Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Олмон дар канори мусалмонон хоҳанд буд. ВИДЕО


Садри аъзам ва аъзои ҳукумати Олмон бо ҳузур дар як намоиши эътирозӣ ҳамрайии худро бо мусалмонони ин кишвар ба намоиш мегузоранд.

Шоми 13 январ садри аъзам Ангела Меркел, президент Йоахим Гаук ва аъзои ҳукумати Олмон ба нишони ҳамдилӣ бо мусалмонҳои ин кишвар дар як ҳамоиши эътирозӣ иштирок мекунанд. Ин ҷамъомад дар пояи девори Бранденбурги Берлин баргузор мешавад. Изҳороти ахири Ангела Меркел, ки гуфтааст, “Ислом марбут ба Олмон аст”, ҳамчун пайоми рӯшани ӯ ба миллатгароҳои ҷумбиши PEGIDA буд, ки мардумро барои эътироз зидди мусалмонон ба хиёбонҳо баровард.

Шоми 12 январ дар саросари Олмон раҳпаймоии зиддиисломӣ баргузор шуд, ки дар он ҳазорҳо нафар иштирок карданд. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш мегуфтанд, ки амали терроористӣ дар Парижро таҳқир ба унвони худ пазируфтаанд. Ин раҳпаймоӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки садри аъзам Ангела Меркел дини Исломро "марбут ба Олмон" хонд. Як ҷумбиши чапгарои популистӣ бо номи “Ватандӯстони аврупоӣ бар зидди исломишавии Ғарб” (PEGIDA) дар шаҳри шарқии Дрезден ва дигар шаҳрҳои Олмон раҳпаймоиҳо ташкил кард ва даъватҳои мақомоти расмиро ҷиҳати бекор кардани намоишҳо нодида гирифт. Ин созмон мегӯяд, эътирози онҳо эҳтиром ба 17 қурбонии ҳамлаи террористӣ дар идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо” аст, ки 7 январ сурат гирифт.

Рӯзи 11 январ вазири адлияи Олмон хитоб ба PEGIDA гуфт, ин созмон ҳақ надорад дар заминаи намоиши ҳамраъӣ бо қурбониёни ҳамлаи террористии Париж эҳсоси мусалмонбадбиниро таблиғ кунад. Вале, бар хилофи ин даъватҳо, ширкатдорони раҳпаймоӣ бо парчами миллии Олмон ва шиори “Мо ҳама инсонем” дар хиёбонҳои марказии Дрезден раҳпамоӣ карданд. Бовар меравад, ки шумори онҳо аз 20 то 25 ҳазор нафар буда баъзеи онҳо бо шиорҳои “Ман ҳам Шарлӣ ҳастам”, зуҳур карданд. Айни замон, гурӯҳҳои муайяни мухолифи ин раҳпаймоӣ бо шиорҳои пуштибонӣ аз хориҷиҳову муҳоҷирон талош мекарданд, норизоияти худро бо миллатгароҳо намоиш диҳанд.

Нико Шаедлихи 22-сола дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ӯ ва тарафдоронаш комилан мухолифи ҳамагуна адовату бадбинӣ ҳастанд ва ҷонибдорони PEGIDA ҳам онҳоеанд, ки муҳоҷиронро аслан қабул надоранд. Нико мегӯяд, “рисолати аслии инсон дар кӯмак ба инсони дигар аст, арзише, ки ин созмон қабул надорад". Мухолифони раҳпаймоии миллатгароҳо дар тан либоси кӯчарӯб ва дар даст ҷорӯб доштанд ва бо ин намуди худ мухолифаташонро ба зуҳуроти нажодпарастиву нобаробарии иҷтимоӣ намоиш доданд. Дар баробари мухолифат бо амалҳои террористии

раҳпаймоии раҳбарони Олмону Фаронса дар Париж

раҳпаймоии раҳбарони Олмону Фаронса дар Париж

Париж, ширкатдорони раҳпаймоии PEGIDA бар зидди ҳукумати Ангела Меркел, Иттиҳоди Аврупо ва ҳам расонаҳои хабарӣ садо баланд карданд.

Дар шаҳрҳои дигари Олмон шеваи раҳпаймоиҳо каме дигар буд. Масалан дар Берлин, ба иттилои полис, ҳудудан 4 ҳазор нафар зидди 400 тарафдори PEGIDA бо шиори “Мо ҳам Шарлӣ ҳастем, PEGIDA нестам” раҳпаймоӣ карданд. Дар шаҳри тиҷоратии Мюнхен ҳудудан 20 ҳазор мухолифи ақидаҳои миллатгароёна зидди PEGIDA ва 1500 тарафдораш намоиши эътирозӣ ташкил кард. Дар Лейпсиг шумори мухолифони ақидаҳои зиддиисломӣ 15 ҳазор нафар ҳисоб шуд.

Дар ҳоле, ки намоишҳои зиддиисломии PEGIDA ҳанӯз аз октябри соли 2014 ба таври доимӣ дар шаҳри Дрезден ташкил мешаванд, ин навбат бисёриҳо даъватҳои ҷумбиши сиёсиро зиддиинсонӣ ва ба маънои таҳқири Ислом маҳкум карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG