Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон парвози Тошканд-Душанберо аз сар мегирад


Ҳавопаймои ширкати "Ҳаво Йулларӣ"-и Узбакистон.
Ҳавопаймои ширкати "Ҳаво Йулларӣ"-и Узбакистон.

Узбакистон гуфт, ки парвозҳо аз Тошканд ба пойтахти Тоҷикистон - Душанбе, моҳи апрел оғоз мешаванд.

Ин парвозҳо, ки қарор аст пойтахти ду кишварро баъди таваққуфи 25 сола ба ҳам бипайванданд, рӯзи 4 апрел аз сар гирифта мешаванд ва парвозҳоро ҳафтае ду маротиба Airbus A-320 анҷом медиҳад. Дар ин бора ширкати ҳавонавардии Узбакистон "Ҳаво Йулларӣ" хабар додааст.

Дафъатан маълум нашудааст, ки вақти парвози ширкати "Сомонэйр"-и Тоҷикистон кадом хоҳад буд. Парвози "Сомонэйр" аз Душанбе ба Тошканд, ду дафъа ба гуфтаи мақомоти Узбакистон "ба иллати омода набудани санадҳои ҷониби Тоҷикистон" лағв шуд. Ба думбол, баъзе мақомдорҳои ширкат аз вазифа сабукдӯш шуданд.

Аз соли 1992 ба ин тараф дар байни ду кишвар парвозҳои мулкӣ сурат нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG