Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Ҷинпинг аз 4 кишвари Осиёи Марказӣ, ба истиснои Тоҷикистон


Ши Ҷингпинг дар Ишқобод

Ши Ҷингпинг дар Ишқобод

Сафари раҳбари Чин ба 4 кишвари Осиёи Марказиро як аломати аҳамияти бузурги минтақа барои он қудрати ҷаҳонии дар ҳоли зуҳур хондаанд.

Ши Ҷинпинг, ки моҳи март ба курсии раёсати Чин нишаст, бори аввал аст, ки ба истиснои Тоҷикистон ба ҳамаи 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ сафар мекунад ва боздидашро аз Туркманистон шурӯъ кард.

Ҷеймс Реардон Андерсон, профессор ва устоди Маркази мутолиоти умури хориҷии Донишгоҳи Ҷорҷтауни Амрико, мегӯяд, сафари Ши Ҷинпинг нишон медиҳад, ки чӣ гуна Осиёи Марказӣ ба як минтақаи аз назари стратегӣ муҳим табдил мешавад: “Ӯ аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ боздид мекунад, ки ин сафари бесобиқа аст. Ин як сармоягузории бузург аз лиҳози вақт ва ҳузури раҳбари Чин дар минтақа мебошад. Биноан ин сафар намоёнгари чигунагии аҳамияти Осиёи Марказӣ барои Чин мебошад.”



Раиси ҷумҳурии Чин ҳамчунин ба Қазоқистону Узбакистон ва Қирғизистон сафар мекунад. Аммо пеш аз ин ӯ дар нишасти сарони кишварҳои Ҷи-20 дар шаҳри Санкт Петербург ҳузур хоҳад дошт ва дигарбора ба минтақа бармегардад ва сафарашро бо ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек хотима медиҳад.

Зимни сафари раиси ҷумҳурии Чин дар Туркманистон дар аввали ҳамин ҳафта, қарордоде дар мавриди афзоиши содироти гази туркманӣ ба Чин имзо шуд. Бар асоси ин созишнома, қарор аст, Туркманистон то соли 2020 ба Чин солона 65 миллиард метри мукааб гази табиӣ ворид кунад.


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ши Ҷинпинг дар Пекин(майи соли 2013)

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ши Ҷинпинг дар Пекин(майи соли 2013)

Яке аз ҳадафҳои аслии Ши Ҷинпинг ба минтақаро аз ҷумла ба даст овардани манобеъи кофии энержӣ барои иқтисоди ташнааш медонанд. Дар Остона ҳам ҳадафи Ши Ҷинпинг бештар кардани саҳми Қазоқистон дар таъмини Чин бо газу нафт аст. Қазоқистон бузургтарин фурӯшандаи нафт дар минтақа ба шумор меояд, вале аксари ин нафт ба Русия меравад ва бояд акнун Чин ба даст овардани саҳми бештар бо Русия рақобат кунад. Русия саъй дорад, бо таъсиси Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё бо ҳузури Қазоқистон ба роҳи аслии содироти газу нафти Қазоқистон табдил шавад.

Ба гуфтаи Ҷеймс Реардон Андерсон, ҳукумати Қазоқистон ҳам тавонистааст, бо зиракӣ аз рақобати ду тараф истифода кунад: “Чину Русия интиқоли нафт аз Қазоқистон ва назорати маҷрои нафти Қазоқистонро як абзори муҳим мешуморанд. Барои ҳамин ҳарду тараф саъй доранд, дастрасии бештаре ба манобеъи нафту гази Қазоқистон дошта бошанд. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳарду тарафро зидди ҳам ба таври муассир бозӣ андохтааст. Аз ин рӯ, онҷо як навъ музокироти сеҷониба доир ба қимату интиқоли нафт идома дорад. “

Воридоти бештари нафту газ аз Осиёи Марказӣ ба Чин имкон медиҳад, пойбандии кишвараш ба нафти Ховари Миёна ва Африқои шарқиро камтар кунад. Дигар ин ки ба гуфтаи таҳлилгарон, Ши Ҷинпинг мехоҳад, бо сафар ба ҳамсоякишварҳои Чин ҳамкорӣ бо ин кишварҳоро тақвият бахшад ва ҳамингуна амният дар марзҳояшро дар остонаи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон мустаҳкам кунад. Чин нигарон аст, ки мабодо баъд аз соли 2014 ноамнӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас ба Чин сироят кунад.

Таҳдиди ифротгароии исломӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз тариқи Осиёи Марказӣ ҳам мояи нигаронии Чин аст. Ба гуфтаи таҳлилгарони чинӣ Сун Зуангжи ва Шен Шилианг, хуруҷи нерӯҳои НАТО то охири соли 2014 аз Афғонистон ва баста шудани гузаргоҳҳои НАТО аз тариқи Осиёи Марказӣ роҳро барои Чин боз мекунад, ки ҳамкориҳои амниятӣ бо кишварҳои минтақаро тақвият бахшад.
XS
SM
MD
LG