Пайвандҳои дастрасӣ

Газе, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, ба тоҷикон чӣ меорад?


Маҷлиси намояндагон Созишномаи таъсиси ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Co. Ltd“-ро барои сохтани лӯлаи гази Туркманистон-Тоҷикистон-Чинро ба тасвиб расонд.

Тоҷикистон дар ҳоле, ба кишвари транзитӣ ё интиқолдиҳандаи гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин табдил меёбад, ки аксар мардуми ин кишвар дақиқ ёд надорад, бори охир кай дар манзилҳои худ шӯълаи гази табииро фурӯзон дидаанд. Ва доштани гази табиӣ ҳам барои аксар сокинон, мисли оби гарми дастшӯиву лӯлаҳои оби гарми манзил, ба як орзуи дур мубаддал шудааст. Ҳарчанд ин газ барои Тоҷикистон нест, аммо даромад аз транзити он ба гуфтаи мақомоти кишвар метавонад дар эҳёи дубораи ширкати “Тоҷикгаз” ва берун овардани кишвар аз ин бӯҳрон кӯмак кунад.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 9 уми декабр созишномаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати муштараки “Trans-tajik Gas Pipline Co. Ltd”- бар сари сохтмони лӯлаи гази Туркманистон-Тоҷикистон-Чинро ба тасвиб расонд. Ин тарҳ ҳамчунин ду кишвари дигар -- Қирғизистон ва Узбакистонрор низ дар бар мегирад, ки лӯлаи газ бояд қаламоавҳои онҳоро низ убур кунад. Бо оғози кори ширкати муштараки интиқоли гази Туркманистон ба Чин Тоҷикистон дар 35 соли оянда 3,7 миллиард доллар даромад хоҳад гирифт.

Саидмуҳаммад Шамсиддинзода раҳбари ҷамъияти саҳҳомии “Тоҷиктрансгаз” мегӯяд, “Вақте кишвар, кишвари транзитӣ шуд, ин худ як муваффақият аст, чун вобастагии дигар кишварҳо ба Тоҷикистон бештар мешавад ва мо ҳамчунин умед дорем, дар солҳои наздик коркарди конҳои маҳаллӣ шурӯъ мешаваду мо ба интиқоли газ оғоз мекунем.”

Корхонаи "Тоҷикгаз", ки масъули таъмини сокинон ба гази табиист, дар солҳои охир ба камбуди ҷидии газ рӯбарӯст. Қаблан ин корхона гази Узбакистонро мехарид ва ба аҳолӣ ва корхонаҳо мефурӯхт. Аммо Узбакистон аввал интиқоли газ ба Тоҷикистонро маҳдуд ва дар ду соли охир комилан қатъ кард. Ба дархости ҷониби Тоҷикистон барои интиқоли газ дар соли 2015 Узбакистон посухе надод. Ҳамин тавр “Тоҷикгаз” дар талоши "зинда мондан" зиёда аз 200 корманди худро муваққатан ҷавоб дод. Аммо акнун бо шомил шудани ин корхона ба тарҳи муҳими сохтмони хатти интиқоли лӯлаи газ ба Чин метавонад дар ояндаи наздик қомат рост кунад.

Он аз саҳҳомони ҷониби тоҷикистонии ширкати муштараки Тоҷикистону Чин барои сохтмону лӯлаи газ аз Туркманистон ба Чин муайян шуда, аз ин ҳисоб дар муддати 35 сол 2,5 миллиард доллар суд хоҳад дид. Аҳмадбек Идиев муовини раиси “Тоҷикгаз” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аксар муттахассисони онҳо дубора ба кор ҷалб шудаанд. ”Ин тарҳ аз ҳар нигоҳ ба манфиати мост. Аз нигоҳи сиёсӣ ҳам ин тарҳ барои Тоҷикистон дар соҳаи энержӣ як қадами бисёр муҳим аст ва камбуди энержӣ, ки бартараф шуд, маълум аст, ки дигар мушкилоти мо ҳал хоҳад шуд.”

Аммо феълан умеди аслии кормакндони соҳа дар Тоҷикистон ба захираҳои нафту гази маҳаллист, ки 11 ширкати ватаниву хориҷӣ барояш ваъда додааст, аз ҷумла “Газпромнефт” ва "Тетиус Петролиум".

Иқтисодшинос Давлат Усмон ҳам мегӯяд, Тоҷикистон захираҳои хуби газ дорад ва ба тахмини ӯ, бӯҳрони газ дар Тоҷикистон зиёд тӯл нахоҳад кашид ва Узбакистон ҳам дар ояндаи наздик сиёсати худро тағйир хоҳад дод. Дар мавриди созишномаи транзити газ аз Тоҷикистон ба Чин ҷаноби Усмон мегӯяд, дар маҷмӯъ ин шартнома наметавонад, мушкили гази Тоҷикистонро ҳал кунад: “Шартномаҳои транзитӣ дар дунё шартномаҳои муфиданд, агар албатта, дар баробари ин манфиатҳои молӣ дар қарордод омада бошад, ки бар ивази ҳаққи убур Тоҷикистон метавонад газ бигирад, хуб аст, аммо мушкили мо бо ин ҳал намешавад. Ҳоло баъзе ширкатҳои русиву чиноӣ кӯшиш доранд, истихроҷи газро ба роҳ монанд ва шояд ин ҳама Ӯзбакистонро таҳрик диҳад, ки дубора вориди саҳна шавад.”

Аммо тавофуқ сари сохтмони лӯлаи гази Туркманистон - Узбакистон – Тоҷикистон - Қирғизистон - Чин моҳи сентябри соли 2013 дар Бишкек, зимни нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба имзо расида буд. Бино ба иттилои расмӣ, барои бунёди он дар ҳудуди Тоҷикистон бояд 45 нақб ба дарозии 75 километр ва 24 гузаргоҳи зериобӣ сохта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG