Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷиддин мехоҳад мошини аз бобояш меросмондаро, ки 57 сол умр дорад, бо як нархи хуб фурӯхта, бо ҳамсараш ба Ҳаҷ раванд.

Тоҷиддин, сокини 57-солаи шаҳри Душанбе, ки солиёни дароз мошини тамғаи Победа М-20-и аз бобояш меросмондаро ҳифз карда буд, акнун мехоҳад онро фурӯхта, ба сафари Ҳаҷ равад. Аммо бо нархе ки ба он метавон аз канори шаҳри Душанбе хонаи якҳуҷрадор харид. Ва ё бо ин нарх мешавад аз мошинбозори Душанбе мошинҳои гаронарзиши сохти солҳои охир, ба монанди "Лексус", "БМВ X-6" ваё моделҳои хуби "Тойота" ё "Мерседес" харид.

Тоҷиддин мегӯяд, мошини "Победа"-ашро як нафар қаблан 21 000 доллар нарх кардааст, аммо вай бо ин нарх розӣ нашуда ва ҳоло бо омадани навбати сафари Ҳаҷ мехоҳад ҳарчӣ зудтар онро фурӯшад. Ҳатто акнун розӣ аст, ки каме бештар аз 20 000 доллар ҳам харидор пайдо кунад.

Ба гуфтаи Тоҷиддин, бо мошини "Победа", ки ҳамсоли худаш аст, ҳафт сол боз каму беш саворӣ мекунад. Бо сабаби он ки дар хона боз як мошини замонавии дигар ҳам дорад, ӯ гоҳ-гоҳе бо "Победа" хумори солҳои ҷавониашро мешиканад. Аммо вай мегӯяд, «агар масъалаи сафари Ҳаҷ намешуд, ҳеҷ гоҳ ин мошинро намефурӯхтам.»

Тоҷиддин дар ҳоле мошини 57-солаи мероси бобояшро ба фурӯш гузоштааст, ки дар чанд соли охир дар Тоҷикистон нархи мошинҳои қадима ҳарчӣ бештар боло меравад. Таваҷҷӯҳ ба ингуна мошинҳо ҳам, то ҷое мушоҳида мешавад, зиёд шудааст. Аммо асосан дар доираи маҳдуди коллексионерҳо.

Исломбой Хӯҷаев, сокини шаҳри Хуҷанд, мошини ГАЗ-21-и сохти соли 1969-ашро 10 000 доллар нарх мондааст. Аммо то ҳол касе мошини вайро нарх накардааст. Исломбой боз як чунин мошини аз аҳди Шӯравӣ монда ҳам дорад, ки мехоҳад бо 5 000 доллар фурӯшад. Аммо мошини дувумӣ, ба гуфтаи худаш, таъмирталаб аст, ки ҳатто роҳ ҳам намеравад.

Ҳаводорони мошинҳои қадимаи Шӯравӣ, мегӯянд, дар чанд соли охир арзиши чунин навъи мошинҳо хеле боло рафтааст. Ба гуфтаи онҳо, агар ду соли пеш нархи миёнаи ин навъи мошинҳо ҳудуди 4-6 ҳазор доллар буд, аммо ҳоло аз марзи 10 000 доллар ҳам убур кардааст. Як сайругашти маҷозӣ ба бозори мошинҳои Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетӣ ва эълонҳо кофист, ки нархи мошинҳои як замон овозадори Шӯравиро то ҷое маълум кунем.
Дар сомонаи интенетии Фара.тҷ, ки эълони хариду фурӯши мошинҳоро дар он нашр мекунанд, чанд мошини қадимаро ҳам ба фурӯш гузоштаанд. Ба ин бозори маҷозӣ мошинҳои сталиниву хрушёвӣ низ нисбат ба чанд вақти пеш зиёд «ворид» мешавад.

Ба таври мисол дар ин сомона як автомобили тамғаи ГАЗ-21-и сохти соли 1962 10 000 доллар нарх гузошта шудааст. Аммо ГАЗ-21-и навъи кӯҳгард 4000 доллар ва боз як чунин ГАЗ-21-и соли барориши 1961 5 000 доллар аст. Дар шарҳи мошини ахирӣ навишта шудааст, ки «мошин дар ҳолати хуб қарор дорад ва рангу дохили мошин аслӣ аст» ва боз аз нархи 5 000 доллар арзон ҳам карда мешавад. Дар ҳоле ки дар ин сомона нархи мошинҳои сатҳи миёна, ки аксари онҳоро тамғаи "Опел" ташкил мекунад чунин арзиш доранд.

Аммо дар ҳоле ки мошинҳои собиқадори Шӯравӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ҷои худро гарм кардаву обрӯ пайдо кардаанд, бобои Камол, ки дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Ёвон ба сар мебарад, мехоҳад мошини ГАЗ-21-ашро то 1000 доллар бифурӯшад. Айнан мисли ҳамон ГАЗ-21-е, ки Исломбой Хӯҷаев мехоҳад барои он дастикам 10 000 доллар бирӯёнад. Ба гуфтаи бобои Камол, мошини ГАЗ -21-ро худаш замоне харида буд, ки дар деҳаи онҳо ҳамагӣ 1 ё 2 мошини сабукрав буд. Аммо ҳоло азбаски фарзандони бобои Камол мошинҳои замонавӣ харидаанд, барои ГАЗ -21 дар ҳавлиашон ҷой тангӣ мекунад ва ГАЗ - 21 бояд акнун барои ҳамеша ҷойи худро барои мошинҳои замонавӣ холӣ кунад.
Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

ГАЗ -21-и бобои Камолро лӯлиҳое, ки машғули «мошин-бизнес» мебошад, чанде қабл 700 доллар нарх кардаанд, вале бобои Камол розӣ нашудааст.

Пас чаро нархи мошинҳои қадима дар музофот аз пойтахт, хусусан дар дасти тоҷирони касбии мошин ба маротиб фарқ мекунад?

Нуралӣ Ҷаъфарови 26-сола, ки ба ин навъи мошинҳо таваҷҷӯҳ дорад, мегӯяд, баъзе тоҷирони мошин аз деҳот, хусусан аз манотиқи дурдаст мошинҳои аҳди Шӯравиро бо нархҳои хеле арзон харида, бо тармими андак ба ҳаводорони ин навъи автомобилҳо гаронтар мефурӯшанд, зеро талабот ва нарх дар Душанбе фарқ мекунад. Ба гуфтаи Нуралӣ, баъзе тоҷирон чунин мошинҳоро аз музофот ҳатто бо кило, яъне ҳамчун оҳанпора мехаранд, ки барояшон табъан назар ба нархи бозор ба маротиб арзонтар тамом мешавад.

Аммо дар Душанбе бархе алоқамандони мошинҳои қадима омодаанд, ингуна мошинҳоро, ки як замон ҳаққи савориашро танҳо мансабдорони аршади ҳизби коммунисти вақт, аз ҷумла котибону обкому райкомҳо доштанд, дар баҳои 5,10 ва ҳатто 15 ҳазор доллар бихаранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG