Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лайлакпаронӣ - бозии наврӯзии бачагони суғдӣ (ВИДЕО)


Бодбарак ё ба гуфтаи мардуми Суғд “лайлакпаронӣ” дар Хуҷанд ба яке аз бозиҳои бачагонаи наврӯзӣ табдил ёфтааст.

Ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд байни бачаҳо мусобиқаи лайлакпаронӣ баргузор мегардад. Ин аз мусобиқаҳои писандидаи бачагон аст, ки дар он даҳҳо нафар бо лайлак – бодбаракҳои хурду бузурги худ иштирок меварзанд. Дар арафаи Наврӯзи имсола мусобиқаи лайлакпаронӣ рӯзи 18-уми март дар майдони “Хуррамшаҳр”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир гашт.

Бодбаракҳоеро, ки бачаҳо ба осмон сар медоданд, навиштаҳои “Наврӯз муборак” ва нишони миллии дапвлати Тоҷикистон зеб медоданд. Зебоиву рангинӣ, калонӣ, баланду дурпарвозӣ ва муҳимаш – дастисохт будани бодбарак аз шартҳои аслии ин мусобиқа аст.

https://www.youtube.com/watch?v=h7DIcKogFCk&feature=youtu.be



Хуҷанд шояд ягона дар миёни шаҳрҳои Осиёи Миёна аст, ки кӯдаконаш ба лайлакпарронӣ дилбастагӣ ва алоқамандии хосе доранд. Баҳорону тобистон дар осмони маркази вилояти Суғд бодбаракҳои сафеду ранга мисли лайлакҳо дар парвозанд. Фарҳангшиносони тоҷик мегӯянд, бодбарак ё лайлакпаронӣ дар Хуҷанд таърихи қадима дорад ва ин калима дар китобҳои кӯҳани луғат ва таърихномаҳои тоҷикон зикр шудааст.

Фарҳангшиноси тоҷик - Наим Ҳакимов, раҳбари “Маркази фарҳангиву маърифатии Суғд” мегӯяд, аз он бодбаракро дар Хуҷанд “лайлак” меноманд, ки шабоҳате ба ин парандаи хушсурат дорад ва ба бовари мардуми тоҷик, расидану лона гузоштану бача кушодан ва дар парвоз даромадани лайлак нишоне аз файзу баракат ва сафою амн дар соли фарорасида аст.

Наим Ҳакимов мегӯяд, “лайлак ё бодбаракпаронӣ ин рамзи баҳору замони бозиҳои бачагон аст. Вале бисёр бозиҳои миллии тоҷикӣ танҳо барои бозӣ неву ба варзишу обутоби бачагон муд буд. Масалан, чиллак ё аллакбозӣ барои шамшерзанӣ дасти онҳоро рост мекард, лайлакбозӣ барои чаҳидану ба асп савор шудан, бо даҳони баста “зум” – гӯён давидан шуши бачагонро барои дер нафаскашӣ дар оббозӣ машқ медод. Аммо миёни бозиҳо “лайлакпаронӣ” чун бозии баҳору Наврӯз фарқ мекунад ва давраҳои пеш дар арафаи ҷашни Наврӯз ба бодбарак чароғ баста, шабона ба осмон сар медоданд ва замоне, ки ҳавопаймо набуд, ин манзара тамошое дошт.” – афзуд вай.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳакимов, вале замони шӯравӣ мақомот бачаҳоро аз бозиҳои миллӣ бо баҳонаи ба таҳсили онҳо халал расонидан манъ мекарданд: “Вале ҳадафи аслии низоми шӯравӣ аз байн бурдани ҳама гуна нишонаҳои миллӣ, аз ҷумла бозиҳои халқӣ буд ва аз бозиҳо танҳо бозии ҳарбомӯзи “Шафақ – Зарнитса” ташвиқу тарғиб мешуд.”

Бозиҳои халқии бачагона соли 1992, замони истиқлолияти тоҷикон ва чашнгирии умумихалқии Наврӯз ба барномаҳои ҷашнии наврӯзӣ дар Хуҷанд дохил карда шудааст.
XS
SM
MD
LG