Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҳизби Саакашвилӣ саҳнаи сисёсии Гурҷистонро тарк мекунад?


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ

17 ноябр Михаил Саакашвилӣ мақоми раёсати ҷумҳуриро тарк мекунад. Оё рафтани вай аз ин мақом ба ин маъно хоҳад буд, ки Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллии зери раҳбарии вай фаъолияташ ба поён мерасад?

Шахсиятҳое мисли Заза Бибилашвилӣ метавонанд ояндаи Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллии Гурҷистон бошанд. Ин ҳуқуқшиноси 39 сола, ки дар Ғарб таҳсил кардааст, коршиноси умури тиҷорати байналмиллалист ва дар гузашта дар намояндагии Гурҷистон дар СММ кор кардааст. Вай 5 октябр дар анҷумани Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллии Гурҷистон дар Тифлис бо суханронии худ ҳозиринро ба ваҷд овард ва хитоб ба аъзои ин ҷунбиш гуфт: “Шумо одамоне ҳастед, ки кишварро аз ақибравӣ нигоҳ доштед ва кишвареро, ки сарнавишти ояндааш маълум набуд, ба як кишвари намуна дар минтақа табдил додед. Ман яке аз шаҳрвандони ин кишвар ҳастам, дар давоми ин солҳо ҳеҷ гоҳ ришва пардохт накардаам ва аз ҷиноятҳои созмонёфта осеб надидаам”.

Ҳизби раиси ҷумҳуре, ки мақомашро тарк мекунад ба ташвиқи ҷонибдорони ҷавон мисли Бибилашвилӣ хеле ниёз дорад. Бибилашвилӣ ҳатто узви Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ нест. Бо вуҷуди ин шахсоне мисли вай бояд таъйинкунандаи ояндаи ин ҳизб бошанд.

Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазир ва Георгӣ Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳури мунтахаби Гурҷистон
Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазир ва Георгӣ Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳури мунтахаби Гурҷистон
Баъд аз бохти интихоботи порламонии моҳи октябр ва зери контроли Бидзина Иванишвилӣ-раҳбари эътилофи Руъёи Гурҷистон даромадни ҳукумат маълум шуд, ки Георги Маргвелашвилӣ-номзади ҳизби Саакашвилӣ нисбат ба Давид Бакрадзе-ҳизби Бидзина Иванишвилӣ се баробар камтар рай гирифт.

Ҳоло қаҳрамони инқилоби садбаргии соли 2003 аз мақоми худ бо эътибору эҳтироме меравад, ки сиёсатҳои вай дур аз низоми худкома буд ва қонуншиканиро таҳаммул надошт. Аммо Саакашвилӣ ва Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ барои додани имкони шиканҷа дар зиндонҳо мавриди интиқод қарор гирифт ва он сабаб шуд, ки эътибори ҳизб поин равад ва интихоботро бибозад.

Баъзе аз шаҳрвандони Гурҷистон мегӯянд, ки ҳизби Саакашвилӣ ҳоло заиф шудааст, вале кишвар ба як нируи мухолиф ниёз дорад. Онҳо наметавонанд бигӯянд, ки ин ҳизби мухолиф ҳизби Саакашвилӣ хоҳад буд ё ягон ҳизби дигар.
Худи Саакашвилӣ бовар дорад, ки ҳизби вай ба унвони барқароркунандаи демократия дар Гурҷистон эътибори худро дубора боло мебарад. Вай дар анҷумани ҳизбии 5 октябр гуфт, наҷоти Ҷунбиши Муттаҳидаи Милӣ намунаи он аст, ки Гурҷистон бидуни шак аз роҳи рушди аврупоӣ қадам ба пеш мебардорад. Вай ин нуктаро дар мулоқот бо дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ низ 6 ноябр дар бустонсарои худ такрор кард.

Вай гуфт, “ин нахустин намунаи интиқоли нарми қудрат дар минтақа мебошад, ин нахустин намуна аст, ки ҳизби ҳоким аз саҳна дур нарафт, бо вуҷуди он ки 25 ҳазор нафар мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд ва бисёре аз раҳбарон ё ба зиндон андохта шуданд ва ё ба наҳве зери назари мақомоти додгоҳӣ қарор доранд”.

Ника Читадзе-сиёсатшинос
Ника Читадзе-сиёсатшинос
Ника Читадзе-раҳбари Маркази байналмиллалии таҳқиқоти амниятӣ дар Тифлис аст. Вай мегӯяд, “Ҷунбиши муттаҳидаи Миллии Гурҷистонро сиёсатмадорони ботаҷриба ташкил кардаанд. Онҳо ҳам дар мухолифат қарор доштанд ва ҳам таҷрибаи раҳбарӣ доранд, бо ҳамаи он иштибоҳҳое, ки содир карданд ва ё дастоварҳое, ки ба он ноил шуданд. Ана имрӯз онҳо, ба хусус аъзои ҷавони онҳо имкон доранд, ки тавоноии худро дар мухолифат нишон диҳанд”.

Читадзе илова мекунад, ки ҳатто ҳизби Руъёи Гурҷистон барои мубориза бо Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ маҷбур мешавад суфуфи худро қаввитар кунад.
Агар ба таърихи солҳои авали истиқлол нигоҳ кунем, мебинем, ки ҳаёти сисёсии Гурҷистон баъд аз давраи Шӯравӣ ором набудааст. Он солҳо ҳизбҳои хусусӣ ном бароварда буданд. Ин ҳизбҳо на дар атрофи идеологияву сиёсат, балки дар атрофи шахсиятҳо муттаҳид мешуданд. Намунаи он Звиад Гамсахурдия мебошад, ки баъд аз суқут дар шӯриши соли 1992 паси парда рафт ва нопадид гардид.

Эдуард Шеварднадзе низ ҳизби Иттиҳоди Шаҳрвандии худро борҳо ба пирӯзӣ расондааст, вале баъд аз Инқилоби Садбаргии Саакашвилӣ дар соли 2003 дарҳои он баста шуд.

Ҳоло Саакашвилӣ дар шароите қарор дорад, ки бояд инқилоби соли 2003-ро ба инқилоби баргаштнопазир табдил диҳад ва бовар ҳосил шавад, ки ин инқилоб поёни инқилобҳои дигар дар кишвар хоҳад буд.

Давид Усупашвилӣ-раиси порлмони Гурҷистон аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ моҳи апрели соли ҷорӣ дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ ғайричашмдошт гуфт, ки
Давид Усупашвилӣ-раиси порламон
Давид Усупашвилӣ-раиси порламон
“ҳизби Саакашвилӣ бояд дар ҳаёти сиёсӣ чун нируи мухолиф ва ҳизби ҳокими собиқ ҳузур дошта бошад. Ин вазифаи демократияи Гурҷистон аст”. Ба гуфтаи вай, “баъзеҳо бо шунидани ин суханон ба ғазаб меоянд ва ба ман мегӯянд, ки ин ҳизб на танҳо бояд наҷот дода нашавад, балки фаъолияташро дар кишвар бояд мамнуъ эълон кунанд. Вале ман бори дигар мавзеъгириамро такрор мекунам ва аз ҳар кас хоҳиш менамоям, ки дар бораи сарнавишти воқеии он фикр кунанд”. Бо вуҷуди ин Усупашвилӣ мегӯяд, шахсони алоҳидае, ки аз ин ҳизб гуноҳ содир кардаанд, бояд барои он ҷавоб диҳанд.
XS
SM
MD
LG