Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури густардаи раъйдиҳандагон дар интихоботи Гурҷистон


Комиссиюни интихоботии Гурҷистон мегӯяд, ки то нисфирӯзӣ 45 дар сади раъйдиҳандагон овоз доданд.

Имрӯз аз субҳи барвақт дар назди нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар навбати тӯлонии шаҳрвандонро дидан мумкин аст, ки барои овоздиҳӣ омадаанд. Аз миёни 3,6 миллион сокини Гурҷистон наздики як миллион шаҳрванди ин кишвар аз ҳақи ширкат дар раъйдиҳӣ бархӯрдор аст.

Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки то нимаи аввали рӯз беш аз 45 дар сади шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй дар интихобот ширкат карданд. Раъйдиҳии мазкурро хеле муҳим ва сарнавиштсоз мегӯянд, ба он хотир ки тибқи низоми нави сиёсии давлат ҳамакнун қудрати бештар на дар дасти президент, балки дар ихтиёри парлумон ва нахуствазир тамаркуз хоҳад ёфт.

Барои ба даст овардани 150 курсии парлумон дар интихоботи имрӯза 14 ҳизби сиёсӣ ва ду эътилофи сиёсӣ рақобат мекунанд.

Баъд аз “Инқилоби садбаргҳо”-и соли 2003 ба раҳбарии Михаил Саакашвилӣ, ҳизби Ҷунбиши ваҳдати миллии ӯ дар кишвар ҳоким будааст. Вале ҳоло ин нерӯи сиёсиро эътилофи мухолифини “Орзуҳои Гурҷистон” ба раҳбарии миллиардери маъруф Бидзина Иванишвилӣ ҷиддан ба чолиш кашондааст.

Нозирон мегӯянд, рақобат то андозае шадид ва маҳбубияти тарафҳо чунон баланд аст, ки пешгӯӣ кардани натиҷаҳои овоздиҳӣ кори осон нест. Субҳи душанбе президент Михаил Саакашвилӣ аз нафарони аввале буд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат кард ва гуфт, “сарнавишти Гурҷистон аллакай муайян шудааст”.

Ӯ гуфт, дар кишвар кори бисёре ба хотири минтақа, пешрафт ва ояндаи на танҳо давлати Гурҷистон, балки ба хотири Аврупо ва расидан ба ҳадафҳои демократия ва ислоҳот анҷом мешавад. Дар изҳороти имрӯзаи худ Саакашвилӣ рақибаш Иванишвилиро дар хизмат ба Кремлин муттаҳам кард. Айни замон, Иванишвилӣ, ки сарвати худро дар Русия ба даст овардааст, иттиҳоми ҳимоят аз манфиатҳои Русияро дар сурати пирӯзиаш дар интихобот рад кард.

Вай гуфт: "Мо як тиме ҳастем, ки Шумо метавонед эътимодаш кунед. Мо тиме ҳастем, ки қудратро ба даст оварда онро ба хотири беҳбуди мардум истифода хоҳем кард. Мо бояд дар интихобот пирӯз шавем."

Мухолифон Саакашвилиро барои ҷорӣ кардани ҳукумати худкома ва шурӯи ҷанги кӯтоҳмуддате бо Русия дар моҳи августи соли 2008 муттаҳам мекунанд. Омодагиҳоро ба интихоботи рӯзи душанбеи Гурҷистон эътирозҳои шадиди мардум аз ваҳшоният ва шиканҷаи пулис дар зиндонҳои ин кишвар соядор кардааст.

Рӯзи душанбе САҲА гуфт, раъйдиҳӣ дар Гурҷистон дар ҳолати “пуррақобат ва пуршиддат” ҷараён мегирад. Рӯзи душанбе ҳизбҳои сиёсӣ аз он шикоят карданд, ки 20 ҳазор узви ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳақи гирифтани иҷозатномаи назорат аз ҷараёни интихобот маҳрум монданд. Феълан дар баробари 400 нозири байналмилалӣ, ки зери чатри САҲА, НАТО, Шӯрои Аврупо ва Маҷмаи парлумонӣ аз интихобот назорат мекунанд, инчунин даҳҳо ҳазор нозири маҳаллӣ ҳам ҷараёни овоздиҳиро мушоҳида мекунанд.

Аз 150 курсии парлумонӣ 77 курсӣ бояд аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ тақсим шаванд. 73 курсии дигар насиби номзадҳои инфиродӣ мешавад. Аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ ба даст овардани ҳадди аққал 5 дарсади раъйҳо зарур аст, ки ин нерӯи сиёсӣ дар парлумон намояндагиро ба даст оварад. Барои эътилофи сиёсӣ бошад, ба даст овардани 7 дар сади раъйҳо чун иҷозати узвият ба парлумон маҳсуб хоҳад шуд.

Мая Косиянчич, сухангӯи раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел рӯзи душанбе гуфт, ки шеваи баргузории интихобот барои равобити миёни ИА ва Тифлис муҳим аст:

- Мо хеле ошкоро барояшон гуфтем, ки интизориҳо аз ин интихобот хеле зиёд аст ва ин маърака роҳу равиш ва суръати ҳамкориҳои моро бо Гурҷистон муайян хоҳад кард.

Бино бар қонунҳои Гурҷистон новобаста аз шумори раъйдиҳандагон, интихоботи ин кишвар баргузоршуда ҳисоб мешавад.


Сокинони Гурҷистон раъй медиҳанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00
XS
SM
MD
LG