Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳафтгона" таҳрими Русияро тамдид мекунад


Нишасти кишварҳои "Ҳафтгона" рӯзи 26 май дар Ҷопон баргузор шуд
Нишасти кишварҳои "Ҳафтгона" рӯзи 26 май дар Ҷопон баргузор шуд

Раҳбарони кишварҳои "Ҳафтгона" тасмим гирифтаанд, то қарордоди Минск пурра иҷро нашавад, таҳримҳои ҷорӣ зидди Русияро бекор нахоҳанд кард.

Раҳбарони кишварҳои "Ҳафтгона" тасмим гирифтаанд, то қарордоди Минск пурра иҷро нашавад, таҳримҳои ҷорӣ зидди Русияро бекор нахоҳанд кард. Кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" розӣ шудаанд таҳримҳои зидди Русия барои нақшаш дар нооромиҳои Украинаро тамдид кунанд. Дар ин бора Дэвид Кэмерон, сарвазири Бритониё дар нишасти хабарие пас аз баргузории ҳамоиши "Ҳафтгонаи бузург" дар Ҷопон изҳороте дод. Дар изҳороти нишаст гуфта шудааст, ки раҳбарони кишварҳои "Ҳафтгона" ғасби ғайриқонунии Қримро маҳкум карда, сиёсати эътироф накардани натиҷаҳои райъпурсӣ барои пайвасташавии ин нимҷазира ба Русияро идома хоҳанд дод. Дар ин бора сӯҳбате дорем бо Андрей Шароградский, шореҳи бахши русии радиои Озодӣ дар Прага:

XS
SM
MD
LG