Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш нафар дар таркиши Фарғона


Дар таркиши корхонаи «Фарғонаазот»-и вилояти Фарғонаи Узбакистон шаш нафар ҷон бохта, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон шоми 23 феврал эълон кард, ки ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе ҳангоми корҳои сохтмону васлкунӣ дар сехи амиак рух додааст. Вале ин ниҳод маълумот дар бораи теъдоди қурбониён ва захмиҳоро эълон накарда буд.

Рӯзи 24 феврал як мақоми ҳукумати Фарғона ба Радиои Озодӣ гуфт, ки панҷ нафар дар ҷойи ҳодиса ва як нафар дар бемористон даргузаштааст. «Як нафари дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарист», – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як сокини шаҳри Марғелони вилояти Фарғона ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имом-хатиб ҳангоми дуо дар намози ҷумъа аз ҳалокати ҳашт нафар хабар додааст. Аммо ин иттилоъро мақомоти расмӣ тасдиқ ё такзиб накарданд.

Барои таҳқиқи ҳодиса ва кумак ба хонаводаи қурбониён як кумисюни давлатӣ таъсис шудааст. Корхонаи кимиёвии «Фарғонаазот» соли 1958 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG