Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳе, ки гуфта мешавад аз мусалмонҳои таҳқиршуда иборат буд, таблиғгарони музеи ишқу шаҳват ё эротика дар Маскавро лату кӯб кард.

Александр Донской, созмондиҳандаи музеи ишқу шаҳват дар Маскав дар блоги худ навиштааст, ки муассисаи фарҳангии ӯ дубора мавриди ҳуҷум қарор гирифт ва барои исботи каломи худ навори дурбинҳои назоратиро пешниҳод кардааст. “Дар ҳуҷум ду тан аз таблиғгарони музей осеби ҷисмонӣ дидаанд”, - гуфтааст ҷаноби Донской.


“Аввал ортодоксҳо ба сӯи музей хишт партофтанд, акнун мусалмонҳо се таблиғгари музеи “Ишқу шаҳват”-ро шадидан латту кӯб карданд. Магар худо, Библия, ва Қуръон ҳаминро тақозо мекунанд? Ин чизе бештар аз ифротгароии мазҳабӣ нест”, - гуфтааст Александр Донской.

Намояндаи музей ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст , ки бегоҳи рӯзи гузашта шаш марде, ки симои осиёӣ доштанд ба корманди музей, ки дар назди бинои “Ишқу шаҳват” бо ошноҳои худ сӯҳбат мекард, ҳуҷум карданд ва онҳоро шадидан латту кӯб намуданд. “Онҳо ҳамзамон мегуфтанд, ки фаъолияти ин муассиса таҳқири мусалмонҳо ва мухолифи Қуръон аст”, – гуфтааст ходими музей.

Матбуоти Русия аз қавли Донской менависад, ки мардҳои осиёӣ аз таблиғгарони “Ишқу шаҳват” талаб кардаанд, ки ба пахши коғазҳои таблиғотӣ хотима диҳанд, зеро ин мазҳаби мусалмонҳоро таҳқир мекунад. Аммо ба назар мерасад кормандони музей ба ҳарфи онҳо гӯш накарданд, ба кори худ идома доданд ва сахт шатта хӯрданд.

Музеи ишқу шаҳват бо номи “Точка G”, ки дар маркази Маскав ҷойгир шудааст, дар гузашта мавриди ҳуҷуми фаъолони мазҳаби православӣ қарор гирифт. Шаби 29 август гурӯҳе аз фаъолони ба гуфтаи Донской “ҷангиёни православӣ” бо хишт ба музей ҳуҷум карданд. Он вақт Донской гуфта буд “ҳеҷ кас ҳақ надорад бо таҳмили ақидаи худ ба ҷони дигаре таҳдид кунад. Имрӯз моро барои пуштибонӣ аз “Pussy Riot” муҷозот мекунанд, ба ҷони мо таҳдид мекунанд ва либоси раҳгузарҳоро медаранд, фардо инҳо маъбадҳоро хароб мекунанд ва атеистҳоро ба қатл мерасонанд. Ин экстремизми холис аст.”

Александр Донской аз Владимир Путин ҳамчун як кафили Қонуни асосии Русия даъват кард, ки ба ин ҷумбиши барои як кишвари дунявӣ нафратовар хотима гузорад.



XS
SM
MD
LG