Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Олмон: 6 нафар кушта шуд. АКС, ВИДЕО


Полиси олмонӣ дар болои боми маркази тиҷоратӣ камин гирифтааст
Полиси олмонӣ дар болои боми маркази тиҷоратӣ камин гирифтааст

Полиси Олмон дар маркази шаҳри Мюнҳен амалиёти густурдаеро ба хотири боздошти тирандози эҳтимолии шоми 22 июл ба роҳ мондааст.

Полиси Олмон гуфт, ҳодисаи шоми 22 июл дар Мюнҳен "хеле шабеҳ ба як амали террористӣ аст". Полис дар изҳороте барои матбуот гуфт, ки шумори кушташудаҳо 6 нафар буда, нафарони зиёд маҷрӯҳ шудаанд. Сухангӯи полиси Олмон Томан Бауман соате баъди ҳодиса ба оҷонсии DPA гуфтааст, ки тирандозӣ баъди соати 18 рӯзи 22 июл дар як тарабхонаи ғизои зудпухти навъи "фастфуд" шурӯъ шуд. Ӯ гуфт, ки маълум нест, ҳамлагар як нафар буд ва ё аз ин бештар.

Тирандозӣ дар маркази тиҷоратии Olympia Einkaufszentrum-и шарҳи Мюнҳен дар соатҳое рух дод, ки баъди ҳафтаи корӣ мардум барои истироҳат, ғизохӯрӣ ва ҳам тафреҳ ба маркази тиҷоратӣ рафта буданд. Нафароне бо фарзандони хурдсолашон рафта буданд. Телевизиони "Евронюс" ду ҷасади дар замин хобидаро намоиш дод.

Полис мегӯяд, ки ҳамлагарон эҳтимолан се нафар буданд ва онҳо тавонистанд аз маҳалли тирандозӣ фирор кунанд. Полис аз мардуми маҳаллӣ хостааст, ки дар хона бимонанд, ва агар дар берун буданд, дар маҳалли амне паноҳ баранд.

Ҳанӯз сабаби ин тирандозӣ маълум нест. Полис маҳалли ҳодисаро иҳота карда амалиёти густурдаро ба роҳ мондааст. Манобеи ғарбӣ мегӯянд, ки дар ҷои ҳодиса полиси бахши зиддитеррор ва хадамоти кӯмаки таъҷилӣ кор мекунад.

Айни замон, мардуми мулкӣ аз маҳалли ҳодиса зери назорати полис ба макони амн интиқол дода шуда, дар тамоми шаҳри Мюнҳен кори нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла метро қатъ шудааст.

Тирандозӣ дар Мюнҳен
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:17 0:00

Дар як изҳороташ аз Вашингтон президент Барак Обама гуфт, ки "қалбҳои мо ҳоло бо Олмон аст". Вай гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки дар Олмон, як кишвари наздики шарики ИМА чӣ мегузарад.

Полис гуфтааст, ки ҳанӯз сабаби ин тирпаронӣ маълум нест, вале, “зоҳиран, ҳодиса хеле ҷиддӣ аст”. Як намояндаи полиси Олмон гуфт, ки эҳтимолан ин ҳодиса амалиёти террористӣ буд.

Маркази тиҷоратӣ дар маҳаллаи Моозахи Мюнҳен дар наздикии варзишгоҳе сурат гирифт, ки соли 1972 дар ҷараёни бозиҳои варзии Олимпиадаи соли 1972 ҷангиёни фаластинӣ аввал 11 варзишгари исроилиро ба гарав гирифта баъдан онҳоро куштанд.

XS
SM
MD
LG