Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Генерал Дӯстум аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд


Генерал Дӯстум амалиёти "Алмос"-ро дар Форёб раҳбарӣ ва назорат мекунад

Генерал Дӯстум амалиёти "Алмос"-ро дар Форёб раҳбарӣ ва назорат мекунад

Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон аз як сӯиқасд дар вилояти Форёб, дар шимоли ин кишвар ҷон ба саломат бурд.

Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон аз як сӯиқасде дар вилояти Форёб, дар шимоли ин кишвар ҷон ба саломат бурд. Корвони мошинҳои генерал Дӯстум дар ноҳияи Қайсар зери оташи ҷангиён қарор гирифт. Дар ин бора яке аз ёварони Дӯстум дар сӯҳбат бо Бахши афғонии радиои Озодӣ хабар дод. Вай гуфт, дар натиҷаи задухӯрде, ки баъди ин шурӯъ шуд, 8 ҷангӣ кушта шуда, 13 нафари дигар боздошт шуданд. Худи генерал Дӯстум дар ин ҳамла осебе надидааст.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ як ёвари генерал Дӯстум ва ҳам қумандони полиси Форёб Субҳонқул Иброҳимӣ хабар доданд. Дар оғоз шумори кушташудаҳо аз ҳисоби Толибони ҳамлагар 4 нафар гуфта мешуд. Дар тафсилоти ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони Абдуррашиди Дӯстум яке аз нафароне, ки генералро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ин ҳамла ҳангоме рух дод, ки генерал Дӯстум аз минтақаи Дуобии вулусволии Қайсар ба маркази вилояти Форёб ҳаракат мекард. Ба гуфтаи ҳамин мақом, оқои Дӯстум ва ҳамроҳонаш осебе надидаанд. Қумандони полис гуфт, ки ба ҳангоми ҳамла генерал дар дохили мошини зиреҳпӯши худ буд ва ҳамин мошини муҷаҳҳаз нагузошт, ки ба Дӯстум осебе бирасад. Айни замон худи мошин хеле хароб шудааст.

Хабаргузории “Ройтерс” мегӯяд, ки ҷангиёни Толибон рӯзи ҷумъа ба мошини муовини аввали раиси ҷумҳурӣ ҳамла карда, вале бо муқовимати шадиди “ин марди ҷангдида рӯбарӯ шуданд”. Худи Абдуррашид Дӯстам ҳанӯз ин қазияро барои матбуот шарҳ надодааст. Зимнан, дар як мусоҳибааш бо Бахши афғонии радиои Озодӣ рӯзи 20 август Абдуррашиди Дӯстум иддао кард, ки дар тӯли 10 рӯзи амалиёти зидди Толибон дар Форёб ин минтақаро аз ҷангиён пок кардааст.

Дӯстум ҳафтаи гузашта дар бораи шурӯи амалиёти густардаи зидди Толибон дар Форёб хабар дод. Амалиёте зери унвони “Алмос” рӯзи 13 август шурӯъ шуд ва Дӯстум гуфт, ки ин амалиётро раҳбарӣ ва назорат мекунад. Дар ду рӯзи аввали амалиёт Муҳаммадризо Ризоӣ, як сухангӯи артиш гуфт, нирӯҳои амниятии Афғонистон 25 километр ба дарунтари Форёб роҳ ёфта, назоратро бар 23 русторо зери контроли худ дароварданд. Вай гуфт, дар ин минтақа дар маҷмӯъ 123 деҳа вуҷуд дорад. дар ду рӯзи аввал аз 24 ҷангии кушташуда ва 12 толиби ба асоратафтода хабар дода шуд.

Муҳаммадризо Ризоӣ гуфт, ки дар ин амалиёт дар баробари нирӯҳои заминӣ, ҳамчунин аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳам истифода шудааст. Генерал Абдуррашид Дӯстум дар сӯҳбат бо Озодӣ рӯзи 14 август гуфт, ки ин амалиёт бо ҷалби низомиёни вазорати дифоъ ва ҳам амният ба роҳ монда шудааст. Вай гуфт, миёни кушташудаҳо ҷангиёни хориҷӣ - арабҳо, чеченҳо, ӯзбакистониҳо ҳастанд. Яке дигар аз муваффақиятҳои нирӯҳои давлатӣ дар кашфу хунсосозии минаҳои канори роҳ будааст, гуфт Дӯстум. Тибқи нақша, амалиёти “Алмос” дар чанд марҳила дар вилояти Форёби Афғонистон баргузор мешавад ва амалиёти ҳамсоне дар манотиқи марбут ба вилояти Бодғис ҳам дар ниҳоят қарор аст нирӯҳои ҳарду минтақаро ба ҳам бипайванданд.

Гузориши бахши Афғонии радиои Озодӣ аз рӯзи 14 август:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG