Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 сол баъди ҷанги кӯтоҳ, вале пурасароти Гурҷистону Русия


Рӯзи панҷшанбе дар Гурҷистон панҷумин солгарди ҷанг бо Русия бар сари Осетияи ҷанубиро ёд карданд.

Ба ин муносибат як силсила маросим ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанг ва раҳпаймоии низомӣ дар шаҳри Горӣ баргузор шуд. Дар сафорати Осетияи ҷанубӣ дар Маскав низ бо баргузории маросиме хотираи қурбониёни осетинии ҷангро гиромӣ доштанд.

Дар ҷанги 5-рӯзаи моҳи августи соли 2008 Русия нерӯҳои Гурҷистонро аз қаламрави минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ берун карда ва ин минтақаву Абхозистонро ба ҳайси кишварҳои мустақил ба расмият шинохт. Ба ғайр аз Русияву чанд кишвари ангуштшумор, дигар касе ин ду минтақаро ба расмият намешиносад.

Рӯзи панҷшанбе вазорати худхондаи умури хориҷии Осетияи Ҷанубӣ бо нашри баёнияе аз Гурҷистон хост, “ба хотири коҳиши танишҳо дар манотиқи марзӣ ва гузоштани замина барои эътимод миёни ду кишвар” созишномаи адами истифода аз нерӯро имзо кунад.


Зиндагӣ дар сарҳади ҷанги панҷ сол пеш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Дмитрий Медведев, нахуствазири феълӣ ва раисиҷумҳури Русия дар замони ҷанг, рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо телевизиони Гурҷистон, аз ин кишвар барои ҷанг узр напурсид ва баръакс Тифлисро гунаҳкори оғози ҷанг номид. Ӯ ҳамчунин рад кард, ки Русия бо нигаҳ доштани нерӯҳояш дар Осетияи Ҷанубӣ, созиши оташбасро риоят накардааст.

Ираклий Аласания, вазири дифоъи Гурҷистон ва ҳамон вақт сафири кишвараш дар Созмони Милал дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ гуфт, пешгирӣ кардан аз ҷанг дар 5 соли пеш бисёр сахт буд: “Аз ҷанг панҷ сол гузашта аст, аммо паёмадҳои талхи онро ҳамаи мо гурҷиҳо ва ба фикри ман осетиниҳо ҳанӯз ҳам эҳсос мекунанд. Дар воқеъ ва албатта имкон дошт, аз ин ҷанг ки солҳо сиришта мешуд, ҷилавгирӣ кунем. Аммо бо назардошти ирсоли нерӯҳои Русия ба Қафқози шимолӣ дар чанд моҳи пеш аз ҷанг ва иттифоқоте, ки дар Абхозистону Осетияи ҷанубӣ сурат гирифт, ба фикри ман, таъсир гузоштан ба ин раванд бисёр дер шуда буд.

Моҳи октябри соли гузашта Ҳизби ваҳдати миллии Гурҷистон ба раҳбарии Михайил Саакашвилӣ дар интихоботи парлумонӣ ба эътилофи сиёсии ба раҳбарии миллиардери гурҷӣ Бидзина Иванишвилӣ шикаст хӯрд ва ин умедвориҳоро барангехт, ки муносиботи Русия ва Гурҷистон беҳбуд меёбад. Иванишвилӣ ба эътидол овардани муносибот бо Русияро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҳукумати худ эълон кардааст.

Аммо ба гуфтаи Ираклий Аласания, аз замони ҷанг то кунун мавқеъи Русия нисбат ба Гурҷистон тағйир наёфтааст: “Мо ин хаёли ботилро надорем, ки муносибот бо Русия зуд ба эътидол меояд. Мо дар дипломатияи Русия нисбат ба тамомияти арзии Гурҷистон ва иштиёқи мо барои пайвастан ба НАТО ҳеҷ тайғире намебинем. Мо дар мавзеъгирии Русия то кунун ҳеҷ тағйир эҳсос накардаем.“

Айни замон Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон рӯзи чоршанбе дар мусоҳибае бо телевизиони кишвараш гуфт, ҳукумати Русия ҳанӯз саъй дорад, бо зӯр Гурҷистонро аз азмаш барои пайвастан ба НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо баргардонад. Ӯ афзуд, то замоне ки зимоми қудрат дар дасти раҳбарияти феълии Русия аст, тармими равобит бо ин кишвар имконнопазир аст.


XS
SM
MD
LG