Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафт


Дар Тоҷикистон нархи гази моеъ дар ду ҳафтаи охири моҳи январ 60-70 дирам боло рафтааст. Рӯзи чоршанбеи 27-уми январ дар шимоли кишвар як литр гази моеъ ба 3 - 3.20 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар аввали моҳи ҷорӣ арзиши 1 литр гази моеъ 2.5 сомонӣ буд. Тоҷибой Ашуров – мудири шуъбаи роҳ, нақлиёт ва алоқа дар ҳукумати вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ, болоравии нархи гази моеъро “умдатан ба баланд шудани қурби асъори хориҷӣ” рабт дод. Вай гуфт, соҳибкорони тоҷик гази моеъро аз Русияву Қазоқистон бо рубли русӣ ё доллари амрикоӣ харидорӣ ва ворид мекунанд. Ва поин рафтани қурби сомонӣ дар баробари доллар ва рубл, боиси боло рафтани нархи гази моеъ шудааст.

XS
SM
MD
LG