Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои якбора се вазири Гурҷистон


Майя Панҷикидзе

Майя Панҷикидзе

Истеъфои паиҳам се узви ҳукумати Гурҷистон ин кишвари пасошӯравии Қафқозро ба вартаи бӯҳрони сиёсии навбатӣ тела медиҳад.

Як рӯз баъди аз мақом сабукдӯш шудани вазири дифои Гурҷистон Ираклий Алазания, узви дигари кобинаи вазирони ин кишвар - вазири умури хориҷӣ Майя Панҷикидзе низ ба истеъфо рафт . Ин таҳаввулот аз вуҷуди шикофҳо дар дохили эътилофи ҳукмрон дар ин кишвари пасошӯравии минтақаи Қафқоз аломат медиҳад. Панҷикадзе истеъфои худро рӯзи 5-уми ноябр эълон кард ва гуфт, ки аз Эътилофи “Рӯъёҳои Гурҷистон” ва ҳамчунин аз ҳизби демократ, ки нахуствазир Ираклий Ғарибашвили раисаш аст, канор меравад. Ҳамроҳ бо Панҷикидзе 4 ҷонишинаш низ истеъфо додаанд.

“Мо дидем, ки на танҳо фаъолиятҳои ояндаи мо, балки дастовардҳое, ки то ҳол дорем, ба хатар рӯ ба рӯ шудаанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки ба истеъфо биравем,”- гуфт Майя Панҷикидзе дар як нишасти матбуотӣ.

Нахуствазир Ғарибашвилӣ, шарики вазири хориҷӣ Ираклий Алазанияро рӯзи 4-уми ноябр чаҳор соат баъд аз изҳороти ӯ дар мавриди боздоштҳо ва иттиҳомҳои ахир алайҳи мақомоти низомӣ аз симат сабукдӯш кард. Аланзания ин ҳуҷумҳоро сиёсӣ ва хилофи самтгирии Гурҷистон ба сӯи Иттиҳоди Аврупо ва паймони низомии НАТО унвон кард. Ба думболи сабукдӯш шудани Ираклий Алазания вазири давлатии ин кишвар дар умури ҳамоиши Евро-Атлантик Алексий Петриашвили низ рӯзи 4-уми ноябр аз мақом канор рафт.

Ираклий Алазания

Ираклий Алазания

Ин дигаргунӣ, ки аз оғози бесуботии ҷадид дар ин кишвари Қафқоз - душанмани Русия ва коршарики Ғарб - дарак медиҳад, наметавонад Ийолоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупоро нигарон накунад. Гузашта аз ин, лӯлаи интиқоли энержӣ аз баҳри Хазар ба Ғарб низ аз тариқи ҳамин кишвар мегузарад.

Сафири Ийолоти Муттҳаида дар Гурҷистон Ричард Норланд рӯзи чаҳоршанбе аз ҳамаи ҷонибҳо даъват кард, ки барои эътидол, якпорчагӣ, волоияти қонун, эътимоди ҷомеъа ва ояндаи кишварашон кор кунанд, ки қотеъона ба сӯи муассисаҳои Евро-Атлантик ҳаракат дорад. Норланд гуфт, нигароние мантиқие вуҷуд дорад, ки сохтори адлия бо ангезаҳои сиёсӣ истифода шудааст.

Худи Ираклий Алазания, ки ҳизби ӯ бахше аз эътилофи “Рӯъёҳои Гурҷистон” аст, баъди аз мақом рафтанаш гуфт, ки кишвар ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шудааст ва даъват кард, ки аз васеъ шудани тафриқаҳо ҷилавгирӣ шавад. Алазания ҳамчунин гуфт, ширкати эътилоф дар интихоботи 2016 дар шакли имрӯзааш дигар қобили тасаввур нест.

Миллиардер Бидзина Иванишвили бо таъмини пирӯзии Эътилофи “Рӯъёҳои Гурҷистон” бар ҳизби ҳокими президенти собиқ Михаил Саакашвили дар интихоботи порлумонии соли 2012 бандубасти сиёсиро дар ин кишвар дигар кард. Ӯ то моҳи ноябри соли гузашта дар мақоми нахуствазир фаъолият кард ва баъдан зимоми қудратро ба Ғарибашвилӣ супурд.

Аломатҳои рақобат ва ихтилоф, бо шумули ҷанги лафзӣ дар байни ррезиденти Гурҷистон Гиоргий Маргвелашвили ва нахуствазир Ғарибашвилӣ моҳи сентябри соли равон мушоҳида шуданд.

Барканории вазири дифоъ Ираклий Алазания ба думболи боздоштҳои як идда мақомоти баландрутбаи ҳарбӣ ҷараён гирифт. Авохири моҳи гузашта як қатор мақомоти собиқ ва феълии низомӣ бо иттиҳоми харҷи беҳудаи беш аз 2,3 миллион пули давлат боздошт шуданд.

Рӯзи гузашта президент Маргвелашвилӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Вена вуҷуди бӯҳронро дар Эътилофи “Рӯъёҳои Гурҷистон” таъйид кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки муқовиматҳои сиёсӣ фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҳамоиши ин кишвар бо сохторҳои ғарбиро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Ираклий Алазания бо хоҳари Майя Панҷикидзе издивоҷ кардааст. Онҳо ҳарду аз оғоз, аз замони таъсиси Эътилофи “Рӯъёҳои Гурҷистон” дар соли 2012 ва пирӯзӣ бар “Ҷумбиши миллӣ”- и Саакашвили ҳамеша мавқеъи ягона доштанд.

Гуфта мешавад, ки эътилофи “Рӯъёҳои Гурҷистон” дар мавҷи иттиҳомоти зидди Саакашвили дар заминаи риоя нашудани қонун ба пирӯзӣ расид. Аммо акнун худаш ҳам дар дар ростои иттиҳомоти монанде қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG