Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби раҳоии Зайд Саидов дар ҳошияи як анҷумани сулҳ дар Маскав


Аксҳо аз Фейсбук

Аксҳо аз Фейсбук

Як гурӯҳи ҷавонони тоҷик дар Маскав футболкаҳо бо акси Зайд Саидов дар тан раҳоии ӯро аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи 5 июл дар ҳошияи анҷумани “Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи сулҳу оштӣ” дастикам 7 нафар бо чунин футболкаҳо дар назди маҳалли баргузориаш - қароргоҳи Федератсияи сулҳу оштӣ дар хиёбони Мири пойтахти Русия ҷамъ омаданд. Яке аз онҳое, ки бо шиорҳои "Озодӣ ба Зайд Саид!" дар футболкаҳо дар ин таҷаммӯъ зоҳир шуданд, ба Озодӣ гуфт, ин ягон иқдоми эътирозии аз қабл матраҳшудае набуд, балки онҳо танҳо мехостанд таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба сарнавишти Зайд Саидов, як узви собиқи ҳайъати мухолифин дар музокироти сулҳи солҳои 90 бо ҳукумат, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, ҷалб кунанд.



Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони маъруфи ин кишвар, рӯзи 19 май дар фурудгоҳи Душанбе баъди бозгашташ аз сафари Аврупо дастгир шуд. Мақомоти додситонӣ ва Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ӯро ба бисёрзанӣ, порагирӣ ва қаллобӣ айбдор мекунанд. Аммо Зайд Саидов ин иттиҳомотро радд мекунад. Ӯву тарафдоронаш мегӯянд, ин ҳама таъқибу боздошт ба азми ӯ барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад.

Зайд Саидов рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби нав хабар дод ва алакай моҳе баъд алайҳаш чанд парванда кушоданд.

Зайд Саидов соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифон раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, аз соли 2001 то аввали 2007 вазири саноат буд. Мақомот мегӯянд, ӯ дар давраи вазириаш даст ба фасод задааст.

Аммо дар анҷумани сулҳу оштӣ...

Федератсияи сулҳу оштӣ, собиқ Кумитаи сулҳ, як созмони ғайридавлатиест, ки дар Русия амал мекунад. Ин созмон анҷумани “Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи сулҳу оштӣ”-ро дар солгарди 16-уми имзои созишномаи сулҳ байни давлат ва мухолифини тоҷик ба хотири баҳси ҳусну қубҳи раванди сулҳ дар Тоҷикистон ва вазъи имрӯзаи ин кишвар ба вижа дар пасманзари эътирозҳои “Баҳори Араб” даъват кардааст.

Анатолий Адамишин, муовини собиқи вазири хориҷаи Маскав ва яке аз чеҳраҳои саҳим дар сулҳи байни тоҷикон ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз меҳмонони ин анҷуман буданд. Вале Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, раҳбари ҳаъйъати мухолифин дар музокироти сулҳ бо ҳукумат, ба гуфтаи як манбаъи Озодӣ, ба иллати маризии ҳамсараш аз сафар ба Маскав худдорӣ кардааст.

Анатолий Адамишин дар анҷумани Маскав гуфтааст, иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар поёни соли 1992 дар воқеъ иҷлосияи сулҳу оштӣ буд, вале “муттаассифона, баъд кор ранги дигар гирифт ва як ҷониб талош кард, то ҷониби дигарро пахш кунад. Ва ба ин далел мо маҷбур шудем тамоми талошамонро ба харҷ диҳем, то ин ду ҷониб – ҳукумат аз як тараф ва мухолифин аз тарафи дигарро пушти мизи музокирот бишинонем. Ин як вазифаи фавқулодда мушкил буд, чунки агар росташро бигӯем, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳеҷ сурат намехост ягон хел музокиротро шурӯъ кунад. Зеро ӯ мебоист дар натиҷа қудратро тақсим кунад. Билохира, чунин ҳам шуд, вале ин алакай масъалаи дигар аст, ки баъд он ҳама мансабҳоро аз мухолифон пас кашида гирифтанд.”




Оқои Адамишин гуфт, масъалаи дигари мушкилзо барои оғози музокирот розӣ кардани раҳбарони мухолифон дар Теҳрон Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода буд ва Маскав аз ҷумла худи ӯро барои музокира бо онҳо чанд бор ба Теҳрон фиристод. “Гузашта аз ин, онҳоро бояд розӣ мекардем, ки музокирот дар Маскав доир шавад,” – таъкид кардааст муовини собиқи вазири хориҷаи Русия.

Нахустин даври музокироти сулҳи тоҷикон моҳи апрели соли 1994 дар Маскав доир шуд. Созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифин, ки як нуқтаи асосиаш тақсими қудрат бо таносуби 70 ба 30 фоиз буд, низ 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG