Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳои фархорӣ мехоҳанд бо президент мулоқот кунанд


Занони фархорӣ дар Дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Занони фархорӣ дар Дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳе аз занони фархорӣ, ки муддати чанд соли ахир ба хотири дарёфти замин “дасту панҷа” мезананд, хостори ширкат дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар сафари қарибулвуқӯяш ба ин минтақа шуданд.

Субҳи имрӯз, ҷумъаи 6 ноябр ҳудуди 15 тан аз сокинони ҷамоати “Ватан”- и ноҳияи Фархор, ки аксарияташро занон ташкил медоданд, дар муроҷиати навбатиашон аз мақомоти ҳукумати ин ноҳия хостаанд, то монеи ширкаташон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нашаванд.

Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ояндаи наздик сафари корӣ ба бархе аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла, ноҳияи Фархор анҷом диҳад, ки ошноӣ бо вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинони ҷануби кишвар, дар меҳвари ин боздид хоҳад буд.

Дар оғози соли 2009 дар маҳаллаи Шаҳртеппаи ноҳияи Фархор мақомот ба 154 сокини ҷамоати "Ватан" 14,76 гектар заминро барои бунёди манзил тақсим карда буданд. Аммо баъдан мақомоти маҳаллӣ тақсимоти ин қитъаҳоро ба сабаби заминҳои обии кишоварзӣ буданашон ғайриқонунӣ дониста, пойдеворҳои бунёдкардаи сокинонро тахриб ва бунёди манзилро дар ин макон манъ карданд.

Тағойгул Алиева, зани 55-солаи сокини ҷамоати “Ватан”-и ноҳияи Фархор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “мо як гурӯҳ сокинон, ки 10 нафарамон зан буд, ба ҳукумати ноҳия рафтем ва муовини раис Камолов моро қабул кард. Аз ҳукуматдорон хоҳиш кардем, ки ба мо низ даъватнома диҳанд, то мо дар мулоқоти навбатии раиси ҷумҳур ширкат кунем ва арзамонро бигӯем. Аммо муовини раис гуфтанд, ки дар мулоқот бо раиси ҷумҳур ҷойи ин гапҳо нест. Меҳмонро ранҷонидан даркор нест”.

Ҳол он ки хонум Алиева мегӯяд, “ҳадафи мо аз ширкат дар мулоқот бо раиси ҷумҳур ранҷонидани вай нест. Балки мо садқаи Ҷаноби олӣ мешавем ва қадамашро болои дида мемонем. Муддати 6- сол аст, ки мо дар масъалаи гирифтани қитъаи замин мушкил дорем. Ба ҳама ҷо муроҷиат кардем, аммо касе натавонист ба доди мо бирасад. Ба ин хотир умеди мо танҳо ва танҳо аввал Худованд ва баъд Ҷаноби Олӣ аст.”

Хонум Алиева, ки дар дасташ даҳҳо номаи Додситонии кулл ва дастгоҳи президентро дорад, мегӯяд, “мансабдорон асноди заминҳои моро қалбакӣ меноманд ва мегӯянд, ин заминҳои обии кишоварзӣ аст ва як гурӯҳ авбошон моро фиреб карда, ҳамин заминҳоро ғайриқонунӣ ба мо фурӯхтаанд.”

Вале, ба таъкиди хонум Алиева, ин заминҳо ба онҳо дар ҳузури раиси қаблии ноҳияи Фархор тақсим гардида буд, на аз ҷониби «як гурӯҳ авбошон».

Ин хонум меафзояд, вай бар ивази 1800 доллари аз муҳоҷират фиристодаи фарзандонаш 16 сотих замин гирифта буд ва акнун, ки мақомот заминро пас гирифтанд, намедонад, пулашро аз кӣ ситонад? Ба қавли холаи Тағойгул, ҳоло онҳо фақат умед аз президентро доранд, ки ба доди онҳо бирасад.

Сайлонбӣ Салимова, зани солхӯрдаи нобинои 74-сола, сокини ҷамоати "Ватан"-и ноҳияи Фархор аст, ки мегӯяд, ҳамроҳи дигар аз занони фархорӣ борҳо бо пойҳои камҳаракату чашмони нобино аз Фархор то ба Душанбе омада ва дари чандин идораҳои ҳукуматӣ, ҳатто дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро кӯфтааст, аммо ба мушкилашон расидагӣ нашудааст.

Бинобар ин, ин зан мегӯяд, “умеди охирин, сафари раиси ҷумҳур ба ноҳияи Фархор ва мулоқоташ бо сокинон аст, ки мақомот ба вай ва дигар занон иҷозат бидиҳанд, то бо Эмомалӣ Раҳмон дидор ва арзашонро баён созанд."

Ба гуфтаи ин занон, ҳар кадоме дар оила аз 15 то 30 нафар ҳастанд ва ҳатто дар баъзе хонаводаҳо се-чор келин болои ҳам ба сар мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, дар як тамоси телефонӣ як масъули ноҳияи Фархор низ тасдиқ кард, ки субҳи имрӯз як гурӯҳ аз сокинон аз ҷамоати “Ватан” аз ҷониби муовини раиси ҳукумати ноҳия қабул карда шуданд, ки саъй хоҳад шуд, то ба мушкилоташон расидагӣ шавад.

Сафари қарибулвуқӯи раиси ҷумҳур ба Фархор, дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар тирамоҳи соли 2013, вақте раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо сафари пешазинтихобиаш ба Фархор омад, мақомот ба сокинони норозии ҷамоати деҳоти “Ватан” имкон надоданд, ки онҳо худро ба ҳузури ӯ бирасонанд ва арзашонро бигӯянд.

Сокинони аз заминҳои худ маҳрумшуда ба идораҳои мухталиф ва ҳатто то президент шикоят бурданд, вале баҳси ин қазия 6 сол аст, ки тӯл мекашад. Онҳо аз тариқи расонаҳо низ ба мақомот муроҷиат карданд, аммо аз додситонии кулл ва дастгоҳи президент мактуб гирифтаанд, ки асноди заминҳои онҳо қалбакӣ будааст.

Худи сокинон бар ин боваранд, ки як гурӯҳ, бо шумули мансабдорони вақти маҳаллӣ, онҳоро фирефта, заминҳоро ғайриқонунӣ ба онҳо фурӯхтаанд. Онҳо мегуфтанд, баҳои иштибоҳи мақомотро набояд мардум бипардозад.

XS
SM
MD
LG