Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҳҳоб Воҳидов: "СССР-ро хоинҳо вайрон карданд"


Ваҳҳоб Воҳидов, вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон
Ваҳҳоб Воҳидов, вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон

Сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод бо Ваҳҳоб Воҳидов, котиби собиқи КМ ҲКТ ва вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон.

Ҳоло дар расонаҳо дар бораи 20 соли суқути Шӯравии пешин матолиби зиёд чоп мешавад. Афроди дар он замон масъул низ хотироти худ дар бораи он ҳодисаро баён медоранд.

Дар сӯҳбате, ки бо Ваҳҳоб Воҳидов доштем, пурсидем, ки суқут ва ё аз байн рафтани СССР-ро раҳбарони вақти Тоҷикистон чӣ гуна
Оё Шумо метавонед як корхонаеро номбар кунед, ки он дар замони Истиқлол сохта шуда бошад. Ин роҳҳое, ки мебинед ва ҳар рӯз аз болои онҳо мегузарем, кӣ сохт? Бинобар ин ин ҳама муқоисаҳо бемаъноанд...

пазируфтанд?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Пеш аз он ки дар бораи азҳампошии давлати абарқудрати СССР сухан ронем, мехоҳам як нуктаро ёдовар шавам. Дар моҳи марти соли 1991 бо қарори Анҷумани депутатҳои халқии СССР барои бақои ин кишвар як раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд. 73 дарсади аҳолии СССР барои ҳифзу бақои он раъй доданд. Танҳо камтар аз чиҳил дарсади аҳолии ҷамоҳири назди Балтика аз идомаёбии СССР ҳимоят карданд. Дар Тоҷикистон қариб 93 дарсад ҷонибдори СССР буданд. Аммо бо вуҷуди дастгирии мардум дар натиҷаи вохӯрии хоинонаи роҳбари се ҷумҳурӣ -- Русия, Украина ва Белорус дар Беловежские Пуши, дар вилояти Брест дар наздикии сарҳади Полша, созишномаи сегона баста шуд, ки он давлати абарқудрати СССР-ро пароканда эълон кард. Онҳо давлати сегона ташкил карданӣ буданд. Давлати сегонаи славянӣ. Дар ин санади давлати сегона президенти Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев мебоист имзо мекард, ки нарафту накард.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:51 0:00
Линки мустақим


ГОРБАЧЕВУ ЕЛТСИН ҲАМКОРӢ КАРДАНД

Борис Елтсин
Дар бораи парокандашавии СССР таҳлилу тахминҳо зиёданд. Ҳамчун собиқ депутати халқии СССР иштирокчии ҳама маслиҳатҳо будам. Воқеият ин буд, ки дар байни тақрибан панҷ ҳазор депутатҳои халқии СССР ҳам ягонагӣ вуҷуд надошт. Ба ҳамаи мо мавқеи Михаил Горбачев низ ошкор набуд, ки ӯ аз кадом тараф бозӣ мекунад. Дар дувоздаҳ маҷлиси васеи депутатҳои халқии СССР дар шаҳри Москва иштирок кардам ва мушоҳида мешуд, ки мавқеи Горбачев оҳиста-оҳиста дигар мешавад ва вай ба тарафи парокандасозии СССР ҳаракат дорад. Ҳарчанд имрӯз мегӯяд, ки ман накардам ва намехостам, ин воқеа яку якбора рух дод, аммо ҳаракатҳои ӯ баръакси гуфтаҳояш буд. Горбачеву Елтсин душмани қаттоли якдигар буданд, аммо барои вайрон кардани СССР ҳардуяшон як мавқеъ доштанд. А.Яковлевро, ки 17 соли ахир сафири СССР дар Канада буд, даъват карда оварданд. Ӯ узви Бюрои сиёсӣ ва котиби КМ КПСС баргузида шуд. Ҳамчунин Э.Шеварднадзе, ки ҳоло дар Олмон ба сар мебарад, вазири хориҷӣ ва узви Бюрои сиёсӣ интихоб шуд. Ҳамин гуна хоинҳо пайдо ва ҷамъ шуда як давлати абарқудратро пароканда ва нобуд карданд. Қувваи ГКЧП хост, ки сохторро дигар кунад. Бисёре аз шахсиятҳову роҳбарони онвақтаи ҷаҳон аз ҷумла роҳбарони ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба он муносибати мухталиф доштанд. Роҳбарияти Тоҷикистон бо сарварии Қаҳҳор Маҳкамов тарафдори ГКЧП шуданд. Ман он вақт мудири шӯъбаи кишоварзии Комитети марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон будам. Бюрои КМ ҲКТ ин масъаларо дида баромадааст ва баъд мо низ хабардор шудем, ки онҳо тарафдори ГКЧП ва нигоҳ доштани давлати абарқудрати СССР бо роҳбарии роҳбарони ҳамонвақта Янаев будаанд. Г. Янаев он вақт дар мақоми ноиби президенти СССР кор мекард. Азбаски бо ҳамроҳии ман ҳам дар Кумитаи марказии комсомол кор карда буд, ӯро мешинохтам, вале ҳеҷ боварам намеомад, ки ӯ ин қадар қудрати бузург доштааст. Дар ҳақиқат пас аз се-чаҳор рӯз маълум шуд, ки на, онҳо ҳеҷ қудрате надоштаанд, баръакс давлатро идора карда натавонистанд. Онҳоро бо роҳбарии Елтсин дастгир карданд ва ба ҳабс гирифтанд.

"ХИДМАТ"-И СРУ ДАР СУҚУТИ ШӮРАВӢ КАМ НЕСТ...

Ваҳҳоб Воҳидов дар даврони Шӯравӣ
Аммо дар инҷо дар Осиёи Миёна ва Қафқоз аксари роҳбарони кишварҳо ГКЧП-ро дастгирӣ карданд, албатта, ба ғайр аз давлатҳои Прибалтикаву Украина ва Белорус. Воқеият ин буд, ки он вақт беш аз ҳафтод ва дар баъзе ҷумҳуриҳо навад дарсади аҳолии СССР гумони вайрон шудани он ва шикаст хӯрдани сотсиализмро надошт. Нерӯҳои махсус пайдо шуданд, қувваҳои давлатҳои хориҷӣ, ба мисли СРУ-и Амрико дар пароканда ва суқути СССР кам нест, нақши калон низ бозид. Хоинҳо рӯи об баромаданду зидди давлати шӯравӣ шуданду онро вайрон карданд. Дигар илоҷ намонд, дигар аз дасти касе барнаомад, ки пеши роҳи онҳоро бигирад."

ДУШАНБЕ: ДАР ҲАР КӮЧА ЯК БОЗОР

Озодӣ: Оё имкон дошт, ки давлати Шӯравӣ суқут накунад?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Албатта, бубинед давлати Белорус дар алоҳидагӣ то ба имрӯз он сохторро нигоҳ медорад. Ҳарчанд онро давлати сотсиалистӣ нагӯед ҳам, аммо сохтори давлати Шӯравӣ, аз ҷумла колхозу совхозҳоро пурра нигоҳ доштааст. Корхонаҳо ва фурӯшгоҳҳои давлатӣ фаъолият мекунанд. Чанд нафар аз рафиқон, ки он ҷо сафар доштанд, бо таассуроти хеле хуб бозгаштанд ва таърифи зиёд карданд. Як мисол. Дур намеравем, дар худи Душанбе чанд бозор буд? Ҳоло бинед, ки дар ҳар кӯча як бозор амал мекунад. Чунки корхонаҳо кор намекунанд. Имрӯз ҳам кор намекунанд. Сохтор он сохторест, ки он зуд барқарор мекунад ва ба пеш мебарад. Хуб шояд, дар масъалаи озодиҳо пешравӣ бошад."

ТАРАФДОРОНИ ШӮРАВӢ КОРГАРУ ДЕҲҚОН БУДАНД

Озодӣ: Вале ба ҳар сурат чӣ тавр мумкин буд, ки Шӯравӣ пойдор бимонад?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Тарафдори давлати Шӯравӣ аҳолии оддӣ, пеш аз ҳама синфи коргару деҳқон ва зиёиёни ҷавон буданд. Ҳозир ҳам дар Русия садҳо олимон узви Ҳизби коммунистанд, тақрибан сад нафар олимони бузург, аз он ҷумла Жозеф Алферов, ки чанд соли пеш барандаи ҷоизаи Нобелӣ шуд ва яке аз физикдонони маъруфи ҷаҳон аст. Чунин шахсиятҳо имрӯз низ ҳастанд. Лекин дар давоми ин бист сол аҳолӣ дигар ба сохтори нав одат кард. Дигар парвои онро надоранд, ки кӣ талаву тороҷ мекунад."

"ҲАР ҚАДАМИ МО АЗ БОЛО НАЗОРАТ МЕШУД"

Озодӣ: Дар Шӯравӣ мардум на ҳама вақт аз сиёсати замона розӣ буд. Махсусан дар мавриди риоят нашудани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар бораи набуди озодиҳои мазҳабӣ нигарониҳо ва норозигиҳо зиёд буданд. Оё аз ин вазъ роҳбарон огоҳ буданд ва онро баррасӣ мекарданд?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Албатта. Як масъалаи хеле муҳим аст, ки мардуми оддӣ ва шояд журналистон низ ба он он қадар аҳамият намедиҳанд. Давлати абарқудрати СССР, хусусан ҷамоҳири бародарӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар зери назорати сахттарини КПСС қарор дошт. Масалан, ман котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон будам. Ҳар як қадами мо аз боло назорат мешуд. Соли 1985, вақте Раҳмон Набиев рафтанду Қаҳҳор Маҳкамов омаданд, аз Маскав супориш омад, ки 25 нафар ҷавони серғайрати рус бояд дар вазифаи котиби дуюми райкомпартияҳои Тоҷикистон ба кор ҷалб шаванд. Мо розӣ набудем ва гуфтем, ки мо дар худи Тоҷикистон русҳоро дорем ва барои овардани русҳо аз Русия зарурат нест. Мисол як нафар буд бо исми Лунов. Вай дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо дар вазифаи котиби дуюми райком кор кард ва сипас котиби якуми ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Ӯ забони тоҷикиро медонист. Аммо мо илоҷе

надоштем. 26 нафар ҷавони 28-30-сола омаданд ва ҳама дар тамоми ҷумҳурӣ дар вазифаи котиби дуюми райкомпартия ба кор пардохтанд. Баъд аз як-ду сол ҳатто бархе аз онҳо котиби аввал ҳам баргузида шуданд. Ин гуна муносибат, албатта, бар зарари кор буд, аммо мо овоз надоштем, гапи моро касе гӯш намекард.

"МО ОВОЗ НАДОШТЕМ"

Барои мисол, ман ҳамчун котиби Кумитаи марказӣ узви бюрои КМ, ки масъалаи Тоҷикистонро ҳал мекард, овоз надоштам, моро гӯш намекарданд. Дар худи мақомоти марказии Тоҷикистон ҳам барои мисол Лучинский Петр Кириллович котиби дуюми ҲК, раиси КГБ-и Тоҷикистон В. Петкел, прокурори генералӣ Г. Михайлин рус буданд. Дигар чӣ кор ҳам мекардӣ? Вақте Салоҳиддин Ҳасанов, котиби якуми вилояти Кӯлобро ҳабс карданд, ману Ғоибназар Паллаев дар пайи иҷрои супориши роҳбарият бо ҳадафи ташкил кардани вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб қарор доштем. Рӯзи шанбе буд, ки Қаҳҳор Маҳкамов телефон карда гуфт, ки зуд баргардед. Мо гуфтем, Қаҳҳор Маҳкамович ҳанӯз масъалаҳоро то ба охир нарасонидаем. Маҷбур шудем ҳамаи роҳбарони навоҳӣ ва вилоятро ҷамъ ва дар бораи ташкил кардани вилояти Хатлон сӯҳбат кардему соати даҳ бо ҳавопаймои ҳукуматӣ баргаштем ба Душанбе. Ҳасанов моро гусел карда ба кабинеташ меравад, ки ӯро ҳабс мекунанд. Аммо ҳабскунандаҳо кӣ? Ҷонишини прокурори генералӣ - рус, намоянда аз Кумитаи бехатарӣ - рус, ҷонишини прокурори вилояти Кӯлоб - рус аз тарафи КМ-и ҲКТ Сухов мудири шӯъбаи корҳои ташкилии КМ, ки ӯ ҳам дар ҷараёни дастгиркунии Ҳасанов ширкат доштааст. Ӯро рӯзи бозор ба Душанбе оварданд ва бюрои КМ пешниҳод кард, ки аз ваколати депутатиаш маҳрум созанд ва дар охир ба зиндон равонааш карданд. Касе чизе нагуфт. Дар бюрои КМ ҳам моро намонданд, чизе бигӯем, лозим нест гуфтанд. Гуфтанд: “Пусть доложит Михайлин, что он вор". Михайлин баромад карду гуфт: "Да, он вор". Онҳо ҳамин тавр ҳам карданд, ки ӯ дузд асту ину он аст. Дедов як ҳуҷҷатро овард, ки мебоист Шӯрои олӣ мутобиқи он қарори худро иттихоз карда ва ваколати Ҳасановро қатъ созад. Бисёриҳо то ба имрӯз нафаҳмидаанд, ки мо дар зери ниқоби Русия кор мекардем. Ин камбудии якуми давлати Шӯравӣ буд.

ХАТНАСУРИ ПИНҲОНӢ

Дуюм, ин мушкилии муносибат бо дин. Ҳатто дар ин соҳа мушкилӣ то ба ҳадде расид, ки Ҷаббор Расулов ҳам хандида мегӯяд, ки кадом мусулмон бе тӯйи суннатӣ зиндагонӣ мекунад. Худи ман тӯйи суннатии ягона писарамро надонистам, ки чи гуна баргузор шудааст. Дар вақти дамгирӣ, моҳи август назди падару модари ман волидони завҷаам меоянду хатнатӯйи ӯро барпо мекунанд, ки аз он мо хабардор не. Баъд аз як сол мебинам, ки вай хатна шудааст. Ё масалан гӯручӯбкунии майит. Мувофиқи дини Ислом бояд ҷаноза
хониву баъд гӯр кунӣ. Мардум маросими мотами худро дар панҷи саҳар анҷом медод, ки касе нафаҳмаду хабар нарасад. Дар шаҳри Хуҷанд ягон маротиба соати ҳашт гӯручӯб намешуд, соати панҷи саҳар мешуд. Садои тоҷиконро касе ба эътибор намегирифт."

ДАР БОРАИ НАВРӮЗ ВА СССР

Озодӣ: Ба анъанаву урфу русуму одати мардум эҳтиром гузошта намешуд?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Эҳтиром намегузоштанд, аммо мардум аз онҳо дур ва бегона нашуд. Барпо намудани иди Наврӯз ҳам мушкилиҳо эҷод кард. Бори аввал дар бюрои Комитети марказӣ тахминан охири солҳои 70-ум Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Осимӣ ва дигар олимону забоншиносон омада як маҷлисе ҳам оростанд. Он ҷо гуфтанд, ки Наврӯз иди мусулмонон аст, аммо он ба дини Ислом ҳеҷ рабте надорад. Расулов баъд гуфт, ки хайр, майлаш набошад, бинависед дар газетаҳо бо чанд забон, забони тоҷикиву русиву англисиву узбакӣ эълон диҳед. Ба ҷаҳон эълон кунед гуфт. Гуфт на фақат мо дар чунин вазъем, дар Узбакистону Қирғизистону Туркманистону Қазоқистону Қафқоз ва ҳатто дар худи Тотористону Бошқирдистон ҳам ҳамин тавр аст. Мо аз боло вобаста ҳастем,онҳо моро гӯш намекунанд, бинависед, исбот кунед. Баъд онҳо маслиҳат карда бо ҳамроҳии шоири машҳури Доғистон Расул Ғамзатов, нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов якбора ба ҳуҷум гузаштанд. Дар дохил низ ташкил кардем, ки шоирону нависандагон дар ин бора бештар бинависанд. Аз ҳамон соли 1978-ум инҷониб ҷашн гирифтани иди Наврӯз шурӯъ шуд."

Озодӣ: Ба чанд забон ва ба кадом хотир?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Ба он хотир, ки то ҷаҳон аз зери идеологияи рус қарор доштани моро бифаҳмад. Ба ғайр аз ин, тамоми сӯҳбатҳо дар сатҳи болоӣ ҳатто дар шаҳру ноҳияҳо низ сӯҳбатҳо бо забони русӣ баргузор мешуд. Агар касе забони модарии худ - тоҷикиро дар сатҳи аъло медонисту аз русӣ чандон балад набошад, ӯро ба кор қабул намекарданд. Ин ҷо намешавад, ки роҳбарони кишварҳои Шӯравиро ба тарсуӣ муттаҳам кард, чунки ҳама аз марказ вобаста буданд ё ҳамин тавр ва дар чунин шароит кор мекунӣ ё меравӣ аз вазифа."

Озодӣ: Сиёсати иқтисодии СССР сиёсати нақшаӣ буд, барои ҳар панҷ сол он тарҳрезӣ мешуд. Аз он ки бештари ин нақшаҳо дар рӯи коғаз мемонданд, мегуфтанд, ки СССР аз лиҳози сиёсӣ шикаст нахӯрад ҳам, вале иқтисодиёти он оқибат сарашро хоҳад хӯрд. Фикри Шумо дар ин бора, ки оё воқеан сиёсати иқтисодии СССР нодуруст ба роҳ монда шуда буд?

СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ ШӮРАВӢ

Ваҳҳоб Воҳидов: "Аз нуқтаи назари иқтисодӣ сиёсати иқтисодии давлатии СССР ба ақидаи ман дуруст буд. Барои чӣ? Якум, барои, масалан, боло бурдани иқтисодиёти Тоҷикистон ин сиёсати иқтисодӣ бисёр муфид буд. Дуюм, мо ду буҷет доштем. Буҷети РСС Тоҷикистон, барои мисол солҳои 1988-90 дувуним миллиард сӯм буд. Ин рақам баробар ба 3,2-3,5 миллиард доллар аст. Аз ин зиёдтар боз буҷети СССР барои Тоҷикистон буд. Аз соли 1971 то соли 1992 беш аз 200 ҳазор гектар замини нав аз худ карда шуд. Сохтмони заводи алюминиюми тоҷик, ГЭС-и Норак ва дигар иншооти бузург
Ваҳҳоб Воҳидов ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

аз ҳисоби буҷаи СССР сохта мешуданд. Барои чунин объектҳо аз буҷаи Тоҷикистон як тин ҳам ҷудо карда намешуд. Мо фақат бо қувваи корӣ таъмин мекардем. Ғайр аз ин, дар тамоми СССР системаи ягонаи истифодаи қувваи барқу об амал мекард. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, РСС Тоҷикистон ҳар сол аз ҳисоби буҷаи СССР З ҳазору 500 трактор, 2 ҳазору 500 мошини боркаш, то 500 мошин барои мутахассисон, то 200 увазик меомад барои роҳбарони колхозу совхозҳо, барои системаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон. Мо тахмин 170-200 номгӯи таҷҳизоту маҳсулотро дар рӯйхати умумии Госплани СССР ва Госагропроми СССР медаровардем, ки ин барои Тоҷикистон хеле судманд буд."

АММО ЯККАЗИРОАТИ ПАХТА

Озодӣ: Манзурам ин буд, ки оё мо дар баробари сиёсати иқтисодии кишварҳои ғарбӣ дар маҷмӯъ истодагариву рақобат карда метавонистем?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Албатта. Барои он ки давлати ягона буд ва маблағҳои калон барои пешрафту тараққиёти иқтисодиёт аз ҳисоби буҷаи СССР ҷудо карда мешуданд. Ин манфиати муштарак дошт. Система чунон буд, ки мисол мо пахта кишт ва истеҳсол мекардем ва барои ин маблағгузории хуб ва кофӣ сурат мегирифт. Давлат онро худ мехарид. Харидор намекофтед. Ман масъули ҳамин соҳа будам. Он вақт 22 корхонаи коркарди пахта фаъолият мекард. Ҳар сол моҳи июн ман бояд 250 тонна нахи пахта аз рӯи нақшаи умумӣ ба корхонаҳои шаҳрҳои Иванов, Ярослав ва низ Белорус мефиристодам. Агар 258 тонна бифиристам, яъне нақшаро 101,5 фоиз иҷро кардам. Назорат ва иҷрои кор мутамаркиз буд. Мо бошем, мисол аз ҳамин 300-350 ҳазор тонна нахи пахтаи истеҳсолшаванда 15-20 ҳазорашро барои истеҳсоли маҳсулоти худи Тоҷикистон мегузоштем ва 270 000-и онро аз рӯи нақшаи Госплани СССР ба корхонаҳои саноатии коркарди пахта аз кишвраҳои соҳили Балтик сар карда то Белорусу Украинаву Русия мефиристодем, ки аз давлати СССР берун намебаромад. Мо дар навбати худ ҳар сол аз рӯи нақшаи умумӣ 30 ҳазор тонна гӯшт, 270 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ, 600 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ, 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 150 ҳазор тонна бензин мегирифтем. Боз маҳсулоти иловагӣ ба ними нарх оварда мешуд, ки ин як навъ ёрӣ ба соҳаи кишоварзӣ буд."

ОЁ ХУҶАНДИҲО ФАҚАТ ШИМОЛРО ОБОД КАРДАНД?

Озодӣ: Баъзеҳо бар он назаранд, ки дар давоми давлатдории Тоҷикистони Шӯравӣ, ки ҳукумат ба дасти хуҷандиҳо буд, онҳо кӯшиш карданд, ки бештар вилояту шаҳрҳои шимоли Тоҷикистонро обод созанд. Оё ин баҳогузории дуруст аст?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Вақте вилояти Хатлон ташкил мешуд, чунин саволҳо он ҷо низ дода шуданд. Якум, ин қисмати зиёди Роҳи абрешим аз вилояти Суғд мегузашт. Дуюм, роҳи оҳан ҳанӯз аз соли 1896 ба ноҳияи Нов (Спитамени ҳозира) ва ноҳияи Ҷаббор Расулову шаҳрҳои Чкаловску Конибодому Хуҷанд кашида шуданд. Ин роҳ 200 километрро ташкил дода, дар он асосан русҳо хидмат мекарданд. Ҳанӯз дар солҳои 1907-1909 дар Хуҷанду Конибодом
Дар яке аз конфронсҳои Ҳизби коммунист дар Маскав

мактабҳои русӣ ба фаъолият оғоз карданд. Ғайр аз ин, ҷавонон дар шаҳрҳои Бокуву Тошканду вилоятҳои Русия таҳсилу кор ва хизмат низ мекарданд. Бинобар ин корхонаҳои аввалин ҳам аз ҳисоби он, ки он ҷо кадрҳои маҳаллии омода ба кор дорад ва кадрҳои рус ба минтақаи ҷануб омаданашон душвортар буд, қисмати шимоли кишвар нисбатан пешрафт кард. Танҳо соли 1929 роҳи оҳан то ба шаҳри Душанбе оварда шуд ва ин табиист, ки он тараф бештар тараққӣ кард. Ба ҷуз ин, дар ҷануби кишвар ба ғайр аз маҳсулоти ғалладона чизе истеҳсол намешуд. Пахтакорӣ соли 1932, пас аз ба истифода додани канали Вахш шурӯъ шуд. Ба минтақаи Кӯлоб умуман роҳ набуд. Ба ин чизҳо аҳамият додан лозим. Бинобар ин, ин гап дуруст аст, ки минтақаи шимоли Тоҷикистон бештар рушд ёфт. Ғайр аз ин, бе кадри маҳаллӣ чӣ тавр мешавад чизе сохт. Мисол, мо хостем, ки сехи истеҳсоли гилемро дар ноҳияи Данғара созем бо роҳбарии Адолат Раҳмонова, собиқ котиби якуми кумитаи ноҳиявии ҳизб, шахси бисёр мӯътабар. Ташкил ҳам кардем. Духтарон аз Хуҷанд омада корро шурӯъ карда чанд моҳе истеҳсолро ба роҳ монданд. Онҳо рафтанду сех баста шуд. Кадр набуд, охир."

ВАЗЪРО ДАР БАЪЗЕ КИШВАРҲО БА ТАВРИ СУНЪӢ ТАЙҒИР МЕДИҲАНД

Озодӣ: Парокандашавии СССР-ро, ки воқеан як давлати абарқудрат буд ва худи Шумо, ки дар сари вазифа ҳам будед, чӣ гуна таҳаммул кардед?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Бовар дорам, барои бештари нафароне, ки сари вазифа буданд, он вақт ин як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Ҳарчанд ки заминаро дар худи давлати Русия чанд сол пеш омода карда буданд. Албатта, ин ҷо нарасидани маҳсулоти ғизоӣ, холӣ будани бозору мағозаҳо ҳам сабаб шуданд. Худи русҳо корро ташкил карда натавонистанд ва ниҳоят қисми ками аҳолӣ ҳам бошад гурӯҳе аз мардум зидди коммунистон шуд. Ин ҷо нақши русҳову роҳбарони коммунистҳо хеле калон аст. Ҳама ҷо холӣ шуда буд ва дар хотирам ҳаст, ки дар шаҳри Маскав як шиша арақ пайдо кардан проблема гардид. Дар Тоҷикистон мо дидем, ки солҳои 94-95 мардум барои як дона хлеб гирифтан занозанӣ мекарданд. Аҳолӣ дигар ба ҳамаи ин тоқат карда ҳам наметавонист. Таҳти шиори озодӣ зиддиятҳои зиёд пайдо шуданд. Имрӯз низ вазъ дар баъзе кишварҳо ба таври сохта тағйир дода мешавад. Либияро бинед, ки яке аз давлатҳои пешрафтатарини ҷаҳон буд ба чӣ ҳол гирифтор карданд? Путин дар Дания рӯирост гуфт, ки кӣ ба роҳбарони баъзе давлатҳо ҳуқуқи несту нобуд кардани давлатҳои дигарро додааст. Ҳарбиёнро мефиристанд, бомбаборон мекунанд. Кӣ ҳуқуқ дод? Маҳсулоти умумидохилии давлати Либия ба ҳар як сари аҳолӣ 14 250 долларро ташкил мекунад. Дар давлати мо, масалан, 700 доллар. Дар давлати пешрафтатарини ИДМ Қазоқистон нӯҳ ҳазор аст. Русия 3,5 ҳазор. Чин бо ин қадар қудраташ 4,5 ҳазор. Акнун бубинед, фарқро, ки аз то куҷо то ба куҷост. Дар Либия газ, барқ, об, маориф, табобат, хона бепул аст. Ва ба ҷавонон дар рӯзи ақди никоҳ 67 ҳазор доллар аз тарафи давлат ҷудо карда мешавад. Барои кӯдаки аввал 7 000 доллар ва агар мошин харад бо нархи 50 дарсад аз бозор арзон медиҳанд. Он ҷо вазиру вазорат нест. Гурӯҳи олимону мутахассисон ва шахсони обрӯманди маҳал якҷо шуда пешниҳод мекунанд."

"ҲАНӮЗ ДАР БУНБАСТ ҚАРОР ДОРЕМ"

Озодӣ: Ба ҳар сурат аслан интизор набудед, ки СССР пош мехӯрад?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Ман дар қатори 90 дарсади аҳолӣ ба ин бовар надоштам. Чунки давлате буд, ки Америка аз он метарсид. Вақтҳои охир аз комёбиҳову муваффақиятҳои замони Истиқлол зиёд мешунавем. Махсусан дар бораи роҳсозӣ мегӯянд, ки ҳатто СССР

чунин роҳҳоро сохта натавонист. Мегӯянд, ки мо пеш дар муҳосира будем, дар бунбаст қарор доштем ва ҳоло ба ҳама манотиқи кишвар васл ҳастем. Аммо аз ёдашон бурдаанд, ки ба нархи 15 рубл билет харида бо ҳавопаймо аз Душанбе ба ноҳияи Панҷакент мерафтед ва ё бо 6-уним сӯм ба ноҳия Айнӣ ва ё 15 рубл ба самти Самарқанд. Роҳкирои автобус ва поезд боз ҳам арзонтар буд. Бо ин ҳама таърифу ситоишҳои дур аз воқеият фикр мекунед, киро гӯл заданӣ ҳастанд, дар ҳоле ки дуруст ҳоло дар муҳосира қарор дорем. Ба ақидаи ман, ҳамчун яке аз роҳбарони собиқи Тоҷикистон озодиро мо доимо ҳис мекардем. Ҳар сол мо 170 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба дигар давлатҳои Шӯравӣ - Русия, Қазоқистон ва Туркманистон мефиристодем. Аз он тараф барои мо таҷҳизот, техника, чӯбу тахта ва маводи сӯхт мефиристоданд. Бале, проблемаҳо ҳам буданд. Масалан, ба давлатҳои арабӣ мусофират кардан номумкин буд. Аммо ҳеҷ изолятсия набуд. Баръакс мо сарҳад надоштем. Танҳо ба самти Узбакистон ҳар рӯз ду ҳавопаймо мепарид. Бо шиносномаи СССР дар тамоми ҷаҳон мегаштӣ, оила месохтӣ, рафтуомад мекардӣ, мушкилӣ вуҷуд надошт. Арзонӣ буд, маош то ба охири моҳ мерасид. Як халта орд 13 ва як кило шакару як кило равған 80 тин буд. Маош барои як хонаводаи иборат аз 5-6 нафар баҳузур мерасид. Роҳи Помирро кӣ сохт? Роҳҳое, ки ҳамин ҳоло мумфарш мешавад, кӣ ва кай сохта буд? Ҳамин роҳҳои Анзобу Шаҳристонро чӣ? Ин ҳама нақшаҳоро СССР омода карда буд. Оё Шумо метавонед як корхонаеро номбар кунед, ки он дар замони Истиқлол сохта шуда бошад. Ин роҳҳое, ки мебинед ва ҳар рӯз аз болои онҳо мегузарем, кӣ сохт? Бинобар ин ин ҳама муқоисаҳо бемаъноанд. Замони охири ҳукумати Шӯравӣ, солҳои 1989-90 ҷангу ҷидолҳо оғоз ёфтанд. Аз вилояти Фарғонаи Узбакистон сар шуд, масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ миёни арманиҳову озариҳо, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва дар Қафқози шимолӣ низ ҷангҷолҳои зиёде рух дод. Дар Тоҷикистон низ чунин шуд, дар Қирғизистон то ҳол муноқиша давом дорад. Ман, албатта, ҳеҷ шакке ҳам надорам, ки дар давоми Истиқлолият мо ба муваффақиятҳои калон нойил шудем."

ХРУШЕВ, ӮЛҶАБОЕВ ВА "МОЙ СЫН"

Озодӣ: Обрӯву эътибори мардуми тоҷик миёни дигар халқҳои СССР ва махсусан дар сатҳи роҳбарии давлати Шӯравӣ дар Маскав чӣ гуна буд?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Аз рӯи тақсимот миёни 15 давлати бародари Шӯравӣ ҳар як давлат соҳиби ҷойгоҳу эътибори худ буд. Дигар ин ки аз ҳисоби аҳолӣ Русия, Украина, Белорус, Озарбойҷон ва давлатҳои соҳили Балтик, ба ҷуз Эстония, мақомашон муайян мешуд. Ҷойгоҳ аз рӯи маҳсулоту масоҳату аҳолӣ таъйин мешуд. Мо аз Туркманистон пеш меистодем. Ҳатто Қирғизистон аз мо бештар рушд кард ва бештар маҳсулот истеҳсол мекард. Бинобар он дар вақти баромадҳо, суханрониҳо дар марказ ва ё бо иштироки намояндаи марказ аз рӯи ҳамин принсип навбат дода мешуд.Вале гоҳ-гоҳе ин «муқаррарот» риоя намешуд. Масалан, дар шастсолагии Никита Хрушев, вақте ҷаласаро ифтитоҳ мекунанд ва мепурсанд, ки кӣ баромад мекунад, Турсун Ӯлҷабоев, котиби аввали КМ ҲКТ, аввал шуда суханронӣ мекунад. Хрушев таъриф карда мегӯяд, ки бубинед давлатҳои хурд чӣ гуна тараққӣ кардаанд. Ба ҷойи он ки аввал маро аъзои политбюро баромада табрик кунанд, Ӯлҷабоев ин корро анҷом дод. Хрушев Ӯлҷабоеваро «мой сын мегуфт». Аз рӯи қоида аввал Хрушевро мебоист намояндаи давлати Украина, баъди он Белорус ва давлатҳои соҳили Балтик ва Қазоқистону Узбакистон табрик мекарданд, аммо Ӯлҷабоев аввал баромад кард."

БАРТАРӢ БА РУСИДОНҲО ДОДА МЕШУД...

Озодӣ: Оё ҳарфи аввалу охирро дар худи Тоҷикистон ҳам русҳо мегуфтанд? Чун Шумо аз он нороҳатӣ кардед, ки русҳоро аз Русия мефиристоданд то болои мардуми Тоҷикистон як навъ роҳбар бошанд. Оё миёни роҳбарони тоҷик мисли Шумо аз ин иқдомҳои Маскав эътирозе ҳам мешуд?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Ин ҷо ба худи шахс вобаста буд. Масалан, ман агар медонистам, ки дар кори худам ҳақ ҳастам, дар Бюрои КМ ҲКТ дуруст кор карда истодаам, суханронии сахт мекардам. Баъзан Қаҳҳор Маҳкамов намегузошту мегуфт «все, все понятно.» Петкел,

Сухов ва Лучинский ҳам узви бюрои КМ буданд. Ман натарсида ҳарфи худамро мегуфтам, баъзеҳо худдорӣ мекарданд. Ёд дорам дар яке аз маҷлисҳои Госагропроми Тоҷикистон, ки Михайлин низ он ҷо ҳузур дошт, як раиси воҳиди кишоварзӣ аз ноҳияи Кофарниҳон суханронии сахт кард, ки Михайлин нороҳат шуду луқма партофт. Ман гуфтам, «товарищ Михайлин прекратите разговоры, пусть он выскажет свою точку зрения». Ҳол он ки баъзеҳо бо Михайлин ҳатто аз гапзанӣ ҳарос мекарданд. Ба ҳар сурат он вақт бартарӣ пеш аз ҳама ба забони русӣ ва шахси русидон дода мешуд."

Озодӣ: Имрӯзҳо мардуме аз Истиқлолият меболанд, ки пеш ҳеҷ хоҳони он набуданд. Онҳо аз чӣ ин қадар меболанд, ба фикри Шумо?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Истиқлолият дар ҳақиқат ин ғалабаи калони Тоҷикистону тоҷикон аст. Забони тоҷикиро забони давлатӣ мақоми давлатӣ додан пирӯзӣ аст. Пирӯзии дуюми мо ин аст, ки то замони Истиқлолият ягон нафар тоҷик аз минбарҳои калони ҷаҳонӣ суханронӣ накарда буд. Дар ин бист сол президенти кишвар 12 маротиба баромад кард ва аз проблеммаҳои тоҷикон, мубориза бо маводи нашъаовар, терроризму экстремизм, вазъияти Афғонистон сухан гуфт. Пештар фикрҳои зиёд буданд, аммо онҳоро озодона гуфта намешуд."

"ФИКР МЕКУНАНД, ИН ҲАМА ҚАСРУ МОШИН, КИ ДОРАНД КАМ АСТ"

Озодӣ: Оё фикр намекунед, ки аз ин Истиқлолият танҳо гурӯҳе бурд кард? Ҳамарӯза сафи муҳоҷирон афзоиш дорад. Оё бо ин ки мо нишону парчам дорем, дар ҳоле ки дар замони Шӯравӣ ҳам инҳо буданд, метавон мушкилоти мардумро кам кард?

Ваҳҳоб Воҳидов: "Он замон аз болои ҳар як роҳбар боз назорати ҷиддӣ сурат мегирифт. На танҳо дар мо дар кишварҳои соҳили Балтик ва ҳамсоядавлатҳо низ вазъият чунин буд. Мо корҳои асосиро ҳатман ба Маскав маслиҳат мекардем. Ягон маҷлису конференсия ё тантанаеро бидуни ризоияти Маскав баргузор намекардем. Ман ҳам имрӯз аз Истиқлол меболам, чун дигар мо озод шудем. Бале, камбудиҳо низ зиёданд. Инро ҳам инкор кардан наметавон, ки аз он бештар як гурӯҳ манфиат бардоштанд. Гурӯҳи тоҷикони нав мегӯем, ки барояшон чунин менамояд, ки ҳоло ҳам ин ҳама қасрҳорову мошинҳову занҳо, ки доранд кам аст. Инҳоро президент ҳам медонад ва гоҳо ишораҳо ҳам мекунанд. Давраи гузариш дар давлатҳои Аврупо ҳам даҳсолаҳо давом кард. Мо акнун баъди фурӯ рафтани СССР бистсола шудем ва вақт дорем, ки дар оянда аз камбудҳо пок шавем, рӯ ба як зиндагии арзанда ниҳем. Мо бояд якҷоя кор кунем, то соҳиби музаффариятҳо шавем дар оянда."

Зиндагиномаи Ваҳҳоб Воҳидов

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 11-уми июни 1940 дар оилаи косиб таваллуд шуда, соли 1956 мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм мекунад. Факултаи иқтисодиёти кишоварзии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи сурх ба анҷом расонидааст.

Фаъолияти кориаш аз воҳиди кишоварзии ба номи Ленини ноҳияи Конибодом оғоз мешавад. Сипас, котиби якуми кумитаи комсомол ва депутати шаҳрӣ интихоб мешавад. Соли 1969 дар кумитаи марказии комсомоли Шӯравӣ дар шаҳри Маскав ба ҳайси нозири комсомоли ҷумҳурии Белорус кор мекунад. Дертар ба Тоҷикистон бармегардад ва дабири аввали комсомоли вилояти Ленинободи собиқ таъйин мешавад.

Аз соли 1997 барои кор ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даъват мешавад ва ба ихтиёри ӯ мудири шӯъбаи кишоварзиро мегузоранд. Соли 1986 Котиби Кумитаи марказии ҲКТ интихоб мешавад. Соли 1988 ҷонишини якуми раиси Совети вазирон ва раиси Госагропроми Тоҷикистон таъйин мегардад. Чанд навбат аз ноҳияҳои Ашту Конибодом депутати халқии СССР интихоб ва соли 1991 вазири кишоварзӣ таъйин шудааст.

Ҳоло бознишаста аст. Доктори илмҳои иқтисодӣ. Соҳиби чаҳор фарзанд.
XS
SM
MD
LG