Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои шумориши оро дар ҳамапурсии Юнон нишон медиҳад, ки аксарияти мардуми ин кишвар, ба шартҳои Аврупо барои ироаи кумакҳои нави молӣ ҷавоби манфӣ додаанд.

Рӯзи якшанбеи 5 июл дар Юнон ҳамапурсӣ баргузор шуд ва аксарияти мардуми ин кишвар, ба шартҳои Аврупо барои ироаи кумакҳои нави молӣ ҷавоби манфӣ додаанд. Ба гузориши шабакаи телевизионии CNN, бо шумориши 88 дарсади оро, касоне, ки ба шартҳои кумакрасонҳои байналмилалӣ раъйи "не" доданд, 61 дарсадро ташкил медиҳанд ва 39 дарсади раъйдиҳандагон раъйи мусбат додаанд. Дар ин раъйпурсӣ ҳудуди 10 миллион нафар ширкат карданд.

Кумаккунандагони байналмилалӣ, яъне Кумиссиюни Аврупо, Сандуқи Байналмиллалии Пул ва Бонки марказии Аврупо пофишорӣ доранд, ки Юнон ин қарзҳоро бигирад. Ин раъйдиҳиро ҳафтаи гузашта эълон карданд, зеро чанд рӯз пеш аз он, Сандуқи Байналмиллалии Пул гуфт, ки Юнон қарзҳои худро пардохт карда наметавонад. Шарту шароити онҳо аз як тараф додани қарзҳои нав ба Юнонро пешбинӣ мекунад, вале аз тарафи дигар барои додани чунин қарзҳо сиёсати ояндаи иқтисодии ҳукумати Юнонро маҳдуд месозад.

Гурӯҳи гуфтугӯкунанда бо давлати Юнон пеш аз ин ҳушдор дода буданд, ки раъйи "не"-и мардуми Юнон ба шартҳои кӯмаккунандагони байналмилалӣ, ба маънии хуруҷи ин кишвар аз ҳавзаи пулии евро хоҳад буд. Ҳукумати Юнон аз мардуми ин кишвар хоста буд, то ба ҳамапурсӣ раъйи "не" бидиҳанд.

Пас аз муъайян шудани натиҷаи ҳамапурсӣ низ, Алексис Тсипрас-нахуствазири Юнон аз мардуми кишвараш ба хотири раъйи "не" ба шартҳои пешниҳодии кӯмаккунандагони байналмилалӣ ташаккур кард ва гуфт, ки "демократия таҳдид намешавад". Ӯ дар айни ҳол аз тамоюли Юнон барои идомаи гуфтугӯҳо хабар дод, аммо афзуд, ки "ин бор масъалаи қарзҳо рӯи мизи музокирот хоҳад буд."

Дар ҳоле, ки нахуствазири Юнон аз мардуми кишвараш барои "интихоби шуҷоъона"-и онҳо ташаккур кардааст, муовини нахуствазири Олмон гуфтааст, ки ҳукумати Юнон мардуми худро "ба даруни роҳе аз ноумедӣ" раҳнамун кардааст. Доналд Таск, раиси Иттиҳодияи Аврупо низ аз баргузории нишасти фавқулоддаи шӯроҳои ҳавзаи евро дар рӯзи сешанбе дар вокуниш ба натиҷаи ҳамапурсии Юнор хабар додааст. Ин хабар пас аз он эълом шуд, ки Фаронса ва Олмон -- бузургтарин қудратҳои иқтисодии ҳавзаи евро хостори баргузории ин нишаст шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG