Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Туркия барои истеъфои Башор Асад пофишорӣ намекунад"


Маҳмед Шимшек
Маҳмед Шимшек

Муовини нахуствазири Туркия Маҳмед Шимшек гуфт, ки Анкара барои истеъфои Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ба унвони яке аз роҳи ҳалли бӯҳрони ин кишвар пофишорӣ нахоҳад кард. Аммо Шимшек гуфт, Туркия дар ҳамон мавқеи худ содиқ аст, ки бовар дорад, фоҷиаи Сурия бо айби Асад рух додааст. "Ба ҳар ҳол, мо бояд амалгаро бошем, воқеъбин бошем", - гуфт Маҳмед Шимшек рӯзи ҷумъа дар нишасти иқтисодии Давос. Туркия аз замони оғози даргириҳои Сурия дар соли 2011 аз мухолифони Башор Асад ҳимоят мекунад. Вале дақиқ нест, ки изҳороти Шимшек далели омодагии мухолифони Сурия барои даст кашидан аз талаби истеъфои Асад барои оғози музокироти сулҳ аст, ё хайр.

XS
SM
MD
LG