Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Турсунов аз ришаш ҷудо шуданӣ нест


Парвиз Турсунов
Парвиз Турсунов
Парвиз Турсунов, яке аз футболбозони ботаҷрибаи дастаи “Хайр”-и ноҳияи Ваҳдат ба бозиҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳ дода нашудааст.

Сармураббии даста Тоҳир Мӯъминов ба хабаргузории “Азия плюс” гуфтааст, ки Парвиз Турсунов барои риши дарозаш бо кормандони умури дохилӣ мушкил дорад.

“То замоне, ки сарнавишти риши ӯ ҳал нашавад, бозии дастаи мо ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад буд, зеро Парвиз ҳам дар хатти дифоъ ва ҳам дар хатти ҳамла хело хуб бозӣ мекунад”- гуфтааст сармураббии дастаи “Хайр”.

Худи Парвиз Турсунов гуфтааст, ки агар миёни риш ва футбол интихоб пеш ояд, ӯ футболро тарк мекунад ва аммо аз ришаш ҷудо намешавад.

Ба иттилоъи “Азия плюс”, дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ин ниҳод дар бораи фишор болои футболбоз барои ришаш ягон амр содир накардааст ва агар нафаре аз кормандони милиса болои ӯ фишор оварда бошад, ҳатман муҷозот хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG