Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик медалҳои тиллои мусобиқаҳои Қазоқистонро ба даст оварданд


Се медали мусобиқаи байналимилалӣ оид ба варзиши сабук насиби Тоҷикистон шуд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ ба хотираи Гусман Косанов, нахустин барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ аз Қазоқистон дар шаҳри Алматӣ баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ҳашт нафар шомил буданд ва ду нафари онҳо бо ҷоизаҳо мукофотонида шуданд.

Владислава Овчаренко дар давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр рақобат кард. Вай масофаи 100 метрро дар муддати 11,77 сония тай намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Ӯ дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 23,98 сония мақоми чаҳорумро касб кард ва рекорди нави миллӣ гузошт. Пеш аз ин ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон масофаи 100 метрро дар муддати 11,91 сония ва масофаи 200 метрро дар зарфи 24 сония тай карда, рекорди нави Тоҷикистонро гузошта буд.


Владислава Овчаренко дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар мусобиқа ба хотираи Гусман Косанов бисёр варзишгарони ҳирфаӣ ширкат карданд ва ба даст овардани ҷоиза бароям осон набуд. Мақсаде, ки дар пеши худ гузоштам иҷро шуд ва натиҷаҳои варзишиамро боз ҳам беҳтар кардам. Ин мусобиқа барои ман як санҷише буд пеш аз Бозиҳои сивуми тобистони олимпӣ дар Лондон.”

Бояд гуфт, ки Владислава дар ду моҳи ахир дар мусобиқоти мухталиф дар шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Бишкек ва Алматӣ чандин бор натиҷаҳояшро беҳтар намуд. Рекордҳои пешини Тоҷикистон, ки соли 1983 гузошта шуда буданд, дар масофаи 100 метр 11,94 сония ва дар масофаи 200 метр 24,86 сония буд.


Варзишгари дигари тоҷик Фарҳод Қуралов дар давидан ба масофаи 1500 метр бо натиҷаи 3 дақиқаю 54,30 сония бо медали тилло ва дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1 дақиқаю 51,49 сония бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG