Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Ноиби раҳбари "Ал-Қоида" дар Сурия кушта шуд


Ҳавопаймои бесарнишини Ийолоти Муттаҳида.
Ҳавопаймои бесарнишини Ийолоти Муттаҳида.

Дар пайи ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Ийолоти Муттаҳида дар шимолу ғарби Сурия, ноиби раҳбари гурӯҳи террористии "Ал-Қоида" Аҳмад Ҳасан Абу ал- Хайр ал-Масрӣ кушта шуд.

Ба гуфтаи The Guardian ал-Масрӣ рӯзи якшанбе ба ҳалокат расид. Рӯзи душанбе Пентагон тасдиқ кард, ки дар ин минтақаи Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод, аммо ҳадафи ҳамлаҳоро шарҳ надод."Ҷабҳаи Фатҳ аш- Шом" - гурӯҳи наздик ба идеоложии "Ал-"Қоида", ки Масрӣ ба он шомил буд, марги ӯро тайид кард. "Ҷиҳодиҳо"-и алоҳида низ ин хабарро тасдиқ карданд.

Моҳи январ Пентагон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ду раҳбари "Ал-Қоида" - Муҳаммад Ҳабиб Буссадун ал-Тунисӣ ва Абдул Ҷалил ал-Муслимӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG