Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои ҳокими Чину Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд


 Guesthouse in Beijing, September 2, 2015
Guesthouse in Beijing, September 2, 2015

Шэн Чуняо, раҳбари ҳайати Ҳизби коммунисти Чин рӯзи чоршанбеи 18 январ дар поёни дидораш аз Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ҳизбҳои ҳокими ин ду кишвар аз тариқи табодули ҳайатҳо ва мулоқотҳои фаъолону масъулони ҳизбӣ, ба густариши бештари ҳамкориҳо миёни Ҳизби коммунисти Чин ва Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон (ҲХДТ) талош хоҳанд кард. Вай дидору гуфтугӯ бо Саидмурод Фаттоҳзода, муовини раис ва фаъолони ҲХДТ дар Душанберо дар ин росто муфид ва созанда арзёбӣ кард. Гуфта мешавад, Ҳизби коммунисти Чин бо 88 миллион узв аз бузургтарин ҳизб дар ҷаҳон ҳисоб ёфта ва бар асоси Қонуни асосии Чин ҳизби коммунист “нақши пешбар ва раҳбарикунанда”-ро дорад.

Шэн Чуняо гуфт, дар ҷараёни ин дидори серӯза аз Тоҷикистон танҳо бо мулоқот бо масъулони ҳизби ҳокими халқӣ-демократи ин кишвар иктифо шуда, бо намояндагони аҳзоби сиёсии дигар, аз ҷумла, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мулоқоте анҷом нашудааст. Дар тӯли нишасти хабарӣ Шэн Чуняо ба суолҳои хабарнигорон посухи мушаххасе надода, аз ибораи умумии “густариши ҳамкориҳои дуҷониба, мустаҳкам кардани дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ғайра” фаровон истифода кард.

Аз ҷумла, ба ин суол, дар ҳоле, ки Толибон дар феҳристи байналмилалии террористӣ шомил аст, чаро Чин бо Русия ва Покистон дар Маскав имкони музокирот бо гурӯҳи Толибонро матраҳ кардааст?Шэн Чуняо гуфт, ки вай масъули Ҳизби коммунист асту салоҳияти баррасии масоили байналмилалиро надорад. Саволҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистону Чин ва ҳадафи Чин аз бунёди корхонаҳои муштараки бештар дар Тоҷикистон бидуни посух монданд.

XS
SM
MD
LG