Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи тозатаъстиси футболбоздухтарони Кӯлоб дар нахустин бозиаш як тими писаронаро мағлуб кард.

Фотима ва Заҳро Кенҷаеваҳо, аз нахустин духтароне ҳастанд, ки қолаби анъанавиро шикаста, дар Кӯлоб бори аввал дастаи футболи духтаронро ташкил карданд. Ин хоҳарони дугоник 19-солаанд ва гурӯҳи онҳо бештар аз 20 нафарро ташкил медиҳад.

Фотима Кенҷаева -- донишҷӯи соли дуюми парасторӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ва асосгузори дастаи футбол ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шавқ ба ӯ ва хоҳараш аз кӯдакӣ даст додааст. Онҳо дар дарси тарбияи ҷисмонӣ бештар ба футбол сару кор гирифта, бо ҳамсабақони писари худ футболбозӣ мекардаанд. Ӯ меафзояд, бо ин мақсад, аз устодаш хоҳиш кардааст, то ба таъсиси ин даста кумак кунад.

Бонуи Кенҷаева мегӯяд: "Баъд аз таъсиси ин даста, мо дар сабқатҳои шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро гирифта будем. Дар рӯҳои 19 ва 20 март дастаи мо дар мусобиқаи минтақаии байни бонувон ширкат кард. Дар он мо 4 дастаро мағлуб карда, дар садри ҷадвал қарор гирифтем. Ҳоло кӯшиш дорем, ин ҳунарро такмил дода, дар сабқатҳои байналмилалӣ иштирок кунем."

Замоне ки тасмими таъсиси дастаи футболбозони духтаронаро шуниданд, бисёриҳо хандиданд. Аммо ин ҷавондухтар мегӯяд, ба таъсиси даста муваффақ шуд ва бовар дорад, ин дастаи кӯчакро то майдонҳои бузург хоҳад бурд.

Саид Мирзоев

Саид Мирзоев

Саид Мирзоев, мураббии футболбозони дастаи духтарона ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таъсиси даста хеле заҳмат кашидааст. Ба гуфтаи Мирзоев, аксари падару модар аз роҳи интихоб кардаи духтаронашон розӣ набудаанд. Ӯ мегӯяд, дар пайи пофишории духтарон барои таъсиси ин даста, бо падару модарони розинашуда мулоқот ороста, дар пайи розӣ шудан аз онҳо забонхат гирифтааст, то духтарро барои роҳи интихобкардааш танбеҳ надиҳанд.

Ҷаноби Мирзоев афзуд: "Ростӣ, асосгузори футболи занона дар минтақаи Кӯлоб худи ҳамин духтарон ҳастанд. Вақте ба ман муроҷиат карданд, бо розигии роҳбарияти коллеҷ ин дастаро таъсис додам. Ҳозир он аллакай шӯҳратёр гаштааст. Ҳарчанд ҳаст нафароне, ки зид мебароянд, вале духтарон шавқ доранд, аз ин хотир имзоҳои падару модарро гирифта, онҳоро дар ин ришта ҷалб намудем."

Ҳоло ин даста омодааст, бо тими писарона низ мусобиқа кунад. Манучеҳр Розиев, яке аз ҳамсабақони Фотима, ки дар дастаи писаронаи

футбол бозӣ мекунад, мегӯяд, аксари одамон ба ин духтарон аҳсан мегӯянд. Ба гуфтаи Манучеҳр ин дастаи духтарона бо дастаи онҳо рақобат карда, пирӯз омадааст.

Аммо Насибаи Табаралӣ, яке аз бозигарони дигари дастаи духтаронаи футбол гуфт: "Ман на танҳо футбол бозӣ мекунам, балки ба бокс низ сару кор дорам. Хайр, дар ҷомеаи мо ҳаст нафароне, ки суханҳои қабеҳ мегӯянд, аммо маро номуси духтарӣ бештар ба ин чиз ҷалб мекунад ва ман машқамро тарк нахоҳам кард."

Ҳарчанд баъзе аз хонаводаҳо аз роҳи интихобкардаи духтарон розӣ нестанд, аммо тасмими онҳо яктост. Ҳатто онҳо бар ин ақидаанд, ки баъди ба шавҳар баромадан низ ин дастаро тарк нахоҳанд кард. Аммо муррабии даста мегӯяд, то даста аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ наёбад, дур рафта наметавонад. Дастаи духтарони футболбоз дар назди Коллеҷи тиббӣ дар ҳоле ташкил шуд, ки сентябри соли 2015, 70-солагии донишгоҳи Кӯлоб таҷлил мегардад ва дар он раисиҷумҳур ширкат мекунад. Дар ин росто ин духтарон дар назди раисиҷумҳур маҳораташонро нишон дода, умед ба он бастаанд, ки сарпарасти хубе аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо тавсия мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG