Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷавони тоҷик ба кор дар Google пазируфта шуд


Меҳрубон Тӯраев (дар байн)
Меҳрубон Тӯраев (дар байн)

Меҳрубон Тӯраев, шогирди гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ПВ", барои кор дар ширкати Google - бузургтарин торнамои ҷустуҷӯии Интернет пазируфта шудааст.

Ширкати Google -- яке аз бузургтарин торнамоҳои ҷустуҷӯӣ дар Интернет Меҳрубон Тӯраев, шогирди гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ПВ"-ро барои кор қабул кардааст.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов, раҳбари ин муассиса, ки фаъолияташ сирф ба таълими илмҳои дақиқ ва фанновариҳои нав ихтисос ёфтааст, рӯзи 3 август ба Радиои Озодӣ гуфт, Тӯраев ҳоло донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон аст ва аз моҳи сентябр корро дар Google сар мекунад.

Меҳрубон Тӯраев, шогирди гимназия-интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ПВ”, ду соли пеш дар олимпиада аз фанни информатика дар Қазоқистон барандаи медали нуқра ва соли гузашта барандаи медали тилло ва имсол ҳам дар ин озмун миёни намояндаи 84 кишвар сазовори ҷойи сеюм ва барандаи медали биринҷӣ шуд. Меҳрубон Тӯраев дар бахши барномасозӣ соҳиби ин ҳама ҷоизаҳо шудааст.

Ин барои аввалин бор нест, ки шогирдони гимназия-интернати “Ҳотам ПВ” барои кор дар ин гуна ширкатҳо даъватномаи кор мегиранд. Ду соли пеш Афзали Беҳрӯз, яке аз дигар шогирдони ин гимназия барои кор дар ширкати “Яндекс” даъват шуд, ки ҳоло дар он ҷо фаъолият дорад.

Медали тилои Меҳрубон дар олимпиадаи Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

XS
SM
MD
LG