Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гази моеъ дар Тоҷикистон қиммат шуд. Чаро?


Тоҷикистон гази табииро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Гоҳо норасоии сӯзишворӣ ҳам дида мешавад.

Тоҷикистон гази табииро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Гоҳо норасоии сӯзишворӣ ҳам дида мешавад.

Қиммати гази моеъ сӯзишворие, ки беш аз 60 дарсади воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бо он ҳаракат мекунад, 30 дарсад гарон шудааст. Ҳоло барои як литр ронандагон ва муштариён назар ба моҳи гузашта 80 дирам бештар мепардозанд.

Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи як литр гази моеъ 3 сомониву 50-60 дирам аст. То як моҳи қабл гази моеъ ба ҳисоби миёна 2 сомониву 80 дирам нарх дошт.

Сайдалӣ Зарипов, раҳбари раёсати ҳимоя ва рушди рақобат рӯзи 24-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби аслии боло рафтани қиммати гази моеъ дар Тоҷикистон гарон шудани нархи он дар кишварҳои содиркунанда аз ҷумла Қазоқистон аст.

“Дар Қазоқистон нархи нази моеъ гарон шудааст”-афзуд ӯ, вале аз ин бештар шарҳ надод.

Вале ҳадди аққал панҷ ширкатҳои умдафурӯши гази моеъ дар Қазоқистон ва Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, қимати гази моеъ тайи ним соли охир чандон тағйир наёфтааст.

Мо нархро боло набурдем

Олжас Имранов менеҷери ширкати фурӯши гази моеъ ва сӯзишвори нафтӣ -“Аманат” аз Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, қиммати як тонна гази моеъ барои содирот аз Қазоқистон ҳоло 310-320 долларро ташкил мекунад ва нарх дар аз оғози тобистон то ба ҳол тағйир наёфтааст. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, қиммати як тонна газ барои фурӯш дар дохили Қазоқистон аз ин ҳам азонтар 200 доллар аст.

Русия ва Қазоқистон нархи гази моеъро боло набурдаанд.

Константин Симонов роҳбари Бунёди миллии бехатарии энергетикии Русия низ дар суҳбат ба расонаҳои Русия гуфтааст “Русия ва Қазоқистон нархи гази моеъро боло набурдаанд” ва баръакс харидорони бештар меҷӯянд.

Монополистҳо кистанд?

Пас суоли матраҳ ин аст, ки сабаби асли ба якборагӣ то 30 дарсад боло рафтани қиммати газ дар чист?

Ҳар гоҳе қиммати маводи сӯхт ва аз ҷумла гази моеъ лар Тоҷикистон боло равад матбуотӣ маҳҳалӣ омили онро ба монополия ва ё дар инҳисори як ширкат ва муттафиқони он қарор доштани бозори маводи сӯхти кишвар марбут мекунад.

Аммо Хадамоти зиддинҳисорӣ мегӯяд, баръакс дар бозори фурӯши гази моеъ дар Тоҷикистон рақобат вуҷуд дорад ва ширкатҳои зиёде дар ин росто фаъолият доранд.

Шаст дар сади нақлиёт дар Тоҷикистон бо газ ҳаракат мекунад.

Шаст дар сади нақлиёт дар Тоҷикистон бо газ ҳаракат мекунад.

Бинобар иттилои ин хадамот дар соли 2015 66 ширкат дар Тоҷикистон ба воридоти гази моеъ машғул буд ва ҳеҷ яке аз ин ширкатҳо дар бозор мавқеи ҳукмрон ва ё доминантро ишғол намекунанд. Ба иттилои Хадамоти зидди инҳисорӣ ширкатҳои аз ҳама бузурги воридкунадаи гази моеъ дар Тоҷикистон “Фароз» (12,1 фоизи бозорро дар ихтиёр дорад), «Алфа газ», «Газпромнефт Тоҷикистон» ва ширкати “Коир Ко» ҳастанд.

Бо вуҷуди боло рафтани қиммати гази моеъ ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо беш аз 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз гази моеъ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд. Ҳамчунин бисёре аз хонаводаҳо ва ошхонаҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон аз гази моеъ ҳамчун сӯзишворӣ барои пухтани хӯрок ва гарм нигоҳ доштани хонаҳо истифода мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG