Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қ.Қосим: "Омилҳои нооромӣ дар Бадахшон хунсо шуданд"


Амалиёти Бадахшон, ки бар асари он даҳҳо тан ҷон бохтанд, дар бораи амнияти ояндаи ин вилоят дар он рӯзҳо, сару садоҳои зиёд ба бор овард.

Он рӯзҳо баъзе таҳлилгарон дар матбуоти Русия аз имкони пайвастани гурӯҳҳои мусаллаҳ аз хоки Афғонистон ба гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшони Тоҷикистон ва ба минтақаи ноором мубаддал шудани ин вилоят сӯҳбат мекарданд.

Ҳоло, ки аз ин нооромӣ ва куштори Абдулло Назаров, сардори Раёсати давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон тақрибан се моҳ мегузарад, вазъ дар ин минитақа чӣ тавр аст? Дар посух ба ин суол Қодир Қосимов-раиси вилоят дар мусоҳибае ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

Қодир Қосимов: Масъалаи қонуншиканӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ин муддат беҳтар шудааст. Ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта нашудаанд, ба ғайр аз баъзе ҷанҷолҳои байни ду нафару чанд нафар, ки онро ҷиноятҳои хурд мегӯянд. Супоридани аслиҳа ҳам ҳанӯз идома дорад.

Озодӣ: Ҷаноби раис, гуфта мешавад, ки баъд аз нооромиҳои Хоруғ то ҳол нигарониҳои амниятӣ дар байни аҳолӣ боқӣ мондааст. То чӣ андоза ин гуфтаҳо дуруст аст ва оё чунин рӯҳия аз байн нарафтааст?

Қодир Қосимов: Баъд аз омадани раҳбари давлат гиреҳҳое, ки буданд, боз шуданд ва нуқтаи охирон гузошта шуд. Ҳозир тибқи қонунҳои мавҷуда, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ кор карда истодаанд.

Озодӣ: Оё бозпурсии раҳбарони гурӯҳҳое, ки нооромиҳоро таҳрик карда буданд, ба поён расидааст? Умуман, натиҷаи тафтиши парвандаи вобаста ба ин нооромиҳо ба куҷо расидааст?

Қодир Қосимов: Парвандаи ҷиноятии куштори генерал Назаров давом дорад. Тафтишот ба охир нарасидааст. Ҷавононе, ки аслиҳа ба даст гирифтанд ва дар ҳамон ҳодисаҳо ширкат карданд, бо онҳо низ кор рафта истодааст. Санад тайёр карда истодаанд, дар бораи парвандаи ҷиноии ҳамин ҷавонон. Нисбати касони дигаре ҳам, ки аз солҳои пештар, аз ин ҳодиса ҳам пештар гуноҳ доранд, нисбати онҳо ҳам кор давом дорад.

Озодӣ: Оё дар ҳамин бозпурсиҳо раҳбарони гурӯҳҳо низ ҳастанд? Ниҳодҳои тафтишотӣ онҳоро низ мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд?

Қодир Қосимов: То ҳол онҳоро даъват накардаанд ва мавриди пурсиш қарор надоранд. Ҳоло пурсиши баъзе ҷавонон сар шудааст. Умуман кор сар шудааст.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки дар оянда раҳбарони гурӯҳҳо низ барои пурсиш ба додситонӣ даъват шаванд?

Қодир Қосимов: Ҳар як нафар пурсида мешавад, барои гунаҳгор будан ё набудан. Умуман, пурсишҳо бояд гузаронда шавад.

Озодӣ: Дар шабонарӯзи нооромиҳо овозаҳо пахш шуда буд, ки дар қаламрави Афғонистон садҳо нафар афроди мусаллаҳ ҷамъ шудаанд ва имкон дорад, ки онҳо ба гурӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон пайванданд. Дар ин муддат ин овозаҳо таҳқиқ шуданд ва чӣ натиҷа ба даст омад?

Қодир Қосимов: Ин овозаҳо асос надоштанд. Барои мустаҳкам кардани сарҳад дар ҳамон шабонарӯз Афғонистон ҳам аз ҷониби худ чора дида буд, то гурӯҳҳои мусаллаҳ байни худ бо қочоқи аслиҳа ва дигар мавод машғул нашаванд. Аз тарафи мо ҳам барои мустаҳкам кардани сарҳад чораҳо андешида шуда буд.

Озодӣ: Оё барои таъмини оромии вазъ дар Бадахшон барномаҳое таҳия шудааст?

Қодир Қосимов: Мо ҳозир дар сатҳи вилоят дар асоси муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо Бадахшони Афғонистон як созишнома таҳия кардаем ва дар рӯзҳои наздик дар Хоруғ онро баррасӣ мекунем. Ҳадафи ин созишнома наздик кардани мардуми ҳар ду ҷониби марз аст, беҳтар кардани ҳамкориҳои иқтисодист. Барномаҳои тарбиявии ҷавононро як бори дигар дида истодаем.

Озодӣ: Барои он ки ҷавонон дар оянда аз бекорӣ ба баъзе гурӯҳҳо ҷалб нашаванд, бо кор таъмин хоҳанд шуд?

Қодир Қосимов: Мо як барномаи рушди соҳибкорӣ дар қаламрави вилоятро таҳия карда истодаем. Касе, ки бо соҳибкорӣ машғул мешавад, вайро дастгирӣ мекунем. Боз кардани ҷойҳои кориро меомӯзем. Барномаи ба варзиш ҷалб кардани ҷавононро таҳия кардаем. Сохтмони майдонҳои вазиширо идома медиҳем. Мо се барномаи асосии стратегӣ, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, истиқлоли энергетикӣ ва амнияти озуқавориро таҳия мекунем. Имконоти рушди сайёҳӣ дар вилоятро низ бозбинӣ мекунем, чунки он ҳам як сарчашмаи даромад ба ҳисоб меравад. Мо вилояти дататсионӣ ҳастем. Мехоҳем, ки бо истифода аз захираҳои вилоят даромадро афзоиш диҳем ва аз дататсия бароем.

Озодӣ: Умуман мо гуфта метавонем, ки дар вилоят омилҳои нооромӣ аз байн рафтаанд ё хунсо шудаанд?

Қодир Қосимов: Унсурҳои нооромӣ дар вилоят алакай паси сар шудаанд ва сохторҳо кор карда истодаанд.
XS
SM
MD
LG