Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат мегӯяд, товони зарари амалиёти Хоруғро пардохт


Хоруғ баъди амалиёти низомии 24-уми июли соли ҷорӣ
Хоруғ баъди амалиёти низомии 24-уми июли соли ҷорӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, зиёни расида аз амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғро ба идораву муассисаҳо пардохт намудаанд.

Масъулони ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, товони зарари расида ба идораву муассисаҳо дар ҷараёни амалиёти Хоруғро пардохт намудаанд. Муовини раиси вилояти Бадахшон, Азиз Гиёев, изҳор дошт, ки ҳаҷми хисорот ба муассисаҳо бештар аз 626 ҳазор сомониро ташкил дода, пурра пардохт шудааст.

Ӯ мегӯяд, "дар ҷараёни амалиёт беш аз ҳама хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳр, идораи фарҳангу "Помирэнержӣ" зарар диданд. Дар навбати аввал ҳукумат товони зарари ба манзилҳои истиқоматии сокинон расидаро, ки зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод, пардохт намуд."

Ба гуфтаи Гиёев, айни ҳол комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят ҳаҷми хисороти расида ба соҳибони васоили нақлияро низ муайян карда, барои пардохт намудан ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. Зарари расида ба воситаҳои нақлиёт тақрибан 103 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар амалиёти 24-уми июл 20 мошин зарар дидаст
Дар амалиёти 24-уми июл 20 мошин зарар дидаст
Бозраси калони шӯъбаи БДА-и Раёсати умури дохилии Бадахшон, Муслим Варқаев, гуфт, дар ҷараёни амалиёт ба бештар аз 20 воситаи нақлиёт, аз ҷумла ба 5 воситаи нақлиёти ашхоси ҳуқуқӣ зиён расидааст.

"Як мошинаи амният ва боз ду-се автомашинаи сокинон пурра ва дигарон қисман зарар дидаанд",-гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, 18 тан аз устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки бар асари амалиёти рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ хобгоҳашон пурра сӯхтаву нобуд шуд, ҳанӯз дар берун мондаанд. Қаблан мақомот ба онҳо ваъда дод, ки то зимистон хонаҳои сохти финиро бунёд карда, дар ихтиёрашон мегузоранд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG