Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон сандуқи вижае бо номи Фонди маблағгузории сабз таъсис ёфтааст, ки ба хонаводаҳо ва корхонаҳои хурд барои харидории асбобҳои гармидиҳӣ ва дастраскунандаи энержӣ, ҳамчунин барои хариди дару тиреза ва бомпӯшҳои гарминигоҳдоранда қарз медиҳад.

Рӯзи 20 ноябр дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи серӯзаи Лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” оғоз шуд, ки дар он беш аз 40 ширкату созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ ширкат доранд. Ин намоишгоҳ бо ибтикори вазорати молияи Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки осиёии рушд гузаронида мешавад. Масъулон ҳадафи онро дастгирии аҳолии деҳот арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи масъулони вазорати молия, лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” тавассути муассисаҳои хурди молиявӣ анҷом ёфта, ба хонаводаҳо ва корхонаҳои хурд барои харидан ва насб кардани асбобҳои гармидиҳӣ ва дастраскунандаи энержӣ, ҳамчунин хариди дару тиреза ва бомпӯшҳои гарминигоҳдоранда кумак мекунад.

Аҳлиддин Убайдуллоев, роҳбари муасисаи давлатии татбиқи лоиҳаи давлатии “Дастарӣ ба маблағгузории сабз” гуфт, ки ҳар як хонавода метавонад барои харидани таҷҳизоти зарурии гармидиҳӣ аз 200 то 5 000 доллар аз ин лоиҳа қарз гирад.

Вазорати молия Фонди маблағгузории сабзро бо дастгирии молии Бонки осиёии рушд ташкил кардааст. Ин ниҳоди молӣ барои иҷрои ин барнома ба Тоҷикистон 8,8 миллион доллар грант додааст.

“Фонди маблағгузории сабз ба ташкилотҳои хурди молиявӣ барои ташабусҳои сарфаҷӯии энержӣ қарз пешниҳод мекунад,“ – гуфт Аҳлиддин Убайдуллоев.

Тибқи ин лоиҳа, ташкилотҳои хурди молиявӣ аз маблағи барои ин фонд ҷудошуда қарз гирифта ва ҳамзамон ба хонаводаҳое қарз медиҳанд, ки барои хариди таҷҳизоти гармидиҳӣ ва ё асбобҳои таъмини энержӣи офтобӣ ба ёриҳои молӣ ниёз доранд.

Дар ин намоишгоҳ ташкилотҳое ҳам асбобу таҷҳизоти гармидиҳии худро ба намоиш гузоштанд, ки барои сарфа кардани энержӣ ва сӯзишворӣ равона карда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG