Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Орзуи Путин" ва хатти сурхи Олмон дар роҳи пропагандаи Русия


Мақомоти амниятии Олмон эҳтимоли истифодаи Русия аз шеваҳои вижа барои таъсиргузорӣ ба афкори ҷомиа дар Аврупо, аз ҷумла дар Олмонро таҳқиқ мекунанд.

Мақомоти вижаи Олмон ба таҳқиқи шеваҳои кори дастгоҳи таблиғотиии Русия пардохтаанд. Хадамоти ҷосусӣ ва идораи ҳифзи Қонуни асосии Олмон боя ба ин суол посух биёбанд, ки оё Русия барои таъсиргузорӣ ба афкори ҷомиа дар Аврупо ва аз ҷумла дар Олмон аз шеваҳои вижае истифода мебарад?

"Настоящее Время" дар як гузориши таҳқиқотӣ ҳамин мавзӯъ ва вокунишҳо ба моҷарои пурсарусадо, вале дар ниҳоят тасдиқнашудаи гӯё дар Олмон аз тарафи муҳоҷирон таҷовуз гудани духтари 23-солаи русзабоне бо номи Лизаро ба риштаи таҳлил кашид.

***

Матбуоти Олмон хеле боз ба Русия чунин таваҷҷӯҳи зиёд нишон намедод. Рӯзномаи бонуфузи "Die Welt" ба тозагӣ матлаберо бо номи "Орзуи Путин дар бораи пештозии Русия дар Аврупо" ба нашр расонд. Ба ақидаи муаллифи мақола Рихард Ҳерзингер, Олмон ба ҳадафи нави дастгоҳи пропагандистии Русия табдиёл ёфтааст.

Борис Фелдман

Борис Фелдман

Сардабири нашрияи русзабони "Русский Берлин" Борис Фелдман мегӯяд, ба фарқ аз солҳои гузашта ҳоло қариб ҳамаи расонаҳои Олмон моломоли матолиби таҳлилӣ дар бораи аҳдофи сиёсии Русия шудаанд: "Пеш ҳатто даҳяки чунин таваҷҷӯҳ ҳам дида намешуд. Шояд дар солҳои 90 зиёд буд, вале он вақт бештар дар бораи мафияи рус менавиштанд ва он ҳам на ба андозае, ки имрӯз дида мешавад."

Сотсиолог Игор Эйдман мегӯяд, хатти машши матлабҳое, ки матбуоти Олмон дар бораи Русия менависад, фарқ мекунад, вале: "Матбуот ва мардуме, ки ба масоили сиёсӣ таваҷҷӯҳ доранд, пропагандаи Русияро як навъ ҳамлаи иттилоотӣ алайҳи Олмон ва ҳукумати Ангела Меркел мешуморанд. Чунин матлабҳо дар расонаҳо зиёданд. Вале мардум оддӣ, тавре ба назар мерасад, чандон парвои нақшаҳои геополитикии Маскав надорад ва дар ҳақиқат бештар нигарони масъалаи паноҳҷӯён аст."

Мавзӯи паноҳҷӯён аксари сокинони Олмонро дар изтироб овардааст. Вале ба фарқ аз сокинони Русия, онҳо ба ҳар маълумот дар ин бора бо таваҷҷӯҳ назар мекунанд ва на ҳар хабару овозаҳоро қабул мекунанд. Онҳо аз ҷумла ба қазияи Лиза, як духтари 23-сола аз хонаводаи зодагони Русия дар Берлин ишора мекунанд, ки иддао мешуд, ки гӯё аз сӯи муҳоҷирон ба номусаш таҷовуз шудааст. Ин қазия боиси силсилаи эътирозҳо дар Олмон ва ба қазия дахолат кардани мақомоти Русияҳам шуд. Вале дар ниҳоят таҳқиқи пулис маълум кард, ки ин даъво ягон асос надоштааст ва он духтар шабро дар хонаи як дӯсташ рӯз карда, барои пӯшондани ин ба волидонаш дурӯғ гуфтааст.

​Сокинони Олмон ба қазияи ин духтар ва дахолати мақомоти Русия ба умури дохилии ин кишвар фаъолона таваҷҷӯҳ нишон доданд. Аммо ин таваҷҷӯҳ низ яксон набуд.

Фаъоли олмонӣ Брук Киммерле, ки бо ӯ дар як қаҳвахонаи русӣ мулоқот оростанд, аз эътирозҳои русзабонҳои сокини Олмон пуштибонӣ мекунад ва саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте"-ро бо аксу видеоҳои зиёд аз ин эътирозҳо пур кардааст.

Сергей Лагодинский, ҳуқуқшинос ва аз сиёсатмадорони аршади русзабон дар Олмон ҳамлаҳои густардаи матбуоти Русияро "озмоиши истилои гибридӣ" меномад, ки ба посухи сазовори мақомоти Олмон дучор шуд: "Мақомоти Олмон хеле зуд ва қотеъона вокуниш карданд. Онҳо хатти қирмизро барои ҷониби Русия кашиданд. Вазири хориҷа Франк-Валтер Штейнмейер нишон дод, ки матбуоти Русия аз ин хат набояд убур кунад."

Ба ақидаи Лагодинский, талоши истифодаи ҷамъияти русзабонҳои сокини Олмон дар ин бозиҳо барои Маскав натиҷаи чандоне намедиҳад: "Ҷамъиятҳои русзабонҳо, ҷамъиятиҳои воқеъӣ, на он созмонҳои хориҷие, ба мисли "Конвент" изҳор доштанд, ки онҳо тарсу изтироби русзабонҳоро дарк мекунанд, вале намегузоранд, ки аз онҳо сӯиистифода шавад."

Аммо маълум нест, ки оё хатти сурхи кашидаи Олмон Русияро таз идомаи ҳамлаҳои пропагандистиаш дар ин самти "ҷабҳа"-и Аврупо манъ хоҳад кард ё на.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG