Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Google translate ба тоҷикӣ ҳам тарҷума хоҳад кард


Ширкати Google нақша дорад хадамаи Google Translate-ашро бо забонҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ кунад.

Google - бузургтарин торнамои ҷустуҷӯии Интернет - ба манзури такмили хадамаи тарҷумониаш - Google Translate, ё худ "Гугл Тарҷумон" бо забонҳои тоҷикӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва узбакӣ волонтёрҳо ё худ кумакрасонҳои ихтиёриро даъват мекунад. Ба ин хотир ин ширкат аз ихтиёриёне, ки мехоҳанд дар иҷрои ин тарҳ кумак кунанд, даъват кардааст, то худро дар нишонии bit.ly/gtr2014 номнавис кунанд. Барои довталабони волонтёр ғайр аз донистани яке аз забонҳои Осиёи Миёна донистани забони англисӣ ҳатмӣ мебошад.

Алакай хоҳишмандони кӯмак ба Гугл тарҷумон дар Тоҷикистон ҳам пайдо шудаанд. Баҳром Бобоназаров, донишҷӯи технологии Тоҷикистон мегӯяд, «ба хотири пешрафти технология ва осон шудани хизматрасонии тарҷумонӣ» омода аст, ба ин ширкат кумак кунад. Баҳром Бобоназаров мегӯяд, зарурате пеш омадааст, ки ҳамаи дастовардҳои технологӣ, аз ҷумла нармафзорҳои телефону компютер бо забони тоҷикӣ ҳам баргардон шавад.

"Гугл Тарҷумон" дар айни ҳол ба 80 забони дунё метавонад вожаву ибораҳо ва ҳатто матнҳоро тарҷума кунад. Аммо то ба ҳол ҳеҷ яке аз забонҳои Осиёи Миёна дар рӯйӣати хизматрасониҳои "Гугл тарҷумон" ворид нашуда буд.

Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон умедвор аст, ки ин тарҳ мувафақ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Атоев, то имрӯз дар ин самт дар Тоҷикистон аз ҷониби шахсони алоҳида ва баъзе ташкилотҳо корҳои амалӣ шудааст. Яъне баъзе ташкилотҳо ва мутахассисон алакай тарҷумаи онлайнии забони тоҷикиро омода кардаанд ва дар сурати ҳамкорӣ бо ширкати Google метавонад ин тарҳ дар наздиктарин фурсат амалӣ шавад.

Ҳанӯз 2 сол қабл Шӯҳрат Мақсудов, хатмкардаи донишогоҳи технологӣ гуфта буд, тарҳеро рӯи даст дорад, ки метавонад дар тоҷикӣ кардани тарҷумони Google кӯмак кунад.

Ҳамакнун масъулони ширкати Google тасмим доранд то охири соли 2014 шакли пурраи "Гугл тарҷумон"-ро бо забонҳои Осиёи Миёна омода кунанд.

То ба ҳол як луғати онлайн бо забони тоҷикӣ ҳам дар Интернет аз ҷониби баъзе аз гурӯҳи ҷавонон ба роҳ монда шуда буд. Аммо ба гуфтаи мутахассисон зарурати тарҷумони онлайнии забони тоҷикӣ пеш омадааст, ки тавонад вожаву ибора, матн ва ҳатто сомонаҳои интернетиро ба тоҷикӣ ва баръакс тарҷума кунад.

Дар авали соли 2013 дар Гугл плей ё фурӯшгоҳи замимаҳои телефонҳои андроид як замимаи нави тоҷикӣ барои баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки донишҷӯёни тоҷики хориҷ аз кишвар таҳия карда буданд. Муаллифони луғати мазкур бо номи “Фарҳанг” Ҳадятуллои Хайрулло, Маҳмадсаиди Сайфулло ва Насриддини Саид донишҷӯёни Донишгоҳи политехникии шаҳри Харкови Украина ҳастанд. Луғати мазкур, ки ройгон аст, андаке бештар аз 132 ҳазор вожаву ибораро дар бар мегирад ва баъди насб дар телефони ҳушманд бидуни интернет ҳам кор мекунад.

Пештар аз ин, соли 2010 торномаи Луғат.тҷ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳандозӣ шуда буд, ки теъдоди андаки калимаҳоро дар бар мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG