Пайвандҳои дастрасӣ

Аудити Кумитаи ҷавонон барои пайдо кардани 116 000 $-и "ҷанҷолӣ"


Аҳтам Абдуллоҳзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон

Аҳтам Абдуллоҳзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон

​Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, барои нуқта гузоштан ба саволҳо дар бораи он ки 116 000 доллар гранти Бунёди Глобалӣ ба ин ниҳод куҷо шуд, аудит сар шудааст.

Аудити дохилӣ барои пайдо кардани ҷавоб ба саволи ин ки "116 ҳазор доллар грант ё ёрии билоивази Бунёди Глобалӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон куҷо шуд?" аз сӯи тафтишгарони Палати ҳисоб оғоз ёфтааст.

Аҳтам Абдуллоҳзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон 21 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз аудит ба охир нарасида ва онҳо намехоҳанд, бо баёни фикри шахсии худ ба кори тафтишгарон халал расонанд. Ба қавли Абдуллоҳзода, натиҷаи аудит баъдан ба раисиҷумҳур ва, ҳамин тавр, хабарнигорон, ки ин мавзӯъро дунболгирӣ доранд, пешниҳод мешавад.

"Ҳамагуна аудит дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз сӯи мутахассисони ҳирфаӣ анҷом мешавад ва мо ба натиҷаи он бовар дорем," -- таъкид кард ӯ.

Баҳси 116 ҳазор доллар пули Бунёди Глобалӣ баъд аз тафтиши иҷрои як тарҳи мубориза бо СПИД, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон татбиқ мекард, моҳи май "рӯи об баромад". Бозрасони Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General - OIG) гуфтанд, дар ҷараёни тафтиши иҷрои ин тарҳ аломатҳои тақаллуб ва сохтакориро ошкор кардаанд. Ба қавли онҳо, аз ҳисоби бештар аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ аз тариқи тақсимкунандаи асосии кумакҳо -- Барномаи рушди Созмони Милал ба Кумитаи ҷавонон додааст, дар сарфи 116 726 доллари он сохтакорӣ сурат гирифтааст.

Баъд аз ифшои ин сохтакорӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба ба феҳристи "сиёҳ"-и Бунёди глобалӣ шомил шуд ва дигар ҳаққи гирифтани ёрӣ аз ин бунёдро надорад.

Ин бунёд, инчунин, аз дафтари UNDP ё Барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон талаб кардааст, ки маблағҳои тақаллубшударо бозгардонад. Барномаи рушди СММ ба навбати худ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон тақозо кардааст, маблағҳои бидуни мақсад сарф кардаашро ҷуброн намояд.

Ҳоло Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҷараёни қабули гузоришҳо дар бораи натиҷаи татбиқи грантҳоро сахттар кардааст. Сафарбек Солиев, масъули бахши равобити хориҷии Барномаи рушди СММ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин кор "нишон додани роҳи дуруст ва тарзи дарёфти шаффофи барномаҳои грантӣ ва пешниҳоди ҳисобҳои шаффоф мебошад".

Ӯ гуфт, ин кор баъд аз он сурат мегирад, ки "як ҳодисаи қаллобӣ дар иҷрои амалиёти харидорӣ аз ҷониби як дарёбандаи ин грантҳо - Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризми Тоҷикистон зимни иҷрои барнома дар солҳои 2011-2012 ба чашм расид. Парванда аз ҷониби идораи назорати куллии Бунёди Ҷаҳонӣ бо ҳамкории зич бо идораи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд."

Солиев афзуд, тафтишот ихтилоф дар шеваи харидорӣ, набудани рақобат ва баланд нишон додани нархҳои маводи ғайритиббиро ошкор кардааст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки аз ин қазия огоҳ аст, гуфт, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз зердастонаш дар бораи ин мавзӯъ тавзеҳот хостааст ва зоҳиран аудити дохилии Кумитаи ҷавонон низ дар ҳамин робита анҷом мегирад. Вале қаблан мақомоти Кумитаи ҷавонон гуфта буданд, ки ин грант чанл соли пеш дарёфт ва татбиқ шуда, онҳое, ки он замон дар раъси ин ниҳод қарор доштанд, ҳоло ба корҳои дигар машғуланд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG