Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯсҳои мактабхон. Чаро духтарҳои ноболиғро номзад мекунанд?


Суннати аз хурдӣ номзад кардани духтарҳо барои издивоҷ дар бисёре аз манотиқи кишвар вуҷуд дорад ва солҳои ахир бештар ривоҷ пайдо кардааст.

Фарзона (ном иваз шудааст) 15 сол дорад ва дар синфи ҳаштуми мактаби рақами 22-и деҳаи Ворухи Исфара таҳсил мекунад. Ӯ аз ҳоло медонад, ки баъди хатми мактаб чорае ба ҷуз издивоҷ надорад.Номзад маълум аст, маросими хостгориву фотиҳа анҷом шудааст ва акнун ду хонавода интизоранд, ки кай ин духтар таълимоти ҳатмиро дар мактаби миёна ба анҷом мерасонад. Номзади Фарзона низ аз ҳамин минтақа аст ва ӯ аз ҳоло ҳукми худро бар сари ӯ шинондааст.

“Ба кӣ мефорад, ки аз синфи 7 пойбанди як нафар бошад ва он нафар тамоми озодиҳояшро зери по кунад?! Ҳатто иҷоза надиҳад, ки бо ҳамсинфонаш гап занад. Албатта, ба ҳеҷ кас намефорад, аммо волидон бидуни ҳеҷ пурсиш духтаронро бо ҷавонҳо номзад мекунанд ва ту бояд тамоми умр тоқат кунӣ”-мегӯяд Фарзона, ки як соли пеш бо ҷавони ҳаммактабаш номзад шудааст.

Дар синфе, ки Фарзона таҳсил мекунад, ду духтараки дигар ҳам “фотиҳа” шудаан ва баъди хатми синфи 11 издивоҷ мекунанд. Як соли пеш, вақте, ки хонаводаи домод ба хостгории Фарзона омад, модараш ба ӯ гуфт, ки беҳтару арзандатар аз писари ҳамсоя касе нест. Хоҳӣ ҳам ҳамин, нахоҳӣ ҳам ҳамин. Фарзона мегӯяд, ки як соли пеш шояд хурдтар буд ва сарфаҳм намерафт, ки издивоҷ бо бачаи ҳамсоя ин савдои якумрӣ аст. Аммо ҳоло мебинад, як порча матоъ ва кулчаву бириҷи “фотиҳа”, зиндагии ӯро маҳдуд кардаанд.

“Ман акнун барои худ зиндагӣ намекунам, аз салом кардан бо ҳамсинфҳо ҳам метарсам, ки мабодо хабараш ба гӯши домод расад”- мегӯяд Фарзонаи 15-сола ва меафзояд, “намедонам барои чӣ падару модарон ин қадар бераҳманд нисбати духтарҳояшон. Як бор намепурсанд ту чӣ орзу дорӣ? Чӣ нақша дорӣ? Тамоми қарорро худашон мегиранд ва давраи бачагӣ пушти сар нашуда ба ту масъулияти як зани оиладорро бор мекунанд. Писаронро бошад бидуни пурсиш оиладор намекунанд. Мо магар гунаҳкорем, ки духтар таваллуд шудаем?”

Фарзона мегӯяд, зиёд мехоҳад пас аз хатми мактаб таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббӣ идома диҳад. Мисли духтарҳои шаҳрӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар кунад. Аммо хонаводаи номзадаш гуфтааст, ки Фарзона баъди хатми синфи 9 дигар таҳсилро идома намедиҳад.

Дар ин минтақаи Тоҷикистон, ки духтаронаш кам андар кам барои таҳсил ба Хуҷанд ва ё ба Душанбе мераванд, пушти по задан ба ҳарфи хонавода маънои сархаму таънасор кардани волидонро дорад. Духтарҳо ин суннатро медонанд ва издивоҷҳои тарҳрезишударо таҳаммул мекунанд.

Суннати аз хурдӣ пойбанд кардани духтарҳо дар тамоми манотиқи кишвар вуҷуд дорад ва солҳои ахир бештар ривоҷ пайдо кардааст. Ин суннат дар 20-30 соли бо номи “гаҳворабахш” машҳур буд ва хонаводаи духтуру писар аз замони тифлии кӯдакон хишти хешовандӣ мерехтанд. Баъдан бинои оилаи фарзандони худро месохтанд. Аммо аҳду паймони он замон ба хондани духтур ва идомаи таҳсилаш дар донишгоҳ таъсире надошт. Ҳоло аксари волидон ба хотири “беҷогард” шудан ё бешавҳар мондани духтарон, саросема онҳоро фотиҳа мекунанд ва номаи камол дар даст ба хонаи шавҳар мефиристанд.

Маҳбубиддин Нусратов, муовини директори литсей шумораи 3-и Ворух дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пойбанд кардан то ду соли пеш хело зиёд буд. Духтаронро ҳатто аз синфи 5-ум фотиҳа мекарданд. Баъди қонунӣ шудани синнӣ никоҳ аз 18 солагӣ, ин ҷараён як андоза коҳиш ёфт. Ба қавли ҷаноби Нусратов, ҳоло маъмулан духтарони синфҳои аз 8 боло фотиҳа мешаванд:

“Дар литсей мо то синфи 7 духтарони пойбандкарда нестанд. Дар литсей маъмулан оилаҳои пешрафта фарзандони худро барои таҳсил меоранд. Аммо дар синфҳои 9, 10 ва 11 аксари духтарон пойбанд шудагӣ. Мисол дар синфи 8, бист духтар дораем, ки 8-10 нафарашон фотиҳа шудагӣ ҳастанд. Лекин ин чиз дар дигар мактабҳои умумӣ зиёдтар аст. Дар дигар мактабҳо ҳоло ҳам духтарони синфҳои 5 ё 6 пайдо кардан мумкин ҳаст, ки дар фотиҳа бошанд” – гуфт Маҳбубиддин Нусратов.

Ба қавли ин омӯзгор, деҳаи Ворух тавонист суннати гаҳворабахшро аз байн баранд, аммо барои аз нест кардани суннати номзадии духтарҳои ноболиғ чандин солҳо даркор мешавад.

Шоира Юлдошева, омӯзгори деҳаи Ворух, мегӯяд, барои аз байн бурдани ин суннат бояд бо модарон кор бурд. Ӯ мегӯяд, вақте бо занҳо сӯҳбат мекунад, маълум мешавад, ки аксари духтарон ташнаи таҳсил дар донишгоҳанд, аммо модарон монеъ мешаванд.

“Ман бештар падару модаронро гунаҳкор мекунам. Барои онҳо аз ҳама муҳим келин шудани духтаронашон дар оилаҳои дорову мансабдор аст. Ба хусус модарон ба ин чиз сахт дода шудаанд. Мардоне, ки тоҷиранд, раисанд ё дигар мансабдор, миёни худ мисле шартнома мебанданд, ки бояд қудо шаванд” – гуфт Шоира Юлдошева.

Шоира Юлдошева бо нигаронӣ мегӯяд, агар “пойбандкунӣ” аз як ҷониб боиси табақабандӣ шудани аҳолӣ гардад, аз ҷониби дигар обрӯи духтарҳои таҳсилкардаро паст мезанад. Ба гуфтаи Юлдошева, агар духтар ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна номзад нашавад, мардум фикр мекаунанд, ӯ ягон иллат дорад.

Дар асоси қонунгузориҳои Тоҷикистон синнӣ никоҳ аз 18 солагӣ буда, таҳсил то синфи 9 ҳатмӣ мебошад.

Фарзона як сол баъд мактабро хатм мекунад. Бо наздик шудани мӯҳлати хатми мактаб ҷиҳози арӯсии ӯ низ омода мешавад. Фарзона бовар надорад, ки дар ин як сол хонаводааш дар робита ба издивоҷи ӯ тасмими дигаре бигирад. Ӯ мегӯяд, баъди як сол ӯ ба сафи ҳазорҳо духтари ҷавон хоҳад пайваст, ки дар 18-19 солагӣ модар ва дар 38- 40 солагӣ модарбузург мешаванд.

XS
SM
MD
LG