Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз ду гӯрдузд


Тибқи иттилои идораи умури дохилии вилояти Суғд, ахиран боз ду нафар аз дуздони қабристонҳо дастгир шудаанд.

Ин ду нафар сокинони ноҳияи спитамен Ҳакимов Утбурк Абдуаҳадович, соли таваллудаш 1971, ки қаблан бо моддаи 166-и кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Узбакистон ҳабс шудааст ва Мамадҷонова Шаҳноза, сокини ноҳияи Конибодом, соли таваллудаш 1984, будаанд.

Рауф Юсупов, сардори идораи умури дохилии Суғд, гуфт, ҳангоми санҷиш алайҳи дуздони қабрҳо маълум шудааст, ки 17 ҳолати рабудани дандону ҳалқаҳои тиллоӣ аз фавтидагонро ахшоси ҷиноятпеша ба сокинони навоҳии Масчоҳ ва Ҷаббор Расулов фурухтаанд.

Аз нимаҳои моҳи май то охири моҳи июни соли ҷорӣ дуздҳо дар 12 қабристони Хуҷанд ва ноҳияи Б. Ғафуров ба тахриби 18 қабр даст зада, дандону ҳалқаҳои тиллоии ҷасадҳоро бо яғмо бурдаанд...
Афзоиши ҳодисаҳои аз гӯрҳо берун кашидани ҷасадҳо ва кандани дандонҳои тиллоии мурдаҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он боиси ташвиши сокинони вилояти Суғд гардидааст.

Рауф Юсупов, сардори идораи умури дохилии Суғд, бо ишора ба афзоиши ҳодисаҳои дуздии ҷавоҳирот дар қабристонҳо гуфт, сар аз нимаҳои моҳи май то авохири моҳи июни соли ҷорӣ гӯркобҳо дар 12 қабристони Хуҷанд ва ноҳияи Б. Ғафуров ба тахриби камобеш 18 қабр даст зада, дандону ҳалқаҳои тиллоии ҷасадҳоро ба яғмо бурдаанд.

Бердимурод, як тан аз сокинони Суғд, гуфт, боре ҳам дар тӯли 60 соли умраш аз рухдоди ин қабил ҳодисаҳои таассуфовар хабар надоштааст. Ин ҳамсӯҳбати мо гӯркобиро бо фақру нодории мардум иртибот медиҳад.

Дар ҳамин ҳол Абдуалӣ Дадобоев, посбони қабристони мавсум ба «Мазори озах», мегӯяд, дар ин қабристон дуздон шабона чор гӯрро шикофта, дандонҳои тиллоии ҷасадҳоро бурдаанд, ки ин ҳолат аксар соҳибони ҷасадҳо ва ҳам худи ӯро нороҳат сохтааст.

Тавре масъулини идораи умури дохилии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, бо вуҷуди назорати кормандони умури дохила ва сокинони шаҳр ҳодисаҳои аз гӯр берун кашидани ҷасадҳо афзоиш меёбад. Ва мардум тақозо мекунанд, ки мақомоти интизомӣ тадбирҳои ҷиддитар биандешанд.
XS
SM
MD
LG