Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагони Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байнулмилалӣ (GIZ) мехоҳанд, баъд аз омӯзиши вазъи иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Барномаи рушди ин минтақаро тарҳрезӣ кунанд.

Ҳайате аз Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) баъд аз мулоқот бо мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва соҳибкорони ин минтақа ба натиҷае расидааст, ки бояд як барномаи рушди соҳибкорӣ дар ин минтақа таҳия шавад. Иҷрои он, ба ақидаи раҳбари ин ҳайат Карл Бекманн, ба афзоиши ҷойҳои кор ва беҳбуди вазъи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Сафари ҳайати олмонӣ ба Бадахшон дар ҳоле ҷараён дорад, ки тоҷирони ин вилоят маблағузорӣ ба соҳибкории истеҳсолиро беҳтарин роҳи рушд арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ин сурат дар 5 соли оянда метавон теъдоди бештари сокинонро бо ҷойи кор ва бозори дохилиро то як андоза бо молу маҳсулот таъмин намуд. Набот Додхудоева, яке аз соҳибкорони шинохтаи Бадахшон ба ин ақидаҳо розист, вале роҳҳои тармимталаби вилоятро монеаи аслии рушди соҳибкорӣ дар ин минтақа меномад.

Набот Додхудоева

Набот Додхудоева

Вай мегӯяд, ”худи шумо фикр кунед, ҳамин як борро агар соҳибкорони хуҷандиву хатлонӣ аз бозорҳои Душанбе ворид кунанд, тоҷири бадахшонӣ бо назардошти хароҷоти роҳ масрафоташ ба маротиб бештар мешавад. Ва ин ҳам ба фурӯшу ҳам ба сифати мол таъсири бад мерасонад. Ба ҷуз ин, он қарзҳои бонкие, ки бо баҳраҳои муайян дода шудаанд, барои рушди истеҳсолот дар Бадахшон кӯмак намекунанд. Дар ҳоле, ки барои минтақаи камзамин беҳтарин роҳи пешбурди тиҷорат маҳз қарзи бонкист. Ман чанд сол пеш бо президенти кишвар дар Сингапур будам ва вақте раисиҷумҳури мо аз президенти Сингапур сирри пешравияшонро пурсиданд, ӯ гуфт сирри пешравӣ дар омӯзишҳои бизнесист. Вақте ки корҳо ташкил шаванду ҷавонон тавассути ҳамин бизнесҳо ба соҳибкорӣ бештар ҷалб шаванд, натиҷааш зиёдтар хоҳад буд. ”

Дар ҳамин ҳол Константин Бондаренко, раҳбари маркази “Бозори озод” мегӯяд, бо он, ки фазои соҳибкорӣ дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон қариб якранг аст, аммо дур будани Бадахшон аз марказ ва танҳо истифода аз роҳи заминӣ, рушди тиҷоратро дар ин вилоят кунд кардааст. Ҷаноби Бондаренко афзуд, “агар созмони GIZ ҳамин пулро тариқи шарикони минтақаӣ, яъне бонкҳои қарздиҳӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок ба мардум бидиҳад, боманфиат хоҳад буд. Албатта, наметавон гуфт, ки ин маблағ фазои соҳибкориро тағйир медиҳад, аммо ба ҳар ҳол барои соҳибкорон кӯмаки хубе мешавад.”

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Ин дар ҳолест, ки аз ҳамаи риштаҳои соҳибкорӣ дар Бадахшон алҳол танҳо соҳаи савдо рушд кардааст. Вале соҳибкорон мегӯянд, набудани як бозори ягонаи умдафурӯшӣ дар Бадахшон фаъолияти тоҷиронро номуваффақ мегардонад. Бе чунин бозор имкони ворид кардани моли зиёд, дар сатҳи поён нигоҳ доштани нархҳо ва ба даст овардани даромади кофӣ номумкин аст

Себистон Каримова, як тоҷир дар Хоруғ мегӯяд, дар ҳоле, ки дар Бадахшон бозори яклухтфурӯшӣ вуҷуд надорад, бӯҳрони иқтисодии Русия ва коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷирон савдои онҳоро ба ҳам задааст. Хонум Каримова афзуд, даромади чаканафурӯшӣ ба дараҷае нест, ки рушди соҳибкоронро таъмин намояд.

Себистон Каримова афзуд, ”Бадахшон ҳамагӣ як бозор дорад, ки он низ чандон калон нест ва худи ман молро асосан аз бозори Қарасуи Қирғизистон ва Душанбе ворид мекардам, зеро аз Чин бори кам овардан фоида надорад. Бори охир ман пеш аз Соли нав аз Бишкек бор оварда будам ва мехоҳам як ҳафта баъд барои ворид кардани либосҳои тобистона биравам. Имсол бо назардошти камхаридор будани мол, мо кӯшиш мекунем, бо нархи арзон ҳам фурӯшем, то ин, ки ҳадди ақал маблағи сарфкардаамонро баргардонем.”

Ин хонум мегӯяд, ҳоло дар фикри ба бозор баровардани маҳсулоти қаннодии хонагӣ ва ҳам кишти сабзавоту бастабандӣ кардани он шудааст. Зеро мегӯяд, дар ҳоле, ки пули муҳоҷирон торафт кам мешавад, ворид кардани маҳсулот аз берун, хатари муфлис шуданро бештар мекунад.

Бо ин ҳама, соҳибкорони Бадахшон мегӯянд, ба фарқ аз шаҳри Душанбе ва дигар минақаҳои Тоҷикистон, болоравии қурби доллар ба нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар Бадахшон чандон таъсир накардааст. Ба ҷуз аз арзиши орд, ки ҳоло як халтааш 175 сомонист, нархи бақия маҳсулот то андозае бетағйир мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG