Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 тағйир дар созишномаи муҳоҷират байни Русия ва Тоҷикистон


Маскаву Душанбе тасмим гирифтаанд, ки ба созиш оид ба муҳоҷирати корӣ тайғироти ҷиддӣ ворид кунанд.

Нашрияи «Коммерсант» чопи Маскав, рӯзи 9 апрел, навишт, ки гурӯҳҳои корӣ дар Русияву Тоҷикистон айни ҳол чаҳор созиши иловагиро таҳия кардаанд, ки бояд раванди муҳоҷирати корӣ миёни ду кишварро ба танзим дароранд ва ба ҳимоят аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ мусоидат кунанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, як ҳафта пеш, баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе изҳор намуд, ҳарчанд барои беҳбуди будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия корҳои назаррасе анҷом шудааст, вале мушкилоти зиёде дар ин самт боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, “вазифаи мо ин аст, ки муҳоҷиронро аз пушти парда берун бикашем, баробарҳуқуқии онҳоро таъмин намоем, то ҳеҷ кас аз онҳо сӯиистифода накунад”. Аммо Сергей Лавров аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ карда буд.

Сергей Лавров
Сергей Лавров

«Коммерсант» бо такя ба манбаъҳои дипломатии худ навиштааст, ки гап сари иловаҳо ба Протокол оид ба тағйирот ба Созишномаи байни ҳукуматиҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар меравад, ки соли 2014 аз сӯи Думаи давлатии Русия ва Маҷлиси Олии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Бар пояи ин санад, муҳоҷирони кории тоҷик ба ивази барои 30 сол тамдид шудани будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз бархе имтиёзҳо бархӯрдор шудаанд, аз ҷумла, онҳо акнун метавонанд 15 рӯз бидуни сабти ном дар Русия монанд ва барои се сол иҷозаи кор бигиранд.

Манбаъҳои нашрияи русӣ гуфтаанд, ки иловаҳо ба қонун ба ин қароранд – таъмини қабули муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ аз сӯи ниҳодҳои расмии Русия, тақвияти табодули ахбор дар бораи қонуншиканиҳои муҳоҷирони корӣ, таҳияи созиш дар бораи реадмиссия (яъне, ризояти Тоҷикистон барои қабули муҳоҷирони ғайриқонуние, ки аз Русия ихроҷ шудаанд) ва таъсиси намояндагиҳои ниҳодҳои муҳоҷирати ҳарду кишвар.

Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода

Зимнан, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ва намояндагии Хадамоти федеролии Русия дар Душанбе аллакай фаъоланд. Шояд ба ҳамин хотир ҷонибҳо аз дубора матраҳ кардани ин мавзӯъ худдорӣ намуданд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират дар вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9 апрел гуфт, ки Тоҷикистон мавзӯи таҳияи тарҳи созиш дар бораи таъминоти иҷтимоӣ ва бимаи бознишастагии муҳоҷирони кориро ҳам ба миён гузоштааст. Ӯ афзуд, ки мавзӯи тайғиру иловаҳо ба Созишномаи байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон рӯзи 4 апрел дар ҷаласаи комиссияҳои байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар Маскав баррасӣ шуд. Ба ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сарварӣ мекард.

Мусоҳиби мо афзуд, «нахуствазири Тоҷикистон расмигардонии будубош ва фаъолияти кории муҳоҷирони тоҷикеро, ки ба қонуншикании ночиз роҳ додаанд, тамдиди фаъолияти кории муҳоҷирони кории тоҷик тавассути патент то се сол, эътироф кардани санадҳои тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ва зиёда аз 30 рӯз тамдид кардани мӯҳлати супурдани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти дахлдори Русияро ба миён гузошт.

Абдулло Қодирӣ мегӯяд, ки машваратҳо дар бораи тарҳи созиш оид ба қабули муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия то охирҳои моҳи май идома хоҳад кард – қарор аст, ки аз 27 то 29 май дар шаҳри Душанбе нишасти гурӯҳҳои коршиносони ду кишвар баргузор шавад. Дар сурати пазируфтани санад, мутахассисони рус ба Тоҷикистон рафта, шаҳрвандонро барои кор ё корҳои мавсимӣ дар Русия интихоб мекунанд. Ҳалли масъалаҳои таъминоти иҷтимоии муҳоҷирон низ бар дӯши онҳост.

Нусрат Исматов, корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Минтақаи федеролии ҷанубии Русия, мегӯяд, ки беҳтар мебуд агар қабули муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ на аз сӯи кормандони ниҳодҳои марбут ба Хадамоти муҳоҷират, балки бевосита аз сӯи соҳибкорону раҳбарони корхонаҳои Русия сурат мегирифт – онҳо кормандони ояндаро интихоб карда, барои таъмини онҳо бо маош ва ҷойи хобу дастрасияшон ба хадамоти тиббӣ муваззаф мешуданд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои пеш баъзе аз қисмҳои низомии Русия аз қабули муташаккилона барои корҳои мавсимӣ кор мегирифтанд, аз ҷумла, як қисми низомиии мустақар дар вилояти Волгоград барои овардани муҳоҷирони корӣ ба шаҳри Хуҷанд қатора мефиристод, онҳоро бо шарити хуби кору маишат таъмин мекард ва баъд аз анҷоми корҳо онҳоро тавассути қатора ба зодгоҳашон меовард. «Ҳар сол тақрибан 700-800 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин қисми ҳарбӣ ба парвариши пиёз машғул мешуданд, ҳама шароиташон муҳайё буд, рӯзи корӣ то соати 5-и рӯз идома мекард, муҳоҷирон тайи ҳафта як ё ду рӯзи истироҳат доштанд».

Ва аммо, ба гуфтаи Нусрат Исматов, бар асари бӯҳрони феълӣ соҳибкорони рус вазъи хубе надоранд, ки ба қабули муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷик машғул шаванд. Мавзӯи дарёфти патент барои муҳоҷирони корӣ ҳам шояд дили онҳоро ба қабули муташаккилонаи муҳоҷирон сардтар кунад. Мусоҳиби мо меафзояд, соҳибкорони рус ҳоло бештар рӯ ба шаҳрвандони Узбакистон меоваранд, ки барои кор ҳатто бо маоши хело ночиз розиянд. «Азбаски Узбакистон дар Русия ниҳодҳои назорат аз болои муҳоҷиратро надорад, яъне дар пушти муҳоҷирони узбак касе нест,фиреби онҳо осон аст ва баъзе аз соҳибкорони беинсоф онҳоро чанд моҳ истифода бурда, бидуни пардохти маблағ аз кор меронанд», мегӯяд ӯ.

Максим Шевченко, хабарнигор ва сиёсатшиноси рус, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қабули муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия фикри бад нест, ба шарте, ки он фақат «эъломия» набошад ва манбаи нави фасоду ришват нагардад. «Аз нигоҳи ман, ин роҳи дуруст аст, зеро он метавонад боиси эътидол дар бозори кор ва ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ шавад. Бубинед, вақте одамон метавонанд дар худ Тоҷикистон бо корхонаву ширкатҳои Русия қарордод бубанданд, бима ва билети рафту бозгашт бигиранд, аз кафолати ҳуқуқии таъмини кор дар Русия бархӯрдор шаванд,дар ҳамон ҷо патент бигиранд, ин фақат ба фоидаи онҳо анҷом хоҳад шуд».

Максим Шевченко
Максим Шевченко

Ба гуфтаи Максим Шевченко, агар ин кор дуруст ба роҳ монда шавад, метавонад ба муҳоҷирони манфиати хуби молиявӣ оварад ва таҷрибаи ҳама кишварҳои мутамаддин, аз ҷумла, Чехияву Фаронса ва дигар кишварҳои аврупоӣ ҳам ба ин далолат мекунад. «Мо медонем, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ манбаи асосии кочоқи инсон, ҷинояткорӣ ва таҳқири одамон аст», мегӯяд сиёсатшиноси маъруф.

Ҳамзамон Максим Шевченко имкони фасод ҳангоми қабули муташаккилонаи муҳоҷирон ба Русияро ҳам байид намедонад, зеро «ҳар касе, ки муҳр дар дасташ аст ва ҳаққи имзои санадро дорад, метавонад инро барои дарёфти манфиати шахсӣ истифода кунад».

Ба иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, айни ҳол дар ин кишвар тақрибан 970 ҳазор муҳоҷирон аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аммо ниҳодҳои муҳоҷиратӣ иқрор мекунанд, ки шурӯъ аз тирамоҳи соли гузашта, яъне баъд аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав барои дахолаташ ба умури Украина ва ба думболи ин ба таври бесобиқа пойин рафтани қурби рублу сар задани бӯҳрон дар иқтисоди Русия ва ҳамчунин ҷорӣ шудани патенту супурдани ҳатмии имтиҳони забони русӣ, шумораи муҳоҷирони тоҷику узбак хело коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG