Пайвандҳои дастрасӣ

Манобеи наздик ба “Газпром” мегӯянд, ин ширкати бузурги гази Русия аз ширкати гази Туркманистон ба додгоҳи иқтисодии Стокҳолм шикоят бурдааст.

Расонаҳои Русия аз қавли манобеи наздик ба “Газпром” хабар доданд, ки ин бузургтарин ширкати гази Русия ҳалли баҳсаш бо “Туркменгаз” – ширкати давлатии масъули истихроҷ ва фурӯши гази Туркманистонро ба додгоҳи иқтисодӣ ё арбитражи Стокҳолм супурдааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, шикояти “Газпром” аз “Туркменгаз” ҳанӯз рӯзи 8 июн ба арбитражи Стокҳолм, ки яке аз мӯътабартарин ниҳодҳои додгоҳӣ барои ҳалли баҳсҳои байналмилалии иқтисодӣ ба шумор меояд, ироа шудааст.

Намояндагони расмии “Газпром” аз шарҳ ва ҳатто аз тасдиқ ё тардиди ин хабар худдорӣ мекунанд. Дар сомонаи расмии “Газпром” низ чизе дар бораи баҳси молиаш бо Туркманистон нашр нашудааст.

Аммо манобеи огоҳ аз қазия гуфтаанд, “Газпром” аз созишномаи соли 2010 имзокардааш бо Туркманистон розӣ нест. Тибқи он қарордод, ширкати русӣ ҳазор метри мукааби гази табииро аз Туркманистон бо қимати 240 доллар харидорӣ мекард ва сарфи назар аз онки чӣ қадар газ мегирад, тибқи формулаи “ё бигир, ё пулашро деҳ” мебоист ҳар сол 2,4 миллиард доллар пули 10 миллиард метри мукаабро ба Ишқобод пардохт мекард.

Алексей Миллер, раҳбари "Газпром"

Алексей Миллер, раҳбари "Газпром"

Ба навиштаи фарзияи русии маҷаллаи амрикоии “Forbes”, Алексей Миллер, раҳбари “Газпром” ҳанӯз дар соли 2014 дар ҷаласаи солонаи саҳомдорони ин ширкат бо шикоят аз вуҷуди мушкилот дар таъмини воридоти газ аз Туркманистон таҳдид карда буд, ки “Газпром” метавонад қарордодаш бо ин кишвари саршор аз манобеи нафту гази Осиёи Марказиро лағв кунад.

“Газпром” ҳамин тавр, дар ибтидои соли 2015 ҷиҳати то ба 4 миллиард доллар пойин овардани ҳаҷми газе, ки аз Туркманистон мегирифт, қарор баровард. Кам шудани талабот ба гази табиӣ дар Аврупо ва Украина як далели ин тасмим гуфта мешуд.

“Газпром” 5 сол пеш, дар даврони ба нуқтаи авҷаш расидани нархи газ ва дигар анвои маводи сӯхт, ба хотири дар дасти худ мунсаҷимтар кардани бозори гази Аврупо бо Туркманистону Узбакистон ҷиҳати харидории гази онҳо бо нархи баланд қарордод баста буд. Тибқи он қарордод, Туркманистон дигар ба Украина мустақиман газ намедод ва Киев бояд дар масъалаи нарх ва ҳаҷми газ забони “Газпром”-ро меёфт. Узбакистон ба навбаи худ баъди имзои қарордод бо “Газпром”, содироти газашро ба кишварҳои ҳамсоя, ки пули баробари “Газпром”-ро дода наметавонистанд башиддат коҳиш дод ва фурӯши газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ кард.

Аммо баъди уфти башиддати нархи нафт ва ба дунболи он нархи газ, ки ба нархи нафт баста шудааст, 240 доллар нархе, ки “Газпром” барои ҳазор метри мукааб ба Туркманистон медод, ин ширкати русиро қонеъ карда наметавонист. Талошҳои Маскав барои бозбинии нархи газ бо Ишқобод натиҷа надод ва “Газпром”, ба навиштаи фарзияи русии “Forbes”, ба сурати якҷониба барои гази Туркманистон нархеро муқаррар кард, ки ин газро ҳадди ақал бидуни зарар битавонад дар Аврупо фурӯшад.

Пули гази Туркманистон дар 5 моҳи аввали соли 2015 тибқи ҳамин нархнома пардохт карда шуд. Ҷониби Туркманистон вале исрор дошт, ки қарордод қарордод аст ва бояд бекамукост иҷро шавад. Дар оғози моҳи июл вазорати нафту гази Туркманистон дар як изҳорот гуфт, ки “Газпром” имсол пули газро пурра надодааст. Дар ин баёния гуфта мешуд, ки “Газпром” ба далели бӯҳрони молӣ ва таҳримоти зидди Русия тавони иҷрои ӯҳдадориҳояш дар мавриди пардохти пули қарордодҳои имзошударо аз даст додааст. Вале баъди чанде ин изҳороти пурмоҷаро аз сомонаи вазорати нафту гази Туркманистон ғайб зад.

Тоҳири Шермуҳаммадӣ, таҳлилгари масоили Туркманистон дар Олмон ба Озодӣ гуфт, “Газпром” ва масири Русия он аҳамияти суннативу класскиеро, ки 10 ё 15 соли пеш барои таъмини харидори гази Туркманистон дошт, дигар надорад: “Газпром”, албатта, як харидори умдаи гази туркманӣ боқӣ мемонад. Вале вазъият ҳоло тағйир кардааст. Ҳам барои “Газпром” ва ҳам барои Туркманистон. Ҳоло ба ин майдон Эрон ҳам ворид мешавад. Лағви таҳримоти зидди Эрон як умеди тозаеро барои содироти гази Туркманистон ба Аврупо боз мекунад. Кӯтоҳтарин ва арзонтарин масири расондани гази Туркманистон ба бозори Аврупо Эрон буд, вале Эрон ба далели таҳримот тавони истифода аз имконоти транзитиашро то имрӯз надошт. Ба ин майдон пой мондани Эрон метавонад бозии гази дар минтақа ва Аврупо доғшударо ба нафъи Туркманистону Эрон ва ба зарари “Газпром” тамом кунад.”

Захираҳои ҳисобшудаи гази табиии Туркманистонро 25 триллион метри мукааб ва захираҳои нафташро беш аз 70 миллиард тонна баровард мекунанд. Туркманистон аз нигоҳи захираҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад. Бино ба омори Оҷонсии байналмилалии энержӣ, Туркманистон солона 62 миллиард метри мукааб газ истихроҷ мекунад. Худи Ишқобод ҳаҷми тавлиди газаш дар соли 2014-умро 76 миллиард метри мукааб эълон карда, гуфтааст, қасд дорад, бо дарназардошти дастрасиаш ба бозорҳои нав ҳаҷми истихроҷи газро то соли 2030 ба 230 миллиард метри мукааб дар сол бирасонад.

Ин кишвар дар солҳои охир баъди сохта шудани 3 хатти лӯлаи газ ба Чин вобастагиаш аз “Газпром” дар амри то ба харидор расондани газашро коҳиш дод. Ҳоло тарҳи сохтмони лӯлаи гази дигар аз тариқи Афғонистон то Покистону Ҳинд, як лӯлаи газ ба Аврупо аз тариқи Озарборйҷону Туркия ва хатти чоруми лӯлаи гази Чин низ дар дасти баррасист. Чин танҳо барои сохтани 400 километр қисмати ин лӯла, ки аз Тоҷикистон мегузарад, ба Душанбе ваъдаи 3 миллиард доллар сармоя додааст.

Туркманистон дар тӯли ин ҳама солҳои бегазиву бебарқии Тоҷикистон ба ин кишвар ба таври шифоҳӣ ваъдаи таъминаш бо ин ду навъи энержиро дода буд. Вале дар ҳарду маврид Узбакистон транзити барқу гази Туркманистон ба Тоҷикистонро ба далели кам будани иқтидори транзитии хутути барқ ва лӯлаҳои газаш иҷозат надод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG