилан аз даст додаанд, мардуми калонсол ҳанӯз ҳам «ба виҷдони инсониам қасам...»-ро фаромӯш накардаанд.

Ҳамчунин агар касеро тӯҳмат кунанд ва он нафар ҳақ будани худро ҳатто дар додгоҳ собит карда натавонад, даст афшонда мегӯяд: «Ман дар назди виҷдонам пок ҳастам».

Феълан зиёд шунида мешавад, ки ин ё он гурӯҳи мардум «бевиҷдон» шудааст, яъне дар баробари дигарон носазо мекунад ва заррае пушаймонӣ надорад. Вале агар ҳар нафареро, ки дар рӯ ба рӯи наворгир суол кунӣ «оё гоҳо шуморо виҷдонатон азоб медиҳад?» ҳатман бо изҳори тасдиқ посухе меёбанд. Вале оё онҳо рост мегӯянд?

Ин аст, ки наворгири «Озодӣ» ҳамин суолро бо мардум дар миён гузошт ва дар навори видеоӣ пайдо кард, ки виҷдони мардум феълан бештар дар кадом маврид азияташон медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG