Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯри №... Рақамгузорӣ ба ҷои сангу сағона. ВИДЕО


Шӯъбаи дафн дар шаҳри Хуҷанд амр додааст, ки дар қабристонҳои маркази вилояти Суғд ба ҷои сангу сағонаи болои мазор рақам гузоранд. Мақомот гуфтанд, ки ин амр барои ҷилавгирӣ аз зуд фурӯ рафтани гӯрҳо ва ба ҳошия рондани сабқати эълоннашудаи мазори дорову камбағал содир шудааст. Абдушукур Ашӯров – сардори шӯъбаи дафн дар Хуҷанд – рӯзи 14 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "нишонаи фулузӣ, ки ба он рақам навишта шудааст, нишонаи асосии қабр мешавад. Ин рақам ба соҳибонаш маълум мекунад, ки дар он кӣ ва кай дафн карда шудааст."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Гӯри №... Рақамгузорӣ ба ҷои сангу сағона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Ҳоло ба ман муҳим аст, ки қабри онҳоро обод кунам. Нишона ва рақам мегузорем, ё аз нав сағона мебардорем, фарқ надорад. Фақат қабрҳо гум нашавад.
Шариф, як сокини Хуҷанд

Ӯ гуфт, солҳои охир баъзе аз сокинон барои ёфтани қабри пайвандони худ ба онҳо муроҷиат мекунанд. “Зеро дар пайи аз боришоти зиёд ва ковок шудани замин қабрҳое, ки болояшон сангҳои ёдгории вазнин ва сағона бардоштаанд, фурӯ рехтаанд. Он вақт маълум намудани майити дохили чунин гӯрҳо хеле душвор аст”, - шарҳ дод Абдушукур Ашӯров.

Дар Хуҷанд 13 қабристони мусалмонҳо ва се қабристони насрониён мавҷуд аст. Дар бештари онҳо ҷой барои гӯрондани майити нав тақрибан намондааст ва мушкили бунёди қабристонҳои нав натанҳо дар маркази вилояти Суғд, балки дар ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистони камзамин сол то сол доғтар мегардад.

Абдушукур Ашӯров
Абдушукур Ашӯров

Ҳоло масъулони шуъбаи дафн ба ҳар қабристони Хуҷанд 100-донаӣ нишонаҳои рақамдори фулузиро тақсим кардаанд. Ин нишона 15 сомонӣ қимат дорад ва мақоомт мегӯянд, ки хароҷоти соҳибони мурда низ дар муқоиса ба гузоштани санги ёдгорӣ ё бунёди сағона ба маротиб камтар шуда, сабқати қабри бою камбағал низ аз байн хоҳад рафт.

Эргаш, яке аз нигоҳбонони қабристони Қалъаи Нав дар шаҳри Хуҷанд, гуфт, дар дафтари гӯристон низ ному насаб, солу моҳ, рӯзи вафот ва рақами телефони соҳиби майит сабт хоҳад шуд. “Хубии ин тарзи сабт он аст, ки маълумот дар китоби махсуси шуъбаи дафн ва китоби мо навишта мешавад ва баъди солҳо соҳибонаш онро ба осонӣ пайдо карда метавонанд”, - гуфт ӯ.

Нигаҳбонҳои қабристони “Болтухон”, инчунин, гуфтанд, ба сабаби ковок шудани замин ва вазнинии сағонаву лавҳаҳои ёдгорӣ гӯрҳо зуд валангор мешаванд, ки боис ба ташвиш аст. Вале бархе аз сокинон дар ҷавоби ин иқдоми мақомот гуфтанд, зери ин сағонаҳо якчанд насли онҳо хуфта ва намехоҳанд, ки бо пазируфтани иқдоми нав аз гӯрҳои авлодӣ маҳрум шаванд.

Шариф, як сокини шаҳри Хуҷанд ният дорад, ки сағонаи болои мазори гузаштагонашро таъмир кунад. Ҳоло ин тасмими ӯ бо тасмими мақомот дар мавриди рақамгузории гӯрҳо пеш омадааст. Ӯ мегӯяд, “ҳоло ба ман муҳим аст, ки қабри онҳоро обод кунам. Нишона ва рақам мегузорем, ё аз нав сағона мебардорем, фарқ надорад. Фақат қабрҳо гум нашавад ва вақти фотеҳахонӣ онҳоро ёфта тавонем.”

Рӯҳониён дар вилояти Суғд мегӯянд, сокинон барои ҳифозати қабрҳо, ки дар канори маконҳои зисти одамон ва гузари ҳайвоноти ваҳшӣ ҷойгир буданд, болои гӯр сағонаҳо месохтанд. Ба ақидаи онҳо, ҳоло ки ин зарурат аз байн рафтааст, беҳтар аст, мурдагон тибқи фармудаи мусалмонӣ, яъне дар гӯрҳои яксон ва бе сангу сағона дафн шаванд.

XS
SM
MD
LG