Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Бериашвилӣ: "Ситораи ман"-ро боз ҳам тоҷикитар иҷро хоҳам кард


Акс аз саҳифаи Фейсбуки овозхон гирифта шудааст
Акс аз саҳифаи Фейсбуки овозхон гирифта шудааст

Овозхони гурҷиасл Этери Бериашвилӣ таронаи “Ситораи ман”-и Зиёдулло Шаҳидиро тақдими ҳаводоронаш дар Маскав кард.

Оҳанги маъруфи Зиёдулло Шаҳидӣ бар матни Мирзо Турсунзода бо лаҳни нав садо дод. Таронаи тоҷикии “Ситораи ман”-ро овозхони гурҷиасл Этери Бериашвилӣ дар як клуби мусиқии ҷазз дар шаҳри Маскав тақдими ҳаводорон кард. Солҳои 1970-ум ин оҳангро нахустин бор ситораи эстрадаи тоҷик Муқаддас Набиева ва баъди ӯ овозхонҳои дигар ҳам иҷро кардаанд. Этери Бериашвилӣ мегӯяд, ин тарона бо дархости продюсери мусиқии ӯ Табриз Шаҳидӣ, муассиси ширкати Empire Of Music Management дар феҳристи барномаи нави ҳунариаш бо номи “17 забони ишқ” ворид шуд, ки иборат аз сурудҳо ба забонҳои мухталиф мебошад. Онҳое, ки иҷрои нави таронаи маъруфи тоҷикиро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шуниданд, аз тарзи тақдими тарона, бахусус талаффузи матни суруд ба тоҷикӣ истиқбол карданд. Барои бархе омехта шудани оҳанг бо навоҳои ҷаз қобили қабул набуд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Маскав Этери Бериашвилӣ - узви дастаи ҷаззи “Беришвили-Лосев групп” ва табибе, ки барои нахустин бор аз худаш дар проекти телевизионии “Голос-2” (соли 2013) дар шабакаи аввали телевизиони Русия дарак додааст, ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод.

Этери Бериашвилӣ дар бораи "Ситораи ман"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:55 0:00
Линки мустақим

Радио Озодӣ: Чӣ тавр шуд, ки интихоби шумо болои “Ситораи ман” уфтод?

Этери Бериашвилӣ: Ман як барномаи ҳунарии гуногунзабоне омода кардам, ки иборат аз сурудҳои маъруф асту онҳоро ман худам ҳам замоне иҷро мекардам. Ин як калейдоскопи оҳангҳо ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла озариву гурҷиву арманӣ аст. Хулоса, яке аз ин оҳангҳо – “Ситораи ман”-и Зиёдулло Шаҳидӣ буд, ки бо машварати набераи ин оҳангсози маъруф, директори ман Табриз Шаҳидӣ интихоб шуд. Вале ин барои аввалин бор набуд, ки ман дар Маскав истода ба тоҷикӣ суруд иҷро мекунам. Тахминан ду сол пеш маро ба як арӯсии тоҷикӣ даъват карда хоста буданд, ки ба тоҷикӣ суруде иҷро кунам. Маро як ҳаяҷоне пахш кард. Чаро? Чунки барои ман ҳам, ҳамчун намояндаи миллати ғайр, боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки як одами бегона ба забони модарии ман суруде иҷро кунад. Албатта, баъди иҷрои ин суруд ба ман Табриз гуфт, ки баъзе калимаҳоро ман дуруст иҷро накардам. Вале ман хеле шодам, ки ин барнома баргузор шуд.

Радио Озодӣ: Барнома дар куҷо иҷро шуд?

Этери Бериашвилӣ: Барнома шаби 20 феврал дар як клуби ҷаззи Академикии шаҳри Маскав баргузор шуд. Медонед барои худи ман ин консерт аз кадом ҷиҳат муҳим ва хеле арзишманд аст? Ҳамон шом дар як саҳна овозхонҳои гуногунмиллат – аз Арманистону Гурҷистон, аз Озарбойҷону дигар кишварҳо ҳамроҳ баромад кардем. Вақте ман иҷро мекардам, дар толор абхазҳо зиёд буданд ва барои ман кафкӯбӣ мекарданд. Барои ман ин ҳунарнамоӣ як рисолати хеле ҷиддиест, ки болотар аз танҳо иҷрои тарона аст. Мавқеи ман ин аст, ки мо бояд болотар аз ихтилофҳои сиёсӣ бошем. Ҳамчун табиби касбӣ мегӯям, ки ҳамаи мо – инсонҳо – сохтори ягона дорем, танҳо ҷинсамон фарқ мекунад. Барои ҳамин набояд як халқ хезаду бартарии худро аз болои халқи дигар нишон дода гӯяд, ки ҳақ дорад онҳоро бикушад.

Радио Озодӣ: Мо мешунавем, ки эҳсоси бегонаситезӣ дар Маскав як андоза баландтар аст. Ба шумо, як зани гурҷӣ, душвор нест, ки аз он ҷо истода, на танҳо ба забони худ, балки ба тоҷикиву дигар забонҳо суруд иҷро ва ин ақидаҳои худро талқин кунед?

Этери Бериашвилӣ: Ҷолибтар аз ҳама ҳамон лаҳзаест, ки ман худи русҳоро ислоҳ мекунаму мегӯям, ки ин калимаро нодуруст талаффуз кардед ё нодурст навиштед. Барои ман, ки зиндагӣ дар Русияро ихтиёр кардаам, эҳтиром ба забону хату фарҳанги ин кишвар хеле муҳим аст ва пеш аз ҳама ба тарзи дурусти навишту талаффуз аҳамият медиҳам. Дар масъалаи он чи ки шумо гуфтед – таҷрибаи ман нишон медиҳад, ки ҳассосияти бештарро ба масъалаҳои сиёсӣ дар кишварҳои хурди мисли ватани ман Гурҷистон нишон медиҳанд. Дар ҳар хонадон аксарият медонанд, ки агар президент шаванд, бо ояндаи ин кишвар чӣ кунанд. Вале воқеият ин аст, ки, ба назари ман, аз дасти мардҳои гурҷӣ чизе наомад, навбат ба занон аст. Ҳамонтавре ки беҳтарин давраи шукуфоии гурҷиҳо дар даврони малика Тамара (асри 13) буд. Ҳарчанд мо – миллатҳои хурдро сиёсатмадорон кӯшиш мекунанд, ки муқобили ҳам гузошта ҷанг андозанду баъд бар сари мо ҳукумат кунанд, вале ин натиҷаи хуб намедиҳад. Ҳеҷ гоҳ хилофи сулҳу субот набояд кор кард.

Радио Озодӣ: Ташаккур барои чунин андешаҳоятон. Ҳоло бигӯед, ки то куҷо суруди “Ситораи ман” ва ҳам дигар оҳангҳои тоҷикӣ метавонанд дар оянда бахше аз барномаҳои ҳунарии шумо шаванд?

Этери Бериашвилӣ: Агар муаллифони тоҷик ба ман бо пешниҳоди иҷрои оҳанге муроҷиат кунанд, ман аз самими дил ин пешниҳодро қабул мекунам. Ман аз ин пештар дида будам, ки “Ситораи ман”-ро чанд дигар овозхони тоҷик иҷро кардаанд ва фаҳмидам, ки тарзи иҷрои ман ё талаффузи ман, бешубҳа, фарқ мекунад. Ман инро ҳам эътироф мекунам, ки ин сурудро бо як каме лаҳни мусиқии гурҷӣ иҷро кардам, ки дар оянда бояд аз ин шеваи иҷро фирор кунам. Ман талош мекунам, ки тарзи тоҷикии иҷрои ин сурудро машқ кунам, то ки ба аслаш наздик шавад. Ва ё орзу мекунам, ки бо ягон овозхоне аз Тоҷикистон ин сурудро дар дуэт иҷро кунам. Ман ҳамеша ба ҳамкорӣ омода ҳастам.

"Ситораи ман" дар иҷрои Этери Бериашвилӣ:

XS
SM
MD
LG