Пайвандҳои дастрасӣ

​Сокинони ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом баъд аз пур шудани қабристони пешинаашон ба қитъаи нав эҳтиёҷ доранд. Онҳо аз мақомот хостаанд, замини бозори назди қабристонро дар ихтиёри онҳо гузоранд.

Сокинони ҷамоати “Пӯлодон”-и шаҳри Конибодом аз мақомот талаб доранд, замини бозореро, ки дар наздикии қабристони маҳаллаашон ҷойгир аст, дар ихтиёри онҳо гузорад. Онҳо иддао доранд, бозор дар замини мутааллиқ ба гӯристони ҷамоат сохта шуда ва бояд баргардонда шавад.

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, як сокини ҷамоати “Пӯлодон”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қабристони пешинаашон пур шудаву онҳо ба қитъаи нав эҳтиёҷ доранд. Ӯ гуфт, дар ин бора ба мақомоти шаҳри Конибодом ва дигар масъулон дар вилояти Суғду ҳукумати марказӣ нома фиристода, аммо ҳанӯз ҷавоби мусбат нагирифтаанд. Дар ҳоле ки ба қавли Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, “дигар барои дафн ҷой нест. Ба қарибӣ чор нафар вафот карданд ва мо маҷбур шудем, онҳоро дар гӯристони ҷамоати дигар ба хок супорем. Ҳоло ҳама мушкил як тараф, касе мурд, наздиконаш аз пайи ёфтани ҷо барои дафн мешавад.”

Дар Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳистон аст, ҳар ваҷаб замин арзиши ба қавле тилоро дорад ва ҷудо кардани замин барои сохтмони корхонаҳову дигар иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла қабристон, танҳо бо иҷозаи вижаи ҳукумат сурат мегирад. Дилбархон Холматова, раиси ҷамоати “Пӯлодон”, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир сокинони ду маҳаллаи ин ҷамоат -- Таги Мадраса ва Масҷиди Сурх ба қабристони нав ниёз доранд. Ин масъули ҷамоат гуфт, “ҳарчанд ҳукумат барои сокинон заминҳои ғайрикишоварзиро пешниҳод кард, вале онҳо қабул накарданд. Чунки масофа то қабристон чандин километр дур мешавад.”

Бозори “Пурфайз”, ки сокинони Конибодом онро “Бозори Панҷшанбе” ҳам меноманд, дар нимаи дуюми солҳои 90-уми қарни гузашта дар замини паҳлӯи қабристони маҳалла сохта шудааст. Дар замине, ки сокинони маҳаллӣ онро мутааллиқ ба қабристони маҳал донанд. Вале Ҳоҷибурҳон Баҳромов, раиси бозор дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз замони Шӯравӣ он ҷо бозор вуҷуд дошт ва ӯ дар як музояда онро соҳиб шуд. “Ин бозорро ман таъсис надодаам, он ҷо бозор буд. Ман онро харидам. Ҳоло ин моликияти шахсии ман аст. Гапи ба қабристон табдил додани он ки пайдо шуд, ман сертификати истифодаи замини бозорро дар оинаи тирезаи бозор часпонда мондам”,-мегӯяд Баҳромов.

Раиси бозори “Пурфайз” афзуд, бо ин вуҷуд ба ҳалли мушкили сокинон бетараф нест ва ҳар ёрие, ки аз дасташ меояд, дареғ нахоҳад дошт. Худи сокинони ҷамоат низ аз ӯ ба унвони “соҳибкори дасткушод” ном мебаранд ва мегӯянд, барои қабристони маҳаллаи Зарбеди ҷамоат бо маблағи худ як айвон низ сохтааст.

Ҷамоати “Пӯлодон”-и ноҳияи Конибодом 32 ҳазор аҳолӣ дорад. Сокинони 5 деҳаи ин ҷамоат, ҳудуди 15 ҳазор нафар мурдаҳои худро дар қабристони ҳоло пуршудаи Таги Мадраса дафн мекунанд. Зимнан, дар соли гузаштаи 2014 дар ин ҷамоат ҳудуди 800 кӯдак чашм ба олам кушода, 136 нафар дунёро падруд гуфтаанд. Раҳматулло Боқиев, раиси кумитаи заминсозии ҳукмати шаҳри Конибодом гуфт, ҳоло мақомоти маҳаллӣ ба ҳалли мушкили сокинон талош доранд: “Мо ба қарибӣ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дастур гирифта будем, ки барои қабристонии маҳаллаҳои Таги Мадраса ва масҷиди Сурх мутаносибан 2 ва 1 гектар аз заминҳои ғайрикишоварзӣ ҷудо кунем. Аммо сокинон “роҳ дур мешавад” гуфта, қабул надоранд. Ман ҳозир дар Душанбе ҳастам ва дархостномаи нави сокинон дар дастам, албатта, боз ба мақомоти масъули ҷумҳурӣ муроҷиат мекунам, ки оё дар ҷои наздиктар ҷой пайдо кардан мешавад ё не.”

Мушкили гирифтани замин барои сохтани қабристони нав танҳо хоси Конибодом нест. Ин мушкил солҳои охир дар вилояти Суғд доғ шудааст. Дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара низ моҳи декабри соли гузашта мақомот алайҳи 2 сокин, ба шумули имом - хатиби як маҳаллаи ин ҷамоат, ки порае аз замини қабристони маҳалларо ҳамвор карда, кишт кардаанд, барои “бе иҷозати мақомоти дахлдор” истифода кардани замини қабристон бо иттиҳоми “таҳқири мурдагон” парванда боз карданд. Аз ин пеш, як баҳси ҳамроҳ кардани порае аз замини як мактаби миёна дар ноҳияи Айнӣ ба гӯристон расонаӣ шуда, боиси баланд шудани сару садоҳо миёни сокинон шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG