Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои маъруф ҷойи "мошинбозор"-ро танг мекунанд


Дар муддати ду даҳаи охир орзумандони автомобил дар Тоҷикистон рӯ ба “мошинбозор” меоварданд, ки молаш ғолибан аз худравҳои истифодашуда ва дасти дуввуму саввум иборат аст.

Аммо акнун дӯстдорони мошин метавонанд мошинҳои тавлиди ширкатҳои маъруфи ҷаҳонро дар фурӯшгоҳҳои хосаи ин ширкатҳо харидорӣ кунанд.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе намояндагиҳои расмии ширкатҳои «Фолксваген» «Митсубишӣ» «Ҳундай» «Киа моторс» дари худро боз кардаанд ва дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ширкати «Тайота» ба ин саф бипайвандад. Ҳанӯз дар назди дарҳои оинабанди ин фурӯшгоҳҳо, кормандони он шуморо бо чеҳраи хандон пешвоз хоҳанд гирифт ва хоҳанд гуфт, ки ҳарчанд нархи мошин ин ҷо қиматтар аст, моле бароятон пешниҳод мешавад, ки замонат ва кафолат дорад.

Марям Ёрова, сармуҳосиби маркази «Фолксваген» дар Тоҷикистон мегӯяд, харидорони аслии мошинҳои ширкати онҳо, созмонҳои хориҷӣ ва афроди сарватманданд. Бояд гуфт «Волкс ваген» чорумин ширкат бузурги мошинсозӣ дар ҷаҳон аст, ки сар аз соли 2008 дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ин ширкат вобаста ба талаботи мардум ва фармоиш мошин ворид месозад. Хонум Ёрова мегӯяд, дар Тоҷикистон ба мошинҳои навъи Ҷип ва Поло талабот зиёд аст. Ва мошинҳои расмии ширкати «Фолксваген» дар Тоҷикистон ба фарқ аз дигар кишварҳо арзонтаранд.

«Мошинҳои маҳсулоти ин ширкат дар Тоҷикистон аз 17 то беш аз 100 ҳазор доллар арзиш доранд. Масалан мошине, ки мо ин ҷо 30 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштаем дар Маскав худи ҳамон то 60 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Нархи арзонтарин дар ҳамин кишвари мо аст. Худравҳое, ки аз ин ширкат харида мешаванд то 2 сол кафолат дорад ва харидор имкон дорад дар 2 ё 3 моҳи истифода онро ба ширкат баргардонад. Дар бозори мошинҳо барои харидор ҳеҷ кафолате дода намешавад ва бисёр вақт харидорон оварда инҷо мошини худро аз ташхис мегузаронанд, маълум мешавад, ки мошин дуздидашуда аст. Дар мо чунин хатарҳо вуҷуд надорад. Тавассути дастгоҳи махсус мошинҳо ташхис ва ҳолати онҳо муайян карда мешавад. Дида мешавад, ки мошин истифодашуда, ё дуздӣ ҳаст ё на»

Аммо Илҳом Афзалов, корманди ширкати «Мастерсҳаус», ки дар Тоҷикистон аз «Митсубишӣ» ва «Киа моторс» мошинҳои Ҷопонӣ намояндагӣ мекунад, мегӯяд, харидорони аслии ин ширкатҳо ҷавононанд. Ин ширкатҳо ҳам мисли дигар фурӯшгоҳҳои расмии мошин дар Тоҷикистон, моли худро ба хоҳишмандон дар шакли қарз пешниҳод мекунад. Ҷаноби Афзалов меафзояд, ҳоло ҷавонон бештар аз 2 навъи мошин, «Спортейҷ» ва «РИО» харид мекунанд, ки нархи ин худравҳо аз 13 ҳазор доллар шурӯъ шуда то ба 25 ҳазор доллар мерасад.

Илҳом Афзалов меафзояд: “Дар як моҳ тибқи нақша то 15 мошин ба фурӯш меравад. Ман фикр мекунам, ки то моҳи сентябр харидорон зиёд мешаванд, чун дар ин мавсим аксаран муҳоҷирон аз дигар кишварҳо ба ватан бармегарданд. Тибқи таҳлилҳое, ки ман дар бозори мошин гузаронидам, метавонам ба боварӣ том бигӯям, ки ҳарчанд дар солҳои наздик мошинбозор аз фаъолият нахоҳад монд, аммо мардум аксаран барои хариди мошини аврупоиву босифат ва дасти аввал ба мағозаҳои расмӣ мераванд. Чун онҳо ба тадриҷ ба моли беҳтару босифати арупоӣ бартарӣ медиҳанд”

Бояд гуфт, дар ҷаҳон махсусан дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ ҳодисаҳои қоҷоқ ё рабуда шудани мошин зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомоти Тоҷикистон ҳам чанде пеш аз ошкор шудани даҳҳо мошине хабар додаанд, ки аз Олмон рабуда ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Ба ақидаи аксарият, афзоиши фурӯшгоҳҳои расмии ширкатҳои мошинсозӣ дар Тоҷикистон, метавонад хавфи воридот ва фурӯши мошинҳои дуздиву тақаллубиро кам кунад.

Аммо ба андешаи Ҳайдар Шодиев, сармуҳарири маҷаллаи «Автостайл», ҳоло ин мағозаҳо наметавонанд бозори мошини Тоҷикистонро тағйир диҳанд, зеро ба қавли ӯ, мошинҳои дасти аввал хеле гаронанд ва барои аксар мардуми тоҷик дастнорасанд, бинобарин барои аксарият «Мошинбозор» чун нуқтаи аслии
харидуфурӯшӣ мошин боқӣ хоҳад монд: «Албатта он ҷо касе гуфта наметавонад, ки мошин дуздӣ аст ё на ва кафолат ҳам нест, аммо нарх, ки дастрас аст, мардум аз он ҷо харидорӣ мекунанд.»

Исматулло як ҷавони тоҷик, чанд сол боз орзӯ дорад, ки соҳиби худрави худ шавад. Вай мегӯяд, ба худравҳое, ки дар «Мошинбозор» ба фурӯш гузошта мешаванд чандон бовар надорад, вале барои харидани мошини дасти аввал ва бокафолати ширкатҳои маъруфи мошинсозӣ имконияташ намерасад.

Бинобарин ҳоло Исмат аз назди мағозаҳои фирмавии фурӯши мошинҳои хориҷӣ бо ҳавас гузашта, ҳар ҳафта барои дарёфти мошини нисбатан хуб, ба мошинбозор меравад: «Нархи автомашинаҳо дар ин мағозаҳо миёншикан аст. Ба ғайр аз табақаи якум ва сарватмандон дигар касе наметавонад аз ин ширкатҳо барои худ мошин бихарад. Бинобар ин, ҳоло фақат метавонем орзуи мошини наву дастнорасидаро кунему халос.»

Дар посух ба ин, намояндагони ширкати маъруфи мошинсозӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо афзоиши фурӯшгоҳҳои расмӣ ва рақобати солим дар ин бозор, мошинҳои наву дасти аввал ҳам тадриҷан арзонтар ва барои дӯстдорони мошинҳо дар Тоҷикистон дастрас хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG