Пайвандҳои дастрасӣ

Азиз Гиёев: Раиси нави Бадахшон ду-се забон ва технологияҳои навро медонад


Азиз Гиёев

Азиз Гиёев

Азиз Гиёев, собиқ муовини раиси вилояти Бадахшон бо амри президенти Тоҷикистон рӯзи 19 ноябр раиси нави ноҳияи Шуғнон таъйин шуд.

Азиз Гиёев, собиқ муовини раиси вилояти Бадахшон бо як амри президенти Тоҷикистон рӯзи 19 ноябр раиси нави ноҳияи Шуғнон таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Шодихон Ҷамшедовро иваз кард, ки ба вазифаи раиси вилояти Бадахшон таъйин шудааст.

Дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ, баъди анҷоми маросими таъйинот дар назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси нави ноҳияи Шуғнон ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод. Азиз Гиёев гуфт, ки аз ин таъйиноташ розӣ аст ва омода аст барои ободии ин ноҳия талош ба харҷ диҳад.

  • Сиёсати дарҳои бози ҷаноби олӣ ба ҷавонон таваҷҷӯҳи зиёдро равона кардааст. Ӯ ба ман ҳамчун ба як кадри ҷавон бовар кард, - гуфт ӯ.

Дар ҳоле, ки раиси собиқи вилояти Бадахшон Қодири Қосим барои сӯҳбат дар бораи таъйин шуданаш ба вазифаи раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ омода нашуд, бархе ба ин назаранд, ки тағйироти мазкур дар асл аз лиҳози сиёсӣ вазифаи поинтар ҳисоб мешавад. Вале аз назари А.Гиёев, вазифаи мазкур хеле муҳиму пурмасъулият аст, чун бояд барои тамоми сармояҳое, ки ба кунҷу канори ҷумҳурӣ ворид мешавад, ҷавоб диҳад ва бо сармоягузорони хориҷӣ дар тамос бошад. Дар бораи раиси нави вилоят Шодихон Ҷамшедов, ки аз вазифаи раиси собиқи ноҳияи Шуғнон ба ин мақом баланд шудааст, ӯ гуфт:

  • Ҷамшедов ҳам як кадри ҷавон ва пурмасъул аст. Вай тахминан панҷ сол раиси ноҳияи Шуғнон, пеш аз ин сардори раёсати тандурустӣ буд. Ду-се забонро медонад, аз намояндагони насли нави огаҳ аз технологияҳои замонавӣ аст.

Ба саволи Озодӣ оид ба чолишҳову барномаҳои аввалиндараҷаи масъулини нави Бадахшон, бо назардошти хушунатҳои тобистони соли 2012 ва амалиёти низомии нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, ки баъди куштори раиси бахши бадахшонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал Абдулло Назаров ба роҳ монда шуд, дар чист, Гиёев гуфт:

  • Баъди ташрифи ҷаноби олӣ як нақшаи чорабиниҳои муҳим таҳия шудааст. Он 37 бандро дар бар мегирад. Он ҳамаи ноҳияҳоро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои беҳбуд бахшидани ҳаёти сокинони маҳаллӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии вилоят зикр шудаанд. Ин барномаҳо аз таъмини лӯлаҳои оби нӯшокӣ барои манотиқи маҳрум аз об то сохтмони мактабҳоро дар назар мегиранд. Масъалаҳои сиёсиро низ аз мадди назари худ дур намекунем, - гуфт Гиёев.

Таъйиноти рӯзи 19 ноябр бахши аввали тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон аст, ки баъди пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 6-уми ноябр ва савгандёдкунии ӯ дар ин мақом дар таърихи 16 ноябр шурӯъ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG