Пайвандҳои дастрасӣ

Арӯси тоҷики Александр Гордон


Ноза Абдулвосиева. Акс аз саҳифааш дар Фейсбук

Ноза Абдулвосиева. Акс аз саҳифааш дар Фейсбук

Абераи шоири маъруфи тоҷик Мирсаиди Миршакар бо ровии маъруфи телевизиони Русия ақди никоҳ бастааст. Тӯйи Александр Гордон ва Ноза Абдулвосиева, қарор аст, дар поёни моҳи июл доир шавад.

Ровии маъруфи телевизиони Русия Александр Гордон ба як донишҷӯи зодаи Тоҷикистон издивоҷ кардааст. Александр Гордон 50 сол ва ҳамсари нави ӯ – Ноза Абдулвосиева – ҳамагӣ 20 сол доранд. Ноза Абдулвосиева дар ВГИК – Донишкадаи синамои Маскав таҳсил мекунад ва абераи шоири маъруфи тоҷик Мирсаид Миршакар мебошад. Гордон, инак бори чорум зан мегирад.

Валерий Аҳадов, коргардони маъруфи синамои тоҷику рус ва бобои Ноза рӯзи 9 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Александр Гордон ва набераи ӯ ҳанӯз дар моҳи июн ақди никоҳ бастаанд. Ба гуфтаи Аҳадов, “онҳо бидуни сару садо рафтани никоҳ карданд.”

Худи домоду арӯс дар бораи арӯсиашон то имрӯз шарҳе надодаанд. Дар саҳифаи Ноза Абдулвосиева дар шабакаи Фейсбку низ ишорае ба арӯсии ӯ нест ва ӯ дар саҳифааш аксе ҳам аз ин маъракаи муҳими зиндагиаш нашр накардааст.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук танҳо як пости хеле кӯтоҳ аз 11 декабри соли 2013 дорад ки: Событие в жизни!! Гарри Гордон ответил на запрос на добавление в друзья !! (Рӯйдоди муҳими зиндагиам!! Гарри Гордон ба дархости ҳамроҳ кардани ман ба рӯйхати дӯстонаш посух дод !!) Гарри Гордон падари 73-солаи Александр Гордон ва шоиру рассоми маъруф аст.

Аммо бобои ӯ Валерий Аҳадов ба Озодӣ гуфт, аз интихоби наберааш розист, чунки Александр Гордон, ба ақидаи ӯ, як марди хуб аст: "Муҳим он аст, ки онҳо ҳарду хеле хушбахтанд." Валерий Аҳадов гуфт, домоду арӯс мехоҳанд дар ягон тарабхона дар маркази Маскав бо даъвати дӯстону наздикон аз ҳарду тараф як тӯи омехтаи тоҷикиву русӣ барпо кунанд.

Валерий Аҳадов

Валерий Аҳадов

Валерий Аҳадов шӯхиомез афзуд, "агар даъват кунанд, мо ҳам меравем." Вале сипас илова кард, ки онҳо хешу табори зиёде дар гӯшаҳои гуоногуни олам доранд, ки ҳатман ба ин арӯсӣ даъваташон хоҳанд кард.гуфтааст, ки дар поёни моҳи июл тӯи арӯсии Александр Гордон ва Ноза Абдулвосиева “дар ҳалқаи дӯстону наздикон аз ҳарду ҷониб доир хоҳад шуд. Мо дар гӯшаву канори мухталиф хешовандони зиёд дорем ва мехоҳем ҳамаашро дар Маскав ҷамъ кунем.”

Валерий Аҳадов 69 сол дошта, зодаи Самарқанд аст ва ҳамчун коргардони синамо маҳз дар “Тоҷикфилм” ном баровардааст. “Хобҳои апрелӣ, “Нигоҳ”, “Кӣ ба Трускаветс меравад?”, “Дарвеши ланг” ва, албатта, “Асрори оилавии Ғайюровҳо” аз филмҳоест, ки ӯ дар “Тоҷикфилм” рӯи навор овардааст.

Баъди шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Валерий Аҳадов бо ҳамсараш – Зулфия Миршакар, духтари Мирсаид Миршакар – ба Русия кӯчид ва баъди чанд соли кор дар театрҳои музофотӣ билохира имкони дубора офаридани филмҳои ҳунарӣ, асосан сериалҳоро дар ин кишвар пайдо кард. “Женщин обижать не рекомендуестя», « Подмосковная элегия», «Свободная женщина» ва «Крёстный сын» аз ҷумлаи чанд филмест, ки ин коргардони шинохта дар Русия сохтааст.

Ноза Абдулвосиева дар ВГИК дар бахши коргардонии филмҳои мустанад таҳсил мекунад ва имсол соли дувуми таҳсилашро ба поён овард. Вақте аз бобои ӯ Валерий Аҳадов пурсидем, ки наберааш худро тоҷик эҳсос мекунад ваё рус?, ӯ гуфт, «Ноза як духтари хеле пурэнержӣ ва кордон аст. Ӯ чизҳои хубро аз ҳарду миллат дар худ гунҷондааст. Ба ман ин пайванд хеле хуш меояд. Яъне ҳам чизҳои худро аз дигарон гирифтану ҳам ҳувияти худро фаромӯш накарданд. Ноза ин пайвандро нигоҳ доштааст, хушбахтона."

Валерий Аҳадов қаблан дар шарҳи арӯсии наберааш ба сомонаи Дни.Ру гуфта буд: "Ростӣ, ман фикр мекардам, ки интихобкардаи ӯ ҳамсолаш ё ҳамсабақаш, ки як амри маъмул аст, нахоҳад шуд. Ӯ вақте дар синфи 6 мехонд, ба дарсҳои синфи 10 мерафт. Аз нигоҳи ақлонӣ ӯ аз ҳамсолонаш хеле “пир”-тар аст.”

Александр Гордон

Александр Гордон

Александр Гордон ровии барномаҳои пуртамошобине, чун “Они и мы”, “Ночной Гордон”, “Закритый сеанс”, “Гордон-Кихот”, “Гражданин Гордон” дар шабакаҳои ОРТ ва қаблан НТВ мебошад. Ӯ ҳоло дар ОРТ кор мекунад ва ровии ба истилоҳ ҳамакора аст: ҳам барномаҳои сиёсиро мебараду ҳам фарҳангиро ва ҳам ток-шоуҳои иҷтимоиро.

Ба навиштаи матбуоти Русия, Гордон аз ҳамсари қаблиаш Нина Тригорина, ки низ ҷавону донишҷӯ буд, тоза дар моҳи ноябри соли гузашта ҷудо шуд. Матбуот он вақт навишт, ки далели ҷудоии ин ҷуфт фарқи синну соли зану шавҳар будааст. Вале зоҳиран Александр Гордон бори чорум ҳам ба ҳамон дарё пой андохт: Гордон моҳи феврал 50-сола шуд ва аз арӯси нави тоҷикиаш 30 сол бузургтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG