Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши аҳолӣ -- "дарди сар" барои Тоҷикистон?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Паёмадҳои афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон мақомот ва ҳам созмонҳои байналмилалиро нигарон кардааст.

Бино ба гузориши Оҷонси омори Тоҷикистон аҳолии ин кишвар дар даҳ соли ахир беш аз 20 дарсад (1 миллиону 438 ҳазор нафар) афзоиш ёфта, ба 7 миллиону 565 ҳазор нафар расидааст.

Алишер Ашӯров, мутахассиси масоили нуфус (аҳолӣ)-и Созмони Милал мегӯяд, дар ин муддат теъдоди аҳолӣ дар Душанбе - пойтахт 379 ҳазор ва дар деҳот наздики 1 миллиону 59 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Ӯ афзуд, "тибқи маълумот 27 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва 73 фисади дигар дар деҳот ба сар мебаранд. Ҳоло дар пойтахти кишвар 724 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Бояд гуфт, як омили афзоиши нуфуси аҳолӣ дар Тоҷикистон ба он вобаста аст, ки замони Шӯравӣ мизони таваллуд хеле зиёд буд ва ҳоло ҳамин насл дар синни қобили таваллуданд.”

Ҷаноби Ашӯров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир суръати афзоиши аҳолӣ дар кишвар бештар аз ду дарсадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи коршиносон махсусан дар деҳоти Тоҷикистон мизони таваллуд нисбат ба шаҳрҳо зиёд мушоҳида мешавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Ин дар ҳолест, ки аксар мардони деҳот дар муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ, махсусан Русия ба сар мебаранд. Дилором Раҳматова, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ба далели ин ки муҳоҷирати кории мардони тоҷик мавсимист, ин раванд барои зиёд кардани нуфуси аҳолии деҳот монеа эҷод намекунад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, дар рустоҳо волидайн ба таваллуди бештар манфиат доранд, чун аз фарзандони худ ба унвони нерӯи корӣ истифода мекунанд.

Бону Дилором меафзояд, "ҷараёни шаҳришавӣ низ ба мушоҳида мерасад. Яъне, чун дар деҳот аҳолӣ дар пайдо кардани ҷойи кор мушкилӣ мекашанд ва дар он ҷо шуғли аслӣ вобаста ба хоҷагии қишлоқ аст, онҳо рӯ ба шаҳрҳо меоранд. Зеро дар шаҳр имкони дарёфти шуғл бештар аст." Ин ҳамсӯҳбати мо изофа кард, дар сурати ба танзим надаровардани масъалаи таваллуд аз эҳтимол дур нест, ки аҳолии Тоҷикистон ба камбуди шадиди манзил рӯбарӯ шавад.

Иқтисоддонҳои тоҷик ҳам мегӯянд, афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон метавонад боис ба болоравии мизони фақру бекорӣ ва нарасидани замин гардад. Беҳзод Ҷӯраев мегӯяд, агар нуфуси аҳолӣ дар Тоҷикистон зиёд шаваду вазъи иқтисодӣ беҳтар нагардад, ин раванд метавонад ба беназмиҳои иҷтимоӣ сабаб гардад. "Афзоиши аҳолӣ дар навбати худ ба кам шудани миқдори замин ба сари ҳар як нафар оварда мерасонад. Аз ҷониби дигар, агар бо зиёд шудани нерӯи корӣ корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода нашавад, ин омил ба иқтисоди Тоҷикистон паёмади манфӣ хоҳад дошт",-афзуд ӯ.

Ба назари Ҷӯраев, танҳо танзими оила метавонад суръати афзоиши аҳолиро коҳиш диҳад ва кишварро аз паёмадҳои номатлуби он эмин дорад. Ин дар ҳолест, ки бо гузашти 9 сол аз қабули барномаи давлатии Тоҷикистон дар заминаи танзими оила он натиҷаи чашмрасе надоштааст.
XS
SM
MD
LG