Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии дӯстона миёни "Истиқлол"-и Душанбе ва "Шалке-04"-и Олмон дар вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ҷараён гирифт, аммо меҳмонон аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуданд.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Шалке04”-и Олмон (U-23), ки шоми 13 октябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе ҷараён гирифт, бо пирӯзии меҳмонон анҷом ёфт. Бозигарони тоҷик дар вақти асосӣ ба дарвозаи худ як гол сар дода, баъдан ҷавоби онро баргардонданд, аммо аз рӯи силсилаи пеналтӣ “Шалке-04” бо ҳисоби 5-4 ғолиб омад.

Ҳисобро дар вақти асосии дидор, дақиқаи 9-ум, Ҷонас Ниетфелд -- бозигари олмонӣ боз кард ва дар дақиқаи 60-ум Дилшод Восиев ҳисобро баробар сохт.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ҷараёни бозиро мушоҳида мекард, гуфт, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҳудуди 20 ҳазор нафар ҷамъ омада, бештар аз бозигарони “Истиқлол” ҳимоят мекарданд. Ҳарчанд ин бозии дӯстона буд, мегӯяд хабарнигори мо, аммо пешрафти бозигарони тоҷик мухлисонро ба шӯр меовард ва онҳо дастафшонӣ мекарданд.

Ҳайати дастаҳо:

“Истиқлол” (Душанбе): 16. Алишер Тӯйчиев, 4. Эраҷ Раҷабов, 11. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 20. Хуршед Маҳмудов, 8. Нуриддин Давронов, 7. Умедҷон Шарипов, 17. Дилшод Восиев (капитан), 17. Мануэл Бледа Родригес, 14. Дэвид Маутор, 3. Глаубер Да Силва.

Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Никола Стошич, 6. Наим Улмасов, 2. Сиёвуш Асроров, 19. Аҳтам Назаров, 21. Ромиш Ҷалилов, 12. Ҷаҳонгир Эргашев, 22. Комил Саидов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

“Шалке-04” (Олмон): 1. Бернд Шипман, 4. Аксел Боргманн, 3. Моритс Фритс, 16. Дарио Шумахер, 5. Себастян Штарке Хедлунд, 11. Серкан Гокер, 2. Ҷулиан Волф, 13. Флориан Пик, 9. Ҷонас Ниетфелд, 6. Ян Штефан Майер (капитан), 8. Паскал Иттер.

Бозигарони эҳтиётӣ: 12. Милес Никлас Мюллер, 14. Ҷой Ланс Миккелс, 10. Маурис Марсел Мюллер, 7. Неидхарт Нико, 15. Ҷонас Малсам, 17. Фил Неуманн, 25. Бругемеер Леон.

Сармураббӣ: Юрген Лугингер.

Баъд аз анҷоми бозии дӯстона бурди сабукрави "Мерседес-Бенс" аз рӯи билети мухлисон сурат гирифт ва сабукрав насиби Саид Нарзуллоев -- сокини ноҳияи Варзоб гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG