Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунсифа ба баррасии қатли Гошт пардохт


Маҳмадалӣ Аҳмадов, яке аз чаҳор гумонбари куштори Гошт ва аъзои оилааш ба ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон дар Домодедово боздошт шуда буд
Маҳмадалӣ Аҳмадов, яке аз чаҳор гумонбари куштори Гошт ва аъзои оилааш ба ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон дар Домодедово боздошт шуда буд

Дар шаҳри Самараи Русия мурофиаи додгоҳии муттаҳамони куштори собиқ раиси полиси ноҳияи Сизран Андрей Гошт ва аҳли оилаи ӯ дар ҳузури ҳайати мунсифа шурӯъ шуд. Мурофиа бо иштироки 12 узви ҳайати мунсифаии додгоҳ ва илова 4 нафари иловагӣ ё захиравӣ ҷараён мегирад. Фоҷеа шаби 24 апрел дар деҳаи Ивашевкаи ноҳияи Сизран рух дод. Андрей Гошт ва 5 узви оилаи ӯ, аз ҷумла волидон, ҳамсар, додарарӯс ва як ҷиянашро кушта, ба миқдори 193 ҳазор рубл молро аз хонааш ба яғмо бурдаанд.

Андрей Гошт
Андрей Гошт

Аз рӯи ин қазия чор нафар, аз ҷумла - Орхан Зохрабови 24, Роман Фаталиеви 23, Ислом Бобоеви 24-сола – ҳама шаҳрвандони Озарбойҷон ва Маҳмадалӣ Аҳмадови 23-сола, як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Онҳоро дар куштори шаш нафар, ғорати моликияти хусусӣ ва ҳам талоши куштори як кӯдак айбдор мекунанд. Ҳама гумонбарон дар ҷараёни тафтишот иттиҳомоти воридаро рад кардаанд. Мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин қазия рӯзи 24 октябр шурӯъ шуд, вале баъдан, бо тақозои ду гумонбар, ҳузури ҳайати мунсифа ба додгоҳ тағозо шуд.

Яке аз онҳо Маҳмадалӣ Аҳмадов аст, ки гуфтааст, мехоҳад, ки ин қазияро «мардум қазоват кунанд».

Зимнан, Аҳмадов аз оғоз гуфтааст, ки дар ин қазия тамоман даст надорад ва мехоҳад, ки сарнавиши ӯ мунсифона ҳал шавад. Ӯ рӯзи 4 май дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав баъди бозгашташ аз Душанбе дастгир шуд, вале ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки Аҳмадов ихтиёрӣ ба ин вазорат ҳозир шуда, гуфтааст, дар қатли аъзои хонаводаи Гошт даст надорад ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба Русия бармегардад.

Аммо ду ҳафта баъд аз боздошти Аҳмадов, вазири корҳои дохилаи Русия Владимир Колоколтсев ба ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода барои кумак дар таҳқиқи парвандаи қатли Андрей Гошт медал супурд.

XS
SM
MD
LG