Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи як куштор ва эҳтимоли силсилаи мурофиаҳо дар Чин


Мурофиаи додгоҳии Гу Кайлай, ҳамсари яке аз раҳбарони бонуфузи ҳизбии Чин нӯҳ соат давом кард ва ӯ дар куштори соҳибкори бритониёӣ иқрор шуд

Мурофиаи додгоҳии Гу Кайлай, ҳамсари яке аз раҳбарони бонуфузи ҳизбии Чин нӯҳ соат давом кард ва ӯ дар куштори соҳибкори бритониёӣ иқрор шуд

Додгоҳи Чин ҳамсари яке аз сиёсатмадорони машҳури ин кишварро дар робита ба куштори соҳибкори британиягӣ ба марг маҳкум кард.

Додгоҳ Гу Кайлай - ҳамсари собиқ раҳбари ҳизби коммунисти шаҳри Чунсинро дар марги Нил Ҳейвуд, соҳибкори британиягӣ гунаҳкор эълон кард. Ҳукми эъдом ду сол таъхир дорад ва эҳтимоле вуҷуд дорад, ки баъди ду сол ин ҳукм ба ҳабси якумрӣ иваз карда шавад.

Гуфта мешавад, ки Гу Кайлай ба гуноҳи худ иқрор шудааст ва ҳатто изҳори таассуф кардаст. Аммо шубҳае нест, ки ин иқдом дигар ба Бо Силай, собиқ раҳбари ҳизби коммунисти шаҳри Чунсин кумак намекунад. Ӯро пеш аз пеш аз ҳама мақомҳо сабукдӯш карданд.

Додгоҳи Гу Кайлай ҳамагӣ як рӯз ҷараён дошт ва бо эътирофи гуноҳи айбдоршаванда анҷом шуд. Вакили мудофеъи ӯ, ки аз тарафи давлат таъин шудааст, гуфт, зерҳимояи худро дар ҷинояти куштор “масъул” медонад ва қарори додгоҳро ба чолиш намекашад.

Бо Силай бо ҳамсараш

Бо Силай бо ҳамсараш

Бинобар фарзияи гурӯҳи тафтишот, ҷасади соҳибкори британиягӣ Нил Ҳевуд моҳи ноябри соли гузашта дар як меҳмонхонаи шаҳр ошкор шуд. Дар ибтидо гуфта мешуд, ки Нил Ҳейвуд бар асари истифодаи миқдори зиёди алкоҳол ба ҳалокат расидааст. Фарзия марги иҷбории ӯ баъдан матраҳ шуд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишот хонаводаи Бо Силай ва Нил Ҳейвудро манофеъи тиҷорати муштарак ба ҳам оварда буд.

Гуфта мешавад, ки Гу Кайлай шарики британиягии худро бар пояии ихтилофоти молӣ куштааст. Тибқи баъзе маълумот Ҳейвуд ба хонаводаи Бо кумак кардааст, ки пулҳои худро аз кишвар ба хориҷ бубарад ва баъдан Гу Кайлайро мавриди "шантаж" қарор додааст. Гу Кайлай гуфтааст, ки дар байни писари ӯ ва Ҳейвуд ихтилофи молӣ ба миён омад ва ӯ кушторро ба хотири ҳифзи ҷони фарзандаш анҷом додааст.

Дар зимн, қазияи куштори соҳибкори британиявӣ тасодуфан, дар ҳоле ошкор шуд, ки собиқ сардори пулиси Чунсин, яке аз муборизони сарсупурдаи коррупсия аз Амрико тақозои паноҳандагӣ кард. То он замон параванди марги Нил Ҳейвуд баста ва хокистари ҷасади ӯ ба Британия фиристода шуд.

Дар ҳоле, ки мақомоти Чин ҷанбаи сиёсии ин қазияро рад мекунанд, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки қазияи Бо танҳо оғози кор аст ва ин матавонад ба мақомоҳои баланд рабт бигирад ва як силсила мурофиъаҳои дигарро ба миён биёрад.

Тирамоҳи имсол дар Чин Анҷумани ҳизби коммунисти кишвар баргузор мешавад ва дигаргуниҳои ҷиддие дар сатҳи олӣ интизор меравад. Бо Силай, ки талабгори яке аз мақомҳои баланд дар ҳизби коммунисти кишвар буд, дар фосилаи ҳудудан ним сол қабл аз баргузории анҷуман аз саҳна берун шуд.
XS
SM
MD
LG